Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри Будапешт баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Сарвазири Венгрия Виктор Орбан баргузор гардид, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоған ва Дабири кулли Созмони давлатҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев иштирок доштанд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа оид ба вазъ ва дурнамоҳои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими ҳамкории амалӣ баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суханронии худ сарвари Ӯзбекистон ба рушди вазъият дар ҷаҳон, ки бо шиддат гирифтани зиддиятҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, низоъҳои минтақавӣ ва оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим тавсиф меёбад, баҳои амиқ дод.
Президент аҳамияти таҳкими мавқеъ ва равишҳои умумии кишварҳои узви Созмонро дар ҳалли мушкилоти муҳими байналмилалӣ, дар навбати аввал бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи СММ таъкид кард.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории амалӣ дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ, роҳбари Ӯзбекистон ба мавҷудияти захираҳои бузурги истифоданашуда ишора карда, як қатор пешниҳодҳои навро ироа намуд.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ муҳимияти имзои Созишномаи шарикии стратегӣ, дӯстии абадӣ ва бародарии давлатҳои туркӣ, ки аз ҷониби ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, таъкид гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳуҷҷат ба ҳамгароии минбаъдаи халқҳо ва таҳкими заминаи ҳуқуқии дарозмуддати ҳамкории бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Бо мақсади афзоиши саҳми савдои дуҷониба дар гардиши умумии савдои хориҷии кишварҳои Созмон пешниҳод шуд, ки платформаи онлайнии «ТЮРК-ТРЕЙД» таъсис дода, Барномаи амалӣ барои афзоиши ҳаҷми савдо қабул карда шавад.
Бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути долони байналмилалии Транскаспий ва осонсозии расмиёти гумрукӣ ва марзӣ, сарвари Ӯзбекистон зарурати ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низомҳои «равзанаи ягона» ва «долонҳои сабз»-ро дар масири мазкур таъкид кард. Ба мақсади густариши ҳамкорӣ дар ин самт моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор намудани Форуми байналмилалии кишварҳои туркӣ оид ба нақлиёти мултимодалӣ ва логистика дар назар аст.
Бо истиқбол аз таъсиси Бунёди сармоягузории туркӣ, Президент аҳамияти таъсиси Ширкати муштараки венчурӣ барои дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва портали ягона таъкид намуд, ки дар он имкониятҳои сармоягузории кишварҳои узви Созмон муаррифӣ карда мешаванд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ пешниҳод гардид, ки оид ба таъсиси иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ дар бахшҳои кимиё, энергетика, маъдани кӯҳӣ, саноати сабук, дорусозӣ, чарм, пойафзол, хӯрокворӣ ва сохтмон барномаи махсус таҳия карда шавад.
Дар робита ба масъалаҳои иқлим, роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ зикр кард, ки дар рафти Форуми байналмилалии иқлимии Самарқанд як қатор ташаббусҳои муҳими тақвияти ҳамкории ҷаҳонию минтақавӣ дар самти рушди «сабз» пешниҳод шуданд. Ҳамчунин, ташаббуси Сарвазири Венгрия Виктор Орбан оид ба таъсиси Донишкадаи пешгирии хушксолӣ дар шаҳри Будапешт дастгирӣ ёфт.
Бо мақсади мусоидат ба фаъолият ва ҷалби васеътари кишварҳо ба лоиҳаҳои ҳадафманд, пешниҳод шуд, ки «харитаи роҳ»-и муштарак оид ба пешгирии хушксолӣ ва мушкилоти экологӣ таҳия гардад.
Президенти Ӯзбекистон инчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки кушода шудани Донишгоҳи байналмилалии давлатҳои туркӣ дар шаҳри Тошканд дар татбиқи барномаҳои таълимӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибистеъдоди кишварҳои узви Созмон саҳми арзандае хоҳад гузошт.
Роҳбари Ӯзбекистон инчунин пешниҳод кард, ки пешниҳодҳо оид ба такмили фаъолият ва сохтори Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ – ТЮРКСОЙ таҳия шуда, ҷаласаи навбатии Шӯрои Бунёди фарҳанги туркӣ дар Ӯзбекистон баргузор гардад.
Дар поёни суханронии худ Президенти Ӯзбекистон олим ва биохимики маъруфи турк, барандаи Ҷоизаи Нобел Азиз Санжарро бо гирифтани Ҷоизаи байналмилалии ба номи Алишери Навоӣ табрик намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш Эъломияи Будапешт ва як қатор санадҳои дигар дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ қабул гардиданд.