Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъомади васеи Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он ба ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов унвони доктори фахрии донишгоҳи мазкур супорида шуд.
Дар ибтидо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба сухан баромада, таъкид намуд, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, ки дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамкорӣ нақши калидӣ доранд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ дар бораи заминаҳои устувори ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва нақши муассир ва созандаи ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор Рустам Холмуродов дар таҳкими ин муносибатҳо суханронӣ намуд. Таъкид кард, ки шахсияти донишманд ва роҳбари ботаҷриба Рустам Иброгимович дар рушди равобити муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Дар идома муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор С.Сафармамадзода иброз дошт, ки профессор Рустам Холмуродов дорои таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва илмӣ мебошад. Ӯ дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла, декани факултети сохтмонии Институти давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд, муовини ректор оид ба корҳои илмии ҳамон муассиса, ректори Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд, муовини якуми вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус, ҳокими вилояти Самарқанд буд ва айни замон ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов мебошад.
Сипас, профессор Рустам Холмуродов бо унвони ифтихории «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Э. Насриддинзода зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус қайд кард, ки доктори фахрии донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар ҷаласаҳои Шурои олимони боргоҳи таълимӣ иштирок намояд, дар донишгоҳ лексияҳо хонад ва тадқиқоти илмӣ гузаронад, инчунин, дар конференсия, симпозиум ва хонишҳои илмӣ ширкат варзад.
– Сарфароз гардидан ба унвони ифтихории «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бароям, пеш аз ҳама, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои баланди илм, маориф ва таълиму тарбия мебошад, – иброз дошт Р.Холмуродов дар суханронии худ. – Барои чунин қадршиносӣ ва истиқболи гарму самимӣ миннатдории худро ба роҳбарият ва ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯёни донишгоҳ иброз менамоям.
Иштирокдорони чорабинӣ аз намоишгоҳи донишгоҳ боздид намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра иборат буд.
Ҷамъомади васеи Шурои олимони донишгоҳ бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва баргузории барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ҷамъбаст гардид, хабар додааст Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.