АНЪАНАҲО ИДОМА МЕЁБАНД...

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоиши шахсии кулоли маъруф, давомдиҳандаи мактаби кулолии Ғурумсаройи вилояти Намангон Ваҳҳобҷон Буваев бо номи «Идомаи анъанаҳо» кушода шуд.

Дар намоишгоҳ наздик ба 300 намунаи ҳунари кулолии усто ҷой гирифтааст. В. Буваев шогирди кулоли машҳури ғурумсаройӣ Мақсудалӣ Туробоев мебошад.

Дар намоишгоҳи имрӯза дар баробари зарфҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи рӯзгор истифода мешаванд, аз ҷумла табақ, коса, кӯза, гулдон, кӯзаи дудаста, пиёла, шамъдон, ҳамчунин навъҳои гуногуни ҳуштак намоиш дода мешаванд.

Усто дар баробари давом додани анъанаҳои Ғурумсарой таркибу шакли асарҳои худро такмил дода, ба ҷиҳатҳои хоси ҳар як маҳсули меҳнаташ эътибори махсус медиҳад.

Эҷодкор соли 1969 дар Ғурумсарой таваллуд шудааст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Намангон, дар факултети санъати тасвирӣ таҳсил гирифтааст.

Дар ноҳияи Риштон дар доираи Форуми байналмилалии кулолон ӯ дар номинатсияи «Кулоле, ки анъанаҳои бостониро эҳё намудааст» сазовори ҷойи якум гардидааст. Буваев узви Иттифоқи ҳунармандони бадеии Ӯзбекистон мебошад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: