Аз 14 то 17 майи соли ҷорӣ шаҳри Фарғона ба Ҷашнвораи байналмилалии китобхонӣ ва конфронси XVIII байналмилалии «Осиёи Марказӣ – 2025: Интернет ва захираҳои иттилоотию китобхонавӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат» мизбонӣ намуд.
Барои ҳамин кӯчаву хиёбонҳои марказии ин шаҳр қабои нав ба бар карда, барои пазироии меҳмонони зиёди маҳалливу хориҷӣ омода буд.
Меҳмонон, ки аз шоиру нависандагони машҳури мамлакатҳои хориҷӣ, олимони адабиётшинос, эҷодкорон ва шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг иборат буданд, бо тантана ва тибқи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ истиқбол гирифта шуданд.
Расми кушоиши нахустин ҷашнвора дар кӯчаи Каштанзори шаҳри Фарғона баргузор шуд. Ин маросим бо ширкати ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Президент Асадҷон Хоҷаев, директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ Умеда Тешабоева, инчунин меҳмонон аз 12 кишвари ҷаҳон, зиёиён, дӯстдорони китоб ва аҳли ҷомеа баргузор шуд.
Ҳокими вилоят аз ташаббуси Президент баҳри табдил додани халқи мо ба миллати китобхон ёдовар шуд. Вай гуфт, китоб яке аз бузургтарин мӯъҷизаҳои башарият буда, нақши он дар ташаккул ва такомули тафаккури инсонӣ хеле муҳим мебошад.
– Китоб инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, ба инсон маънои аслии зиндагӣ ва роҳи ҳаётро равшан месозад. Ин ҷашнвораи байналмилалии китоб, ки дар вилояти мо бори аввал баргузор мешавад, ҳамасола ба анъана табдил дода хоҳад шуд, – афзуд Х.Бозоров.
Дар рафти чорабинӣ А. Хоҷаев, У. Тешабоева низ суханронӣ намуда, рушди китобхонӣ дар кишварамонро фоли нек арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо ташаббуси дар Фарғона оғоз ёфтани чунин ҷашнвора боиси қадрдонӣ мебошад.
Маросими тантанавиро ифтитоҳи муҷассамаи китобе идома дод, ки дар ҳамин кӯчаи Каштанзор гузошта шудааст. Он рамзи эҳтироми мардуми Фарғона ба китобу маърифат мебошад. Дар доираи ҷашнвора аз ҷониби нашриётҳои пешқадами ҷумҳурӣ, ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ярмаркаҳои китоб ва намоишгоҳҳо ташкил карда шуданд. Меҳмонони хориҷӣ бо ашёи ин намоишгоҳҳо шинос шуда, ба тарғиби китобхонӣ дар вилояти Фарғона баҳои баланд доданд.
Намоиши расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоишгоҳҳои марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва барномаи идонаи санъаткорони вилоят ба меҳмонон таассуроти зиёд бахшид.
Ногуфта намонад, ки имсол дар вилояти Фарғона «Соли китобхонӣ» эълон шудааст ва ин ҷашнвора дар доираи он роҳандозӣ шудааст. Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи китобҳо, вохӯриҳо бо аҳли эҷод, шабҳои шеърхонӣ, тақдимоти китоб, викторина, бозиҳои зеҳнӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ низ басо хотирмон гузашт. Ғайр аз ин, баргузории озмуни эҷодӣ таҳти унвони «Намоишгоҳи китоб – аз нигоҳи рассомон» ва аксияи «Туҳфаи китоб – ба кӯдакон» нуфузи ин ҷашнвораро боз ҳам афзун кард.
Баргузории конфронси XVIII байналмилалии «Осиёи Марказӣ – 2025: Интернет ва захираҳои иттилоотию китобхонавӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат» дар Маркази маънавият ва маърифати Донишгоҳи давлатии Фарғона сурат гирифт. Он олимон, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, китобдорон, кормандони осорхонаҳо ва коршиносонро аз Британияи Кабир, Булғория, Беларус, Олмон, Фаронса, Уммон, Русия, Малайзия ва шаҳри Тошканду соири вилоятҳои ҷумҳурӣ гирдиҳам овард.
– Ин конфронси байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам, таҳияи пешниҳодҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилот минбари муҳим хоҳад буд, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Гуфта шуд, ки дар кишварамон корҳое ба анҷом мерасанд, ки пешрафти соҳаи иттилоотсозӣ ва китобдориро таъмин менамоянд. Пешбинӣ шудааст, ки шумораи хонандагони ҷавон то ба 5 миллион нафар мерасад, дар китобхонаҳо қариб 40 миллион китоб ба рақамӣ гузаронда хоҳанд шуд.
А. Хоҷаев тавзеҳ дод, ки ташкили техникум дар назди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон аз соли таҳсили 2025-2026 ба роҳ монда хоҳад шуд ва бар асоси гранти давлатӣ мутахассисони китобдорро тайёр хоҳад кард. Гуфта шуд, ҳар сол ба то 30 нафар донишҷӯёни боистеъдод, ки дар техникумҳои соҳаи китобхона таҳсил мекунанд, стипендияи ҳавасмандгардонӣ дода мешавад. Барои таҷрибаомӯзии онҳо дар китобхонаҳои пешқадам ва муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар шароит фароҳам оварда мешавад.
– Барои хушбахт шудан китоб бояд хонд. Вай инсонро бомаърифат мекунад. Шахси бомаърифат корҳои носазоро ба худ раво намебинад. Инчунин барои қонеъ кардани эҳтиёҷи маънавӣ низ хондани китоб аз шартҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад. Аммо шахс бояд бо хоҳиши худ машғули китобхонӣ шавад, – таъкид варзид мудири шуъбаи Маркази ахбору китобхонаи шаҳри Қувасой Назокат Иброҳимова.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.