ОСОРХОНАҲО - ОИНАИ ТАЪРИХ ВА МАХЗАНИ ФАРҲАНГ

Дар беш аз 150 мамлакати ҷаҳон 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил мегардад. Қарор дар бораи таҷлили он соли 1977 дар ҷамъомади навбатии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо қабул шуда буд.

Имрӯзҳо сайёҳон баҳри тамошои осорхонаҳои машҳури ҷаҳон мисли Луври Париж, Эрмитажи Санкт-Петербург, Долмабохча ё Топкапеи Истанбул аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон меоянд. Дар чунин музейҳо экспонатҳои таърихиву фарҳангии садсолаву ҳазорсолаҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ки қобили дидану баҳрабардорӣ аст. Дар баъзе осорхонаҳо ашёе ҳифз мешаванд, ки ба таърихи кишвари мо тааллуқ дошта, баргардонидани онҳо ба мамлакатамон имконнопазир аст. Аммо дар пойтахти мамлакатамон ва вилоятҳои он осорхонаҳои зиёде мавҷуданд, ки моро бо таърих, шоҳасарҳои гузашта ошно месозанд.

Осорхонаҳо муассисае маҳсуб мешаванд, ки имрӯз ва гузаштаро бо ҳам пайваста, ҷаҳонбинӣ ва шуури инсонро инкишоф медиҳанд, ба ӯ ғизои маънавиву эстетикӣ мебахшанд. Онҳо ҷиҳати омӯхтани таърих, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои мардум ҷойгоҳи алоҳида доранд. Дар осорхонаҳо асарҳои беназири таърихӣ, фарҳангӣ, ашёи гуногуни давраҳои қадим нигоҳдорӣ мешаванд, ки муайян намудани арзиши онҳо хеле душвор аст.

Музейҳои мамлакатамон аз рӯйи ҳифзи ашё ва аз ҷиҳати мавзӯъ ба музейҳои таърихӣ, кишваршиносӣ, табиатшиносӣ, экологӣ, фарҳангшиносӣ, геологӣ, археологӣ, нақлиётӣ, техникӣ, ҳарбӣ, адабӣ, нигористонҳои фарҳангӣ, инчунин ба хона-музейҳо ва музейҳои кушод тақсим мешаванд.

Дар мамлакати мо нахустин дар Тошкандшаҳр осорхонаи таърих ва дертар осорхонаи табиат кушода шудааст ва пас аз соли 1917 аз рӯйи самтҳои гуногун осорхонаҳое ташкил мешаванд, ки экспозитсияҳои зиёд доштанд. Масалан, тибқи маълумотҳо, соли 1918 дар қасри шоҳзода Н.Романов дар асоси коллексияи мусодирашудаи ӯ Осорхонаи бадеӣ (ҳоло Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон), дертар — соли 1921 Осорхонаи шаҳри кӯҳна ва ғайра таъсис дода шудааст.

Дар натиҷаи омӯхтани таърих, фарҳанг ва корҳои таҳқиқотиву археологӣ осорхонаҳои мамлакати мо ғанӣ ва васеъ гашт. Ҳоло дар саросари мамлакат зиёда аз 110 осорхона фаъолият дошта, маъмултарини он Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон, осорхонаҳои санъат, табиат, таърихи Темуриён, осорхонаҳои таърихиву кишваршиносии Бухорову Самарқанд, Хиваву Қӯқанд, Осорхонаи давлатии санъати Қароқалпоқистон ба номи И. В. Савитский ва ғайраҳо мебошанд.

Ин музейҳо, ки баъзеи онҳо бо экспонатҳои худ дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва кишварҳои хориҷӣ мисли ИМА, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Русия иштирок кардааст, ба хусус барои хонандагон ҷиҳати омӯхтани таърихи кишвар ҷойгоҳи алоҳида дорад. Бо ташаббуси ҳукумати кишварамон барои сайёҳону мактабхонон ба тамошои осорхонаҳо дар Рӯзи байналмилалиии музейҳо ва баъзеашон дар рӯзи муайяни ҳафта бепул рухсат дода мешавад, ки бояд устодону волидон аз ин имконият дар давоми сол пурсамар истифода баранд.

Ҳоло дар осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт ҷойгир аст, корҳои тармиму таҷдид давом дорад. Он маъмултарин осорхонаи қадима дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Нигораҳои он дар бораи таърихи бойи Ӯзбекистон аз асри санг то замони мо маълумот медиҳанд. Хусусан, дар бахши экспонатҳои қадимӣ, аз ҷумла, маснуоти сангин, скелети неандертал, ки ба 70-50 ҳазор сол пеш аз ин тааллуқ дошта, аз ғори Тешиктоши Сурхондарё ёфт шудааст, шавқмандии бинандагонро нисбат ба таърихи диёр меафзояд. Осорхонаи мазкур дар назди Донишкадаи археологияи Академияи илмҳои ҶӮ фаъолият бурда, дар манбаъҳо соли таъсисёбии он 1876 қайд шудааст. Осорхона дорои беш аз 250 ҳазор экспонат мебошад, ки дар натиҷаи корҳои археологиву тадқиқотӣ ба даст оварда шудааст. Ғайр аз ин, дар бахшҳои фарҳанг, тиҷорат, илму фан ва таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ дастнависҳои қадима, ашёи нумизматикӣ (тангаҳои қадимӣ), ёдгориҳои этнографӣ, бозёфтҳову осори бостоншиносӣ, асбобҳои мусиқӣ, инчунин, мероси ғании фарҳангии халқҳоямон нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои мактабхонон пураҳамият аст. 

Осорхонаи дигаре, ки он низ мисли Осорхонаи таърихи Ӯзбекистон дар солҳои 70-80-уми асри XIX ташкил шудааст, Осорхонаи давлатии табиати Ӯзбекистон мебошад. Ин осорхона муассисаи илмиву таълимӣ ба шумор рафта, дар он шуъбаҳои ҳайвоноту наботот, геология-география, илмиву маърифатӣ ва ғайра он фаъолият мебарад. Дар осорхона беш аз 400 ҳазор намунаи олами ҳайвоноту наботот мавҷуд буда, дар бунёди энтомология (фан дар бораи ҳашарот)-и он зиёда аз 300 ҳазор навъи ҳашарот ва дар фонди ботаникаи он гербарийҳо иборат аз ҳазор варақ нигаҳдорӣ мешавад.

***

Аз чунин маълумотҳои мухтасар бармеояд, ки сарфи назар, мо, бахусус фарзандонамон ба кадом соҳаи илм шавқу ҳавас дошта бошанд, имконияти боз ҳам барзиёд гардонидани онро дорем. Бачаҳое, ки фанҳои табииро дӯст медоранд ба осорхонаҳои табиат ва кӯдаконеро, ки ба мошину робот шавқ доранд, ба осорхонаҳои технологӣ бубарем, ки ин ҳам барои ояндаи онҳо ва ҳам барои ҷамъият кори муфид мешавад. Ин барои устодону волидон дастури арзишманд хоҳад буд, зеро соли хониш ба охир мерасаду таътили тобистона оғоз мешавад.

Н. НОДИРОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: