Дар луғатҳо калимаҳои меҳр, муҳаббат, ишқ ба як маъно омада, дӯстдорӣ, нағз дидан, навозиш, лутфу марҳаматро ифода мекунад. Дар байни ҳамаи ҷонварони рӯйи замин меҳру муҳаббат, навозиш дида мешавад.
Агар ба замин бо меҳр нигоҳубин кунӣ, ҳосили фаровон мегирӣ, бо меҳр таом пазӣ, болаззату хуштаъм мешавад ва ҳатто молатро ҳам бо меҳр парво намоӣ, серғизо ва фарбеҳ мегардад. Ин ҳиссиёти олӣ дар байни инсонҳо бештар ба назар мерасад.
Ҳангоми мушоҳида ба шабакаҳои интернетӣ чашмам ба навори видеоӣ афтод, ки 30 сол муқаддам сабт ёфта буд. Навад дар сади дар навор будагон, ки сокинони деҳаи Эҷ ва Сойхурд буданд, имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Аксарият қалби пок доштанд, меҳр доштанд, муҳаббат доштанд. Нисбати якдигар бахиливу ҳасадхӯрӣ намекарданд, фахру нафсонияти баландро соҳиб буданд. Ҳама якранг зиндагӣ мекарданд, дастгири ҳамдигар буданд. Якҷоя иморат мебардоштанд, сою ҷуйборҳоро тозаву озода нигоҳ медоштанд...
Тахминан дар масофаи 2-3 км. аз ҷойи имрӯзаи деҳаи Эҷ дар дохили кӯҳсор вайронаҳои қишлоқи қадимаи Қалъа ҷойгир аст. Деҳа аз ҳамворӣ ба фарозии кӯҳ доман густурдааст. Хонаҳо чунон ҷойгир шудаанд, ки боми хонаи ҳамсоя ҳавлии ҳамсояи дигар буд. Сокинони куҳансоли рустои қадима нақл мекарданд, ки мардум бо вуҷуди бенавоёна умр ба сар бурдан, ба якдигар меҳрубон буданд. Ҳамдигарро дастгирӣ намуда, норасоиҳои зиндагиро дар якҷоягӣ бартараф мекарданд. Мегӯянд, ки як тахтаи ош ва як элак тамоми деҳаро давр мезад. Ё барои оташ додани оташдонҳо як таппак, ки лахчаро то дер дар худ нигоҳ медорад, дар хидмати тамоми деҳот буд. Ҳамаи ин аз меҳру муҳаббати беандозаи мардуми деҳа дарак медиҳад. Ба будааш қаноат карда, ба набуда сабр мекарданд. Бурду бохти зиндагиашонро ба ҳам медиданд...
Имрӯз мардум зиндагии фаровон дорад. Ҳаёти осудаву ободро аз сар мегузаронад. Шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд бисёранд. Ба беморону муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Барои ободтару фаровонтар гаштани диёрамон камари ҳиммат мебанданд. Аммо чӣ қадаре, ки ҳаёт фаровону зиндагӣ осонтар аст, меҳру муҳаббати инсонҳо торафт коста мегардад. Худнамоиву худбинӣ, бемеҳриву ҳасудӣ байни мардум меафзояд. Дар мардум ҳирси ҷамъ овардани молу давлат бисёртар мегардад. Бародар тӯйи бародарашро монда, ба тӯйи бадавлат меравад. Ҳамсоя, ҳамкор дар ҷанозаи устодаш, ки солҳои тӯлонӣ дар якҷоягӣ зиндагӣ карда, дар як муассиса меҳнат кардаанд, иштирок намекунад. Аламовар он аст, ки устод, ки худ дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ба муваффақиятҳо кам ноил гаштааст, аз пешравӣ ва бурди шогирд дар оташи ҳасад месӯзад ва ба пешравии вай зарба задан мехоҳад.
Хушбахтона, вақтҳои охир сафи тақводорон меафзояд. Баъзеҳо маротибаи дуюму сеюм ба Каъба мераванд, ки он ба худнамоиву худбинӣ оварда мерасонад. Хуб мешуд, ки маблағи ба сафари ҳаҷ сарфмешударо ба муҳтоҷу дардмандон, хонаҳои меҳрубониву ободии диёрамон сарф мекарданд.
Барои ёфтани маблағи бештар аксарият ба хориҷ мераванд. Солҳои дароз аз оила дур, аз навозишу маслиҳати волидайн дар канор мемонанд. Фарзандонашон аз меҳри падарӣ маҳрум, ба навозишҳои модар зор ба воя мерасанд. Ҳатто бе иштироки онҳо соҳиби оила мегарданд...
Мисолҳо бисёр, хостем дар ҳамин ҷо иктифо намоем. Танҳо гуфтан мехостем, ки дар ин дунёи фонӣ аз одамӣ танҳо меҳр мемонад, муҳаббат мемонад. Ба гуфтаи шоир:
Мо ҳеч, замона ҳеч, дунё ҳама ҳеч,
Эй ҳеч, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеч мапеч.
Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеч.
Элмурод Рӯзиев,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
Вилояти Навоӣ.