БА МАРДУМ КАЙФИЯТИ ХУШ БАХШИДАНД

Як гурӯҳ устодону шогирдони санъати аския ва ҳунари ширинкорӣ дар Қасри театр-консерти вилоятии Фарғона маҳфили хушу гуворои ханда барпо намуданд.

Маҳфил аз тарафи ҳокимияти вилоят дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Маркази ҷумҳуриявии «Аския ва ҳунарҳои шавқангез» роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии завқбахш ноиби аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Баҳодир Аҳмедов ва ноиби ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмедов суханронӣ карданд. Ҳадаф аз роҳандозии чунин маҳфил ва иштироки санъаткорон, ширинкорон ва аскиячиёни маъруф баланд бардоштани кайфияти оммаи васеъ мебошад.

Ҳунарнамоии ҳаҷвнигорону ширинкорони маъруф ва гурӯҳи аскиячиён таҳти роҳбарии Ҳотамҷон Ҳакимҷонов ба тамошобинон шодиву сурур бахшиданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: