Президент аз нақшаҳои густариши фаъолияти «OTP Bank Group» дар Ӯзбекистон истиқбол кард

Дар доираи барномаи кори сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси шӯрои директорони «OTP Bank Group» Шандор Чанӣ мулоқот анҷом дод.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки фаъолияти бонки мазкур аз соли 2023 дар бозори бонкию молиявии кишварамон босуръат рушд ёфта истодааст.

Сарвари давлатамон оид ба рушди қарздиҳии автомобилӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои соҳибкорӣ барномаҳои муштаракро истиқбол намуд.

Ҳамзамон муҳимияти ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи бузург оид ба таъсиси кластери парандапарварӣ таъкид гардид.

Пешбурд ва дастгирии лоиҳаҳои ширкатҳои венгерӣ дар парки саноатии вилояти Тошканд ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: