Вазорати вазъиятҳои фавқулода аз 20 май то 20 июни соли ҷорӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ гузаронидани чорабинии «30 рӯзи долузарб» эълон намуд ва барои иштироки фаъол дар ин чорабинӣ кулли ташкилоту идораҳо ва шаҳрвандонро даъват менамояд.
Фасли гармои тобистон низ фаро мерасад. Ин мавсим барои гурӯҳе агар замони истироҳат, сайёҳӣ ва табобат бошад, барои ходимони бехатарии сӯхтор мавсими нисбатан душвор аст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар фасли гармо дар ноҳияҳои атрофи пойтахт ба туфайли ҳар гуна партов ва хошок миқдори сӯхтор афзоиш меёбанд. Сӯхтор худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Барои партов ва алафҳои зери шуои офтоб хушкшуда ҳамагӣ як шарора кифоя аст. Масалан, роҳгузаре боқимондаи сигорашро дар роҳ партояд, мумкин аст он боиси сӯхтор гардад. Ин фасл барои бачагон фасли истироҳат. Онҳо аз назорат беэътибор монда, алафҳои хушкшударо месӯзонанд. Сӯхторҳое, ки туфайли беэътиборӣ сар мезананд, боиси талафот ва баъзан оқибати фоҷианоки инсонҳо мегарданд.
Ходимони шуъбаи вазъиятҳои фавқулодаи ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт барои пешгирии сӯхтор дар ҷойҳо оиди тозасозии атроф ба муассисаҳои дахлдор рафта, ҳатман тоза намудани роҳраву кӯчаҳо, атрофи биноҳои бисёрқабата ва майдонҳоро аз партову алафҳои хушкшуда талаб мекунанд. Пайваста аз оқибати ҳодисаи мудҳиши сӯхтор такрор ба такрор ёдрас менамоянд, то ки бо ин васила пеши роҳи сӯхторро гиранд.
Бегзод Пирматов,
инспектори шуъбаи назорат ва профилактикаи бехатарӣ аз сӯхтори вазъиятҳои фавқулодаи ноҳияи Янгиҳаёти Тошканд.