ШАҲРВАНДОН АЗ МУОИНАИ АМИҚИ ТИББӢ ГУЗАРОНИДА ШУДАНД

Дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ таҳти шиори «Меҳри мо барои ин Ватан, барои ин халқ аст!» маъракаи «Моҳонаи солимгардонӣ» гузаронда мешавад.

Дар доираи ин моҳона бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Ҷалакудуқи вилояти Андиҷон ва ҳамкории Иттиҳодияи тиббии ноҳия, барои шаҳрвандоне, ки ба муҳофизати иҷтимоӣ ниёз доранд ва дар феҳристи миллии камбизоатон сабт шудаанд, муоинаи тиббии амиқ ва ройгон ташкил гардид.

муоина дар коллеҷи педагогии Чалақудуқ баргузор шуда, ҳадафи он ташхиси барвақтии бемориҳо, пешгирии он ва чораҳои солимгардонӣ буд. Дар ҷараёни он санҷишҳои скринингӣ низ анҷом дода шуданд.

Табибони ботаҷриба аз муассисаҳои табобатии вилоят, марказҳои тиббии махсусгардонидашуда ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба ин чорабинӣ ҷалб гардиданд. Саломатии шаҳрвандон тавассути дастгоҳҳои УЗИ, ЭКГ, фюлография ва озмоишҳои лабораторӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар натиҷаи муоина, барои гурӯҳе аз шахсоне, ки  ба бемориҳои гуногун мубтало буданд, роҳҳатҳо барои муолиҷа дар муассисаҳои тиббӣ, машваратҳо ва тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.

– Ман бо ташхиси хурӯҷи модарзодии буғуми косу рон муолиҷа мегирам, – мегӯяд маъюби гурӯҳи 3-юми сокини кӯчаи Шерободи маҳаллаи Қорағул Шавкатбек Зокиров. – Баъд аз муоинаи амиқ, тибқи тавсияи травматолог ба ман роҳхат барои муолиҷаи бемористони дар Иттиҳодияи тиббии ноҳия дода шуд.

Илова бар ин, дар ҷараёни муоина оид ба тарзи ҳаёти солим, тановули ғизои дуруст, зарари истеъмоли зиёди намак ва шакар, инчунин роҳҳои пешгирии бемории қанд суҳбат ва мулоқотҳо гузаронида шуданд. Ҳамчунин, «Майдони саломатӣ» ва «Ярмаркаи ғизои солим» ташкил гардиданд. Машғулиятҳои амалӣ оид ба тарзи дурусти ғизогирӣ ва риояи усули солими зиндагӣ гузаронида шуда, маводи иттилоотӣ ва буклетҳо паҳн гардиданд.

Муоинаи тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳи саломатӣ ва баланд бардоштани саводи тиббии намояндагони оилаҳои ниёзманд, маъюб ва камбизоат хидмат намуд.

Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ,

мухбири ӮзА.

Суратгир: З. Умурзоқов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: