НОМАҲОИ УМЕДУ НОУМЕДӢ

Ё қиссаи модаре, ки то нафаси охир роҳи писарашро интизор буд

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,

Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод!
Лоиқ Шералӣ

9 майи соли ҷорӣ ба Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 80 соли расо пур шуд. Ғалабае, ки дар бадали ҷони милёнҳо ҷавонон, талафоти бағоят гарону гӯшношуниди ҷонию молӣ ба даст омадааст.

Яке аз шаҳидони гулгункафани он Фатҳулло Шарифи деҳбодомӣ буд, ки охирҳои соли 1938 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, аз рӯзҳои аввали ҷанг ба хати пеши фронт сафарбар мегардад. Мувофиқи маълумоте, ки комиссариати ҳарбии ноҳияи Сариосиёи ҳоло вилояти Сурхондарё ба модари Фатҳулло – Муродбибӣ Шарифова тақдим кардааст, ӯ моҳи декабри соли 1941 беному нишон гум шудааст. Аммо модари зор, тавре наздиконаш шаҳодат медиҳанд, ба ин ва дигар маълумотҳое, ки солҳои баъдӣ дар ҷавоби пурсишҳо оид ба Фатҳуллои Шариф аз бойгониҳои марказии ҳарбӣ омаданд, ҳаргиз бовар намекард. Мегуфт, ки ягона писари ноздонааш зинда аст, ӯ албатта, рӯзе меояд. Ба умеди он ки омадани писарашро, пеш аз ҳама, худаш бубинад, ҳар замон дами дарвоза баромада менишаст, аз ояндагону равандагон мепурсид, ки оё Фатҳуллои ӯро надидаанд?

Додарзодаи Фатҳулло – акаи Раҳмонқул Шарифов, ки номаҳои аз хидмати аскарӣ ва баъдтар аз майдони ҷанг фиристодаи амаки худро имрӯз пас аз сари падар боэҳтиёт ҳифз карда меояд, бо оби дида ҳикоя кард, ки бибиаш то дами марг (баҳори соли 1974) писарашро интизор буд. Дар лаҳзаҳои охир низ гоҳ баҳушу гоҳ беҳуш исми Фатҳуллоро ба забон меовард, мепурсид, ки ӯ омад ё не? Кампири ҳамсоя аз амаки Худойқулам хоҳиш намуд, ки шумо ҷомаи Фатҳуллоро ба бар карда, назди модар равед ва гӯед, ки «Модарҷон, ман омадам...»

Амакам ноилоҷ ҳамин тавр карданд, лаҳзае чеҳраи модар шукуфту сипас якбора ором шуданд...

Имрӯз пас аз гузашти бештар аз ҳаштод сол ба ин номаҳо, ки зарду фарсуда гаштаву баъзан хондани онҳо душвор аст, менигараму мебинам, ки дар ҳар сатри онҳо чӣ қадар умеду орзу, дарду армон, меҳру муҳаббат нуҳуфтааст. Номаҳо ҷамъ дувоздаҳ адад буда, якҷо дар лифофа (конверт)-ҳои аҷиби хурдҳаҷм (9,5 см х 13,5 см) нигаҳдорӣ шудаанд. Аз адреси пушти онҳо маълум мешавад, ки он замон ҳанӯз вилояти Сурхондарё ташкил нашуда будааст (таърихи таъсиси вилоят 6-уми марти соли 1941 аст) ва ноҳияи Сариосиё якҷо бо дигар навоҳии вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарё тобеи вилояти Бухоро будааст...

Ҳашт нома, ки то сар шудани ҷанг аз таърихи 10-уми июни соли 1940 то 22-юми майи соли 1941 навишта шудаанд, бо хати нисбатан зебову хоно, бо ручкаи рангӣ (перо) китобат гардидаанд. Ҳар кадоми онҳо аз ду варақ (чор саҳифа) иборат буда, дар онҳо Фатҳулло батафсил ҳаёти аскарии худро, ки дар шаҳрҳои Тираспол ва Бендери Молдавия гузаштааст, тасвир карда мегӯяд, ки ба чизе ниёз надорад ва дар ояндаи наздик пас аз адои хидмат ба дидор хоҳанд расид. Ҳамаи ин мактубҳо «Саломнома» унвон доранд ва бо хати лотиниасоси тоҷикӣ бо шеваи мардуми Деҳбодом иншо гардидаанд. Чунончӣ, як номаи ӯро, ки 7-уми августи соли 1940 навишта шудаву саршор аз умеду орзуҳост, бетаҳрир, вале ихтисоран ин ҷо меоварем (шарҳи дохили қавсайн аз мост):

«Саломнома

Дигар номаҳои ӯ низ, ки то сар шудани ҷанг навишта шудаанд, тақрибан чунин мазмун доранд, яъне арзи салому эҳтиром ба наздикон, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо, ки мабодо аз ҷиҳати моддӣ азоб накашида истода бошанд ва монанди инҳо.

Фатҳулло дар номаи дигари худ, ки 22-юми майи соли 1941, яъне як моҳ қабл аз сар шудани ҷанг навиштааст, баъд аз ҳолпурсӣ ва изҳори хушнудӣ аз он ки ба наздикӣ, яъне пас аз чор моҳи дигар муҳлати хидматаш ба охир мерасаду ба ватан хоҳад баргашт, ба ин муносибат аз падару модараш хоҳиш мекунад, ки: «...агар пул ёфта ройӣ кардан тонетон, ба ман ягон 100 сум пул ройӣ кунетон, неки агар аз хутотон набарояд, ройӣ накунетон...» ва поинтар мегӯяд, ки ҳоло не, ду моҳ пас фиристанд, ки «...вахти рафтанам пул даркор мешавад».

Аммо, мутаассифона, ин хурсандии Фатҳулло ва наздикони ӯ дер давом накард. Пас аз як моҳ ҷанги хонумонсӯз сар шуду қисми онҳоро аз аввалинҳо шуда ба фронт фиристоданд. Ӯ 23-юми июни соли 1941 (як рӯз пас аз сар шудани ҷанг) ба падар нома менависад, аммо ин нома мисли номаҳои пештара нест, бо қалам ва маълум, ки хеле шитобкорона навишта шудааст, аз ҷумла мегӯяд, ки: «...ҳеҷ хафа нашаветон, ҳар чӣ бошад, аз ман розӣ мешаветон...»

Дар мактуби дигар, ки моҳи июли соли 1941 навиштааст (азбаски бо қалам навишта ва коғаз хеле зарду фарсуда шудааст, бисёр ҷойҳои онро хонда намешавад, таърихи рӯз ҳам наменамояд), мегӯяд, ки: «...ман аз шумоён гила надорам, неки аз ман розӣ шаветон, додоҷон ва ҳам очаҷон, тақдирамон ҳамин будай ки ба шумоён як коса об додан натавонистам...» Номаи дигарро, ки он ҳам зоҳиран моҳи июли соли 1941 навишта шудааст, бе оби чашм хонда намешавад: «...ҳар чӣ бошад, шумоён хафа нашаветон, мана тақдирам ҳамин будай, чико  кунам, Худоҷонам танама сиҳат нигоҳ дорад агар, дидори якдигара мебинем...» ва дар идома ба додари он замон сездаҳсолааш Маҳмадқул муроҷиат карда мегӯяд: «...Маҳмадқулҷон, додою очара напарто (модари худашро дар назар дорад, додаронаш Маҳмадқул ва Худойқул аз дигар модар буданд), ҳеҷ хафа нашав...»

Ин буд чанд пора аз рӯзгори дар номаҳо аксёфтаи як тан аз ҷавонони нокому ба қавле «аз сад гул як гулаш нашукуфта» Фатҳуллои Шариф, ки дар бистудусолагӣ ба боди фано рафт ва доғе носутурданӣ дар дили модари муштипар, падари солхӯрда ва дигар пайвандон гузошт...

Турдиқул ҲАСРАТОВ,

директори мактаби рақами 83-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: