САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ВЕНГРИЯ ОҒОЗ ШУД

Бо даъвати Сарвазири Венгрия Виктор Орбан Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи ҳамсараш бо сафари расмӣ вориди Будапешт шуд.

Роҳбари Ӯзбекистонро дар назди ҳавопаймо вазири рушди иқтисодии Венгрия Мартон Над ва дигар ашхоси расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар аэропорти байналмилалии ба номи Ференс Лист ба шарафи меҳмони олимақом парчамҳои давлатии ду кишвар афрохта шуда, қаровули фахрӣ саф оростанд.

Тибқи барномаи сафар, 20 май музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Венгрия баргузор мешавад.

Сарвари давлатамон бо шахсони расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Венгрия низ мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Президенти Ӯзбекистон 21 май дар нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар пойтахти Венгрия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: