Солҳои охир низоми таълими Ӯзбекистон дар роҳи мутобиқшавӣ ба талаботи ҷаҳони муосир нав гардида, такмил меёбад. Дар ин раванд, ба дараҷаи назаррас зиёд гардидани маблағгузорӣ ба соҳаи таълим нақши муҳим мебозад.
Дар ҳақиқат, дар ҳафт соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи таълим ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ба шарофати ин, дар мактабҳо 1 миллион ва дар кӯдакистонҳо 1,5 миллион ҷои нав таъсис дода шуд. Фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ се маротиба зиёд шуда, ба 78 фоиз расид. Албатта, ин дар ислоҳоти инфрасохторӣ як марҳилаи муҳим ба шумор меравад.
Аммо барои баланд бардоштани самаранокии низоми таълим танҳо ба инфрасохтор таваҷҷуҳ кардан кофӣ нест. Сатҳу сифати омӯзгорон ва самаранокии раванди таълим низ аҳамияти калон дорад.
Чанде пеш дар ҷамъомади видеоселекторие, ки таҳти раёсати Президенти мамлакат баргузор гардид, ба мушкилоти мавҷудаи соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои такмили низоми тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва баланд бардоштани малакаи онҳо вазифаҳои афзалиятнок муайян карда шуданд.
Тағйиротҳо дар низоми таҳсилот, бахусус ҷорӣ гардидани барномаҳои наве, ки ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта мутобиқ гардонида шудаанд, инчунин дастрасӣ ба китобҳои дарсии замонавӣ ва таҷҳизоти муосир, ҳамзамон саволҳоеро ба миён меоранд, ки ба сатҳи малакаи омӯзгорон ва тавоноии онҳо ҷиҳати аз худ кардани методикаҳои нав вобаста мебошанд. Яъне, навсозии низоми таҳсилот танҳо ба ҷиҳатҳои моддӣ вобаста нест, балки ба рушди касбии омӯзгорон ва аз худ кардани технологияҳои нави таълимӣ низ сахт марбут аст.
Дар доираи ҳамин раванд, ду сол қабл низоми тақдими тоифа (дараҷа) пурра рақамӣ ва шаффоф гардонида шуд, ки аҳволи воқеиро нишон дод. Соли гузашта 341 ҳазор омӯзгорон аз рӯйи низоми нав барои гирифтани тоифа ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора 102 ҳазорашон аз имтиҳон гузашта натавонистанд. Барои ҳаллу фасли ин мушкилот оид ба тезондани ислоҳоти соҳаи таълим тартиби «нақшаи фавқулоддаи 90-рӯза» роҳандозӣ мегардад. Низоми тайёр кардани омӯзгорон ва баланд бардоштани малакаи онҳо такмил дода мешавад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки барои расидан ба сифати зарурии таълим, пеш аз ҳама, худи низоми тайёр кардани омӯзгорон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо бояд ба ин талабот мутобиқ бошад. Бо назардошти ин, қарор шуд, ки Донишкадаи такмили ихтисоси Авлонӣ таҳти трансформатсия қарор гирифта, 13 маркази минтақавии он аз нав ташкил карда шаванд.
Имрӯз тағйиротҳои низоми таҳсилот, барномаҳои нав, китобҳои дарсии замонавӣ ва технологияҳои муосир аз омӯзгорон маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи навро талаб мекунанд. Трансформатсияи Донишкадаи такмили ихтисоси Авлонӣ имконият медиҳад, ки корҳои марбут ба баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар сатҳи минтақавӣ ба роҳ монда шаванд. Ин ба омӯзгорон имконият фароҳам меорад, ки дар маҳалли зисти худ таҳсил намоянд ва ҳамин тариқ вақт ва хароҷотро сарфа кунанд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳим он аст, ки модел ё намунаи Донишкадаи такмили ихтисоси ба номи Авлонӣ минбаъд ба марказҳои такмили ихтисос дар минтақаҳо низ татбиқ карда мешавад. Дар ин раванд на танҳо сохтмони биноҳо ва ободонии муҳит ба назар гирифта мешавад, балки муҳити таълимӣ, пойгоҳи моддию техникӣ, кадрҳои баландихтисос, дониш ва таҷриба низ ба сатҳи ягона оварда мешаванд.
Имсол аз донишгоҳҳои педагогӣ ва марказҳои такмили ихтисос, инчунин аз ҳар як ноҳия, ҳадди ақал 5 омӯзгор ба хориҷ фиристода мешаванд, то бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар соҳаи таҳсилот шинос шаванд, усул ва методикаҳои нави педагогӣ ва технологияҳоро азхуд кунанд. Ин, бешубҳа, ба афзудани самаранокии ислоҳоти низоми таҳсилот мусоидат хоҳад кард.
Аз ин нуқтаи назар, мо — вакилони халқ, бояд назорати иҷрои самараноки ҳадафу вазифаҳои муайяншударо ҷиддитар ба роҳ монем ва барои таъмин кардани натиҷабахшии ислоҳот дар низоми таҳсилот фаъолтару ташаббускортар бошем. Зеро, таълими босифат пояи устувори оянда аст.
Шаҳноза ХОЛМУҲАММАДОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.