МУЛОҚОТИ ТИРМИЗ ПАЁМАДҲОИ НЕК БА БОР ХОҲАД ОВАРД

Нахустин нишасти муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар шаҳри Тирмиз таҳти унвони «Ташаккули фазои муштараки сулҳу осоиш, дӯстӣ ва шукуфоӣ» баргузор гардид.

Муассисони чорабинӣ Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи савдо-саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар он тақрибан 200 сиёсатмадори миллӣ ва хориҷӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва коршиносони маъруфи марказҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, мамлакатҳои ИДМ, минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, Амрико ва Шарқи Наздик ширкат намуданд.

Иштирокчиён эътироф мекунанд, ки баргузории ин ҳамоиш дар заминаи тамоюлҳои буҳронии мушоҳидашуда дар ҷаҳон, ки аз камбуди эътимод, афзоиши зиддиятҳои геополитикӣ, тиҷорат ба вуҷуд омадааст, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки барои дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабули мушкилоти умумӣ он замина фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳое, ки кишварҳо рӯбарӯ ҳастанд, самаранок мубориза сурат гирад.

Дар он гуфта шуд, ки қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо номи «Тақвияти робитаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ» заминаи консептуалии ҳамкории зичтари ду минтақаро фароҳам овард. Ҳоло Ӯзбекистон барои роҳандозии робитаҳои байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши асосӣ мебозад.

Аз соли 2021 инҷониб Маркази Каргои Тирмиз аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва UNHCR барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон истифода мешавад. Аз соли 2021 то сентябри соли 2024 тавассути терминал 144 ҳазор тонна кумак, аз ҷумла ғизо, дорувор, хаймаҳо, чароғҳои офтобӣ ва дигар молҳои зарурӣ фиристода шуданд

Дар ду рӯз махсусан он нукта тазаккур ёфтааст, ки Маркази Каргои Тирмиз як рисолати муҳими миёнаравиро иҷро карда, барои расонидани кумаки башардӯстонаи байналмилалӣ на танҳо ба Афғонистон, балки ба гурезаҳои афғон дар Эрону Покистон мусоидат мекунад.

Ба эътиқоди иштирокчиёни мулоқоти Тирмиз Осиёи Марказӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ симои худро комилан ба самти мусбат табдил додааст. Ҳатто дар гузаштаи наздик коршиносон бо дарназардошти он, ки равобити ин кишварҳо аз мушкилоти ҳалношуда ва зиддиятҳои шадид, хоҳ масоили марзӣ ва хоҳ истифодаи об пур шудааст, Осиёи Марказиро «Балкани Авруосиё» номидаанд. Аммо имрӯз, тавре коршиносони хориҷӣ эътироф карданд, ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо Осиёи Марказӣ ба фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманд табдил ёфтааст. Минтақа устуворона пеш меравад, чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷудомадаро мустақилона бартараф менамоянд, ба масири рушди прогрессивӣ ворид шуда, ба маркази фаъолияти иқтисодию сармоягузорӣ табдил меёбад. Ба гуфтаи онҳо, сатҳи баланди муттаҳидшавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дидгоҳи умумии онҳо ба равандҳои ҳамбастагӣ барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дурнамои нав мекушояд.

Имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди амиқсозии муштараки ҳамкориҳо бо Осиёи Ҷанубӣ тавофуқи қавӣ ба вуҷуд омадааст. Ин дар дастгирии лоиҳаҳои байниминтақавии иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, аз қабили CASA-1000, TAPI, долони Трансафғонистонӣ, инчунин дар таъсиси формати «Осиёи Марказӣ + Ҳиндустон» ифода ёфтааст. Аслан лоиҳаҳои байниминтақавӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ аҳамияти калон доранд. Минбаъд онҳо ба тамоми макроминтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъсири мултипликаторӣ хоҳанд дошт.

Татбиқи лоиҳаҳои трансминтақавӣ барои рушди муносибатҳои мустаҳками тиҷоратию иқтисодӣ пешомадҳои нав мекушояд ва муносибатхои инвеститсионӣ, инчунин барои равандҳои ҳамгироӣ дар тамоми Авруосиё асос ба вуҷуд меоварад. Махсусан қайд карда шуд, ки таҷрибаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти шадиди минтақавӣ, бахусус, масъалаи сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муътадил гардондани муносибатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исломобод ва Кобул «намунаи қобили таваҷҷуҳ» шуда метавонанд.

Ҳиссаи Осиёи Ҷанубӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ низ афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 4,9 триллион доллар расид, ки тақрибан 4,5% ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар сурати нигоҳ доштани динамикаи пешрафтаи рушди иқтисодӣ, Осиёи Ҷанубӣ метавонад дар Осиё мавқеи пешсафро ишғол кунад.

Иштирокчиёни мулоқоти Тирмиз мутмаинанд, ки рушди долони фаромарзӣ ба кишварҳои минтақа дастрасии кӯтоҳтарин ба бандарҳои уқёнуси Ҳиндро фароҳам оварда, Осиёи Ҷанубиро бо бозорҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Аврупо мепайвандад. Илова бар ин, татбиқи ин лоиҳа як муҳаррики тавонои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шуда, тавофуқро дар дохили Афғонистон ва дар минтақа дар масъалаи таҳкими сулҳу субот дар кишвар тақвият хоҳад дод.

Имрӯз ҳаҷми умумии ҳамлу нақли борҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз тариқи коридори Трансафғон бо иштироки Ӯзбекистон аллакай афзоиш ёфтааст. Ин рақам беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст – аз 1,8 миллион тонна дар соли 2021 ба 4 миллион тонна дар соли 2024 изофа шудааст. Аз ин лиҳоз, ба эътиқоди ширкаткунандагони форум, як самти муҳими ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бояд ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва таъмини рушди устувори ин кишвар бошад. Ба ибораи дигар, сулҳ дар Афғонистон калиди эҷоди робита аст. Аз ин ҳама давлатҳои минтақа баҳра хоҳанд бурд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: