Боиси шодмонист, ки маҳз бо дастгирии Ӯзбекистон имрӯз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, дар ҷамъияти демокративу ҳуҳуқбунёд таҳсилу фаъолият доранд. Ҷавонон сармоя ва муҳимтарин нерӯи миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерӯ ба хубӣ парвариш ва таълим дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он кишвар бошад.
Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Ӯзбекистон мебошанд. Сарвари давлатамон дар ин хусус гуфта буд, ки “Мақсади мо он аст, ки ҷавонони Ӯзбекистони Нав ҳамчун шахсиятҳои баркамоли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури созанда, ки омодаанд барои тақдири Ватан масъулиятро ба зимма гиранд, ба воя расанд”.
Дар Ӯзбекистон системаи пайвастаи таълим ва тарбия ташаккул ёфтааст, ки ба ҷавонон имкон медиҳад, ба ҷаҳони тамаддуни иттилоотӣ ворид шаванд, аз дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир барои гирифтани дониш истифода баранд ва дар ин замони нав барои рушди шахсияти худӣ имкониятҳои объективӣ пайдо кунанд.
Дар ҳамин ҳол, тайи даҳ соли охир муносибат ба сиёсати ҷавонон ба таври куллӣ тағйир ёфт. Дар кишвар системаи идоракунии амалиёт бо ҷавонон ҷорӣ шудааст. Ислоҳот марбут ба тарбияи ҷавонон ба таври системавӣ ва марҳилавӣ амалӣ шуда, бо дигар соҳаҳои ҷамъият пайванди ногусастанӣ дорад. Ислоҳот аллакай самар ва натиҷаҳои хуб дода истодаанд.
Аббос Қурбонов хатмкунандаи мактаби ҳамагонии рақами 29-уми ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарё мебошад. Падараш Азизмурод хизматчии ширкат буда, модараш Орзугул хонанишин аст. Корномае, ки Аббос нишон дод, аҳли ширкат ва пайвандонро ба ваҷд овард. Ӯ баробари забони модарӣ, забони давлатӣ ва англисиро хуб балад аст. Ҳамеша дар омӯзиш ва ҷустуҷӯ мебошад. Бо ҳамин хусусияташ аз баъзе ҳамсабақон фарқ мекунад. Ҷавонест камгап, вале худшиносу худогоҳ. Бо техникаву технологияи замон хуб ошноӣ дорад ва ҳар як лаҳзаи вақтро ғанимат медонад.
– Аббос аз пайи бобояш рафтааст, – мегӯяд падараш Азизмурод. – Падарам Қурбонбой омӯзгори фанни кимиё буданд. Дар мактаби деҳа обрӯву эътибори хосса доштанд. Имрӯз даҳҳо нафар шогирдонашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъол меҳнат мекунанд. Чанд нафари онҳо дар мактабҳо аз фанни кимиё ба толибилмон сабақ медиҳанд.
Ин буд, ки Аббос дар ин самт қадамҳои нахустини устувор гузошт. Ӯ дар соли 2025 аз имтиҳони САТ (тести академии байналхалқӣ) 1410 хол ба даст оварда, тариқи грант донишҷӯйи даҳ донишгоҳи пешқадами ҷаҳон гардид.
Бешубҳа, ҷавонони Ӯзбекистон дорои потенсиали бузург дошта, ҳадафмандӣ ва дониш, нерӯи эҷодии онҳо ба омили калидӣ дар расидан ба рушди устувори Ӯзбекистон табдил меёбанд. Тавре Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намудааст: “Мо тамоми қувва ва имкониятҳои давлат ва ҷомеаи худро сафарбар мекунем, то ҷавонони мо дорои тафаккури мустақил, потенсиали баланди зеҳнӣ ва маънавӣ бошанд, дар ҳеҷ соҳа аз ҳамсолони худ дар кишварҳо қафо намонанд, хушбахт ва ба ояндаи худ итминон дошта бошанд”. Кош ҳама ҷавонони мо аз ин имкониятҳо чун Аббос истифода баранд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори “Овози тоҷик”.