МУЪМИН ҚАНОАТУ ҲАМСАРАШ

Тобистони соли 1951 Муъмин Қаноат аз деҳаи Курговад ба Душанбе омад, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳоноти қабул бомуваффақият гузашт. Дилаш дар кафи ҳаяҷони суруромез метапид. Ӯ – донишҷӯ!

Нигоҳи Муъминшоҳ, дар он даму лаҳзаи барояш саодатнишон, баногоҳ ба рӯйи шаҳридухтаре гиреҳ хӯрд, ки нури хушбахтӣ дар гунааш медурахшид – дар қатори қабулшудагон ному фамилияи вай низ сабт ёфта буд. Матлуба ном дошт он зебодухтар, ки аслан самарқандӣ буда, бо оилааш дар Душанбе мезист. Мактабро бо медали тилло хатм карда буд.

Чун чашми духтар ба чашмаш афтид, ҷавон шарм дошт ва нигоҳ гурезонд. Вале ин ҳолат, дар ҳавлии донишгоҳ, боз такрор ёфт. Муъминшоҳ бо хиҷолат аз дил мегузаронд ин кораш хуб нест. Вале наметавонист нанигарад.

...Баъди гузаштани солҳои зиёд зану шавҳари хушбахт он лаҳзаҳои беғубор ва фаромӯшнопазирро ба ёд оварда, дар алоҳидагӣ, оиди чӣ тавр ба якдигар «дилбаставу вобаста» шуда монданашон нақлҳои ҷолиб намудаанд.

Матлуба: «Ректор бо донишҷӯёни курси аввал вохӯрӣ гузаронд.

Ба роҳбари донишгоҳ менигараму ҳис мекунам нигоҳи ҳамон ҷавони баландқомате, ки дуздида-дуздида нигариста буд, боз ҷониби ман. Ошиқ шуда бошад?»

Муъминшоҳ: «Ба худ мегуфтам нанигарам. Вале нигоҳам, беихтиёр, ҷониби ӯ тоб мехӯрд. Бешубҳа, дил бохта будам».

Матлуба: «Ҷавон дар гурӯҳи филологҳо, ман дар гурӯҳи тарҷумонҳо, ба таҳсил оғоз намудем. Бо салом ва пурсупоси кӯтоҳи муқаррарӣ аз ҳамдигар дур мешудем. Ҳис мекардам дар дил гуфтании зиёд дорад, вале нохост дучор оем, зуд роҳашро дигар менамуд.

Муъминшоҳ бо шармгинӣ ва бамулоҳизагиаш низ ба дилам ҷо мегашт. Шавқи дидор дар дилам ҷӯш занад ҳам, ман низ худро аз ӯ мегурезондам. Ин ҳолат то ба курси чаҳорум давом кард».

Муъминшоҳ: «Мулоқоти аввали мо дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ба вуқӯъ пайваст – ниҳоят ба дил кушодан ҷуръат кардам. Аён буд Матлуба низ нисбати ман бефарқ нест».

Матлуба: «Муъминшоҳ номаҳо менавишт. Дугонаам Саноат, ки аз розҳоямон огоҳ буд, миёнравӣ мекард».

Муъминшоҳ: «Акнун дар китобхона паҳлӯи ҳам менишастем».

Матлуба: «Дар хиёбонҳои шаҳр ҳамроҳ гардиш мекардем. Вай шеър мехонд, ман гӯш мекардам. Шунида будам аз солҳои мактабхонӣ шеър менависад ва ба Боқӣ Раҳимзода мефиристад. Вай рӯзе шеъри ба ман бахшидаашро низ хонд:

Мӯй дар пешонии чун коғазаш,

Бо назокатҳо хати зар мекашад.

Шарм дар рухсораҳои нарми ӯ

Ҳар замон ранги гули тар мекашад.

Баъдтар ин шеър бо унвони «Ҳусн» дар рӯзномае чоп шуд».

Муъминшоҳ: «Ҳар шом то дари кӯчааш гусел мекардам. Вале ин ҳолат дер давом накард. «Дигар гусел накунед будааст, гуфт Матлуба, додом манъ карданд». Падараш Фаттоҳ Раҳматуллоев як вақтҳо сардори милитсияи шаҳр дар Самарқанд буда, соли 1931 ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Онҳо муқими Душанбе бошанд ҳам, самарқандӣ будани худро зуд-зуд ёдрас менамуданд. Одами ҷиддӣ буд Фаттоҳака. Балки ба бачаи курговадӣ духтар доданӣ нест? Чанд рӯз дар банди хаёл будам...»

Матлуба: «То ҷангалсар хостгор гусел накунад, туро гусел накунад, – гуфтанд падарам. Инро ба Муъминшоҳ расондам».

Муъминшоҳ: «Азбаски мӯйсари ғӯливу ҷангалӣ доштам, волидонаш маро ҷангалсар мегуфтаанд. Хайрият, гузашт аз дилам ва гуфтам киро фиристам? Овозхони маъруф Акашариф Ҷӯраев, муаллими донишгоҳ Бухоризода ва раиси «Тоҷикматлубот» Муҳаббатов ба хостгорӣ рафтанд».

***   

Ба мурод расиданд ва бештар аз 60 сол ба як болин сар ниҳоданд, ҳамдард, ҳамроз ва ҳамсафари зиндагӣ гаштанд.

Мегӯянд «Сурӯши Сталинград» нисфи умри Муъмин Қаноатро гирифт.

Вале кам касон хабар доранд, ки баробари соҳиби сар дар офарида шудани ин достон Матлубахонум ҳам чӣ қадар изтироб кашид.

Шоир барои ғун кардани мавод яксола рухсатӣ гирифт ва ба Волгоград сафар намуд. Матлуба Қаноат (Раҳматуллоева) нақл карда буд «он кас ҷавон баромада рафта, аз он сӯ бо мӯйсари мошубиринҷ баргаштанд».

Мисле тамоми изтироб ва шиканҷаҳои ҷангдидаву шаҳидшудагонро дар дил ҷо дода буд шоири тоҷик. Ба Матлубахонум ҳам, ки инро бо тамоми вуҷуд, бо дилу ҷигари тагорӯ ҳис мекард, осон набуд. Баробари шавҳар, навъе ишора шуд, ӯ ҳам дард мекашид, ранҷ мебурд. Ӯ ҳам хуни дил хӯрда, баробари шавҳар, мисле ҷангнома менавишт.  Ба ёд меовард: «Шабҳо сар ба зонуи ман ниҳода, бо шӯру ҳаяҷон, аз «Сурӯши Сталинград» порчаҳо мехонданд. Ончунон бо эҳсос! Кас гумон мекард ҳамин ҳоло гиря мекунанд. Баъзан мегиристанд. Ман ҳам мегиристам...»

***

«Баъди вафоти Турсунзода то дер ба худ наомаданд, нақл карда буд Матлубахонум, як моҳ телевизор нагузоштем... Ба Лоиқ меҳри бепоён доштанд, ҳамасола 20 май ҷамъ мешудем. Дар зодрӯзи Муъминшоҳу Лоиқ хурсандӣ мекардем».

***   

Солҳое дар «Занони Тоҷикистон» кор мекард, Матлуба Қаноат ҳикояву мақолаҳо менавишт. Баъд 35 сол чизе нанавишт, то дар хона ба эҷоди соҳиби сараш шароити мусоидтар фароҳам созад. Танҳо пеш аз вафоташ бо хоҳиши фарзандон чанд коғаз сиёҳ кард. Ёддошт (хотира) бо қалами Матлубахонум аз рӯзи аввали дидори ӯ бо Муъмин Қаноат оғоз меёбад.

***   

Муъмин Қаноат рӯзҳое, ки бемории вазнинро аз сар мегузаронд ва наздик омадани маргро ҳис менамуд, васият кард «қабри маро баланду бадвоҳима насозед».

Ба ҳамсараш мегуфт: «Илоҷаш бошад шумо гӯед, маро на ба мазори Лучоб, ба ягон мазори одӣ ва наздик баранд, то зиёрати шумо осон кӯчад. Ба Лучоб гӯронанд, кӣ шуморо то он ҷо ба мошин мебарад?»

***

Устод Муъмин Қаноат 20 январи соли 2018 дар синни 86 аз олам гузашт. Бо иззату икром дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд, дар паҳлӯи Бозор Собир.  

Матлуба Қаноат ҳам, ки баъди он парандаи як болаш шикастаро мемонд, 16 октябри соли 2021 бар асари бемории дил зиндагиро падруд гуфт.

Чароғи хонадони ҷуфти зиндаёдро фарзандонашон Далер, Парвин, Ширин ва набераю абераҳои зиёд фурӯзон медоранд.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: