Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 май бо даъвати Сарвазири Венгрия Виктор Орбан бо сафари расмӣ ба ин мамлакат рафт.
Дар доираи ташриф дар шаҳри Будапешт баргузории музокироти сатҳи баланд, вохӯриҳо бо шахсони расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешрафтаи Венгрия дар назар аст.
Дар рӯзнома масъалаҳои муҳими тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва шарикии стратегии байни ду мамлакат ҷой дода шудааст.
Роҳбари Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ низ ширкат хоҳад кард.