ОХИРИН МАКТУБИ ПАДАР

Зиндагӣ. Умри равон. Ҳар лаҳзаи ҳаёт. Оё ба қадри он мерасем? Гузарону бебозгашт будани онро медонем?

Давлати ноёб ҳастед, эй падар,

Дастури одоб ҳастед, эй падар.

Ҷонибеки Қувноқ

Зиндагӣ. Умри равон. Ҳар лаҳзаи ҳаёт. Оё ба қадри он мерасем? Гузарону бебозгашт будани онро медонем?

Падар. Модар. Ёру бародар. Онҳо чун ҳар нафаси зиндагӣ ба мо азизанд. Оё медонем, ки дар зиндагии фонӣ «ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст?..»

Падарам омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буданд. Аввалин устоди ман низ – падарам. Хондану навиштанро аз падар омӯхтам. Машқи шеърро низ. Бо кумаки падар дар ҳафтсолагӣ аввалин шеърам бо номи «Харгӯшак» дар моҳномаи «Машъал» соли 1968 чоп шуда буд:

Харгӯшаки хушрӯяк,

Харгӯшаки сермӯяк.

Давон биё ба пешам,

Об хӯр аз лаби ҷӯяк.

Соли 1978. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардам. Бо даъвати ҳамдеҳаам Қироншоҳи Шарифзода (донишҷӯйи курси сеюми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд) падарам маро ба шаҳри Душанбе бурданд.

Ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супоридам. Имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супорида, донишҷӯйи ин донишгоҳ гардидам. Ба деҳа омадам. Падарам хурсандона пешвоз гирифтанд.

Моҳи сентябр айёми донишҷӯйи сар шуд. Ҳар моҳ падарам мактуб менавиштанд. Хондану натиҷаи имтиҳонҳоро мепурсиданд.

Моҳи майи соли 1981. Аз хона хабар омад, ки падарам бемор шуда, дар беморхонаи вилоятии Ҷиззах хобидаанд.

Аз декани факултет Маҳмуд Давлатов (ёдашон ба хайр!) ҷавоб гирифта, 4 май ба Ҷиззах расидам. Ба беморхона даромада, падарамро дидам. Суҳбат кардем. Ман намедонистам, ки ин охирин дидори мост.

Ба Душанбе баргаштам. Баъди як ҳафта аз падарам мактуб омад. Гирифта хондам. Падарам маро панду насиҳат карда, дар охири мактуб «писарам хон, соҳиби касби пуршараф шуда, ба Ватан хизмат кун!» навиштаанд. Ман намедонистам, ки ин охирин мактуби падарам аст.

17 майи соли 1981. Хаткашони маҳаллаи Зафари шаҳри Душанбе нохост барқияе овард. Гирифта хондам. Дар он чунин навишта шуда буд: «Зуд биё, падарат вафот карданд!..» Вуҷудамро ҳолате фаро гирифт, ки ба баёнаш сухан оҷиз...

Чунин ҳолатро танҳо дар филмҳо медидам, аз китобҳо мехондам. Ҳеҷ бовариам намеомад. Вале он чӣ тавр дар бистсолагӣ ба сарам омад, намедонам. Доимо дар ёдам мемонад, ки бо падар хурсанд будам, бо ӯ сари баланд доштам ва аз муаллимии ӯ фахр мекардам. Дар дил чӣ орзуҳо мепарваридам бо номи ӯ.

Вале ҳайҳот...

Қиблагоҳам Ҳасанбой Эргашев баъди хатми омӯзишгоҳ ва донишкада то охири умр дар мактаб омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буданд. Садҳо шогирдонро таълиму тарбия додаанд. Беҳтарин шогирдони падарам шоир, тарҷумон, журналист Ҷонибеки Қувноқ, директори мактаби тоҷикии ноҳияи Пахтаарали вилояти Чимкент (Қазоқистон) Халосбой Товбоев, собиқ директори хоҷагии «Фориш»-и ноҳияи Фориш шодравон Аҳмад Ибодов, журналист ва омӯзгори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода, барандаи озмун-азназаргузарнии миллии ҷумҳуриявии «Бонуи сол», омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 26-уми шаҳри Ҷиззах Рӯзигул Орзуқулова, мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик», омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Мирзочӯл Раҳимшоҳи Шарифзода мебошанд.

Торафт ҳаётро сарфаҳм мераваму ғамҳоям афзун мегарданд. Торафт бештар ҳис мекунам, ки бепадар будан чӣ мушкилиҳо дорад. Падар офтобе будааст, ки зиндагиамонро нури гармӣ мебахшидааст. Ҳар сухану ҳар як кораш барои мо мушкилкушое будааст. Имрӯз ҳам панду насиҳат, васиятҳои вай маро роҳи зиндагӣ нишон медиҳад. Шоир барҳақ фармудааст:

Умри одамро, ки мегӯянд як дам будааст,

Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст.

Гарчи дилро мекунад ғам сахт бемору хароб,

Чорасози ҷони беғам боз ҳам ғам будааст.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: