ДАР БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ВЕНГРИЯ ШАРИКИИ ГУСТУРДАИ СТРАТЕГӢ БАРҚАРОР ГАРДИД

Дар анҷоми музокироте, ки дар Шаҳри Будапешт гузаронида шуд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан Эъломияи муштаракро дар бораи барқарор кардани муносибатҳои шарикии густурдаи стратегӣ ба имзо расониданд.

Ҳамчунин, дар ҳузури раҳбарон як қатор санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи истирдод, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, тавофуқҳои байниидоравӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии офатҳои табиӣ, илму фан ва инноватсия,  дар бахши атоми сулҳ иваз карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: