Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммити ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ

Сарони муҳтарами ҳайатҳо!

Аз дидори Шумо дар шаҳри зебои Будапешт, ки асрҳо боз ба сифати пули мустаҳками байни Шарқ ва Ғарб хизмат мекунад, сидқан шодам.

Ба суханони миннатдорӣ ба суроғаи Аълоҳазрат Сарвазири Венгрия муҳтарам ҷаноби Виктор Орбан барои истиқболи гарму ҷӯшон ва сатҳи баланди ташкили саммити имрӯза ҳамроҳ мешавам.

Ба Аълоҳазрат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич Жапаров, ки дар Созмони мо ба муваффақият раисӣ мекунад, дастовардҳои нав таманно дорам.

Ҳамкорони муҳтарам!

Саммити мо дар шароити тағйироти босуръати вазъи ҷаҳонӣ ва раванди душворпешбинии рӯйдодҳо баргузор мегардад.
Шиддат гирифтани зиддиятҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, муноқишаҳои минтақавӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҳамаи мо озмоиши ҷиддист.

Аз ин рӯ, таҳкими равишҳо ва мавқеъҳои муштараки давлатҳои мо дар ҳалли масъалаҳои мубрам аз ҳарвақта муҳимтар мебошад.

Зарур аст таъкид намоем, ки мо ҳал намудани мушкилоти аз ҳама ҳассосро танҳо бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муҳим мешуморем.

Мо кӯшишҳои амалиеро, ки ба танзими вазъ атрофи Украина бо роҳи дипломатия ва музокирот равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем. Хусусан мехоҳам саҳми шоистаи Аълоҳазрат Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоғанро дар ин самт қайд намоям.

Ҳамаи моро нақзи созишномаи сулҳ ва азсаргирии амалиёти ҳарбӣ дар Ғазо шадидан нигарон месозад. Ҳалли одилонаи низои Фаластину Исроил бе татбиқи принсипи «ду давлат барои ду миллат» ғайриимкон аст.

Дар мавриди амнияти глобалӣ ва минтақавӣ, мо бояд вазъи мураккаби Афғонистонро ба эътибор гирем ва якҷо роҳи ҳалли онро ҷустуҷӯ намоем. Қабули Изҳороти муштарак оид ба Афғонистон аз таваҷҷуҳи ҷиддии Созмони мо ба ин масъала шаҳодат медиҳад.

Иштирокчиёни муҳтарами ҷамъомад!

Дар муддати кӯтоҳ мо дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ ба натиҷаҳои самарабахши ҳамкориҳои амалӣ ноил гардидем. Конференсияи охир, ки дар шаҳри Тошканд бо иштироки марказҳои таҳлилии иқтисодии мо баргузор гардид, бори дигар нишон дод, ки барои густариши робитаҳо имкониятҳои бузург вуҷуд доранд.

Бо назардошти рӯзномаи ҷаласа, мехоҳам пешниҳодҳои худро ироа намоям.

Тавре ки ба шумо маълум аст, соли гузашта мо ташаббус ба миён гузоштем, ки Созишнома оид ба ҳамкории стратегӣ, дӯстии абадӣ ва бародарии давлатҳои туркӣ таҳия карда шавад.

Имрӯз аҳамият ва саривақтии ин ҳуҷҷат боз ҳам бештар гардид. Шубҳае нест, ки ин созишнома ба наздиктар гардидани халқҳои мо ва таҳкими асоси ҳуқуқии дарозмуддати ҳамкории бисёрҷонибаи мо хизмат мекунад. Пешниҳод мекунам, ки он дар саммити Боку ба имзо расонида шавад.

Дар назди мо вазифаи дақиқ қарор дорад — дар солҳои наздик бояд ҳаҷми савдои мутақобиларо ба таври назаррас афзоиш дод. Бо ин мақсад, мо оид ба таъсиси платформаи онлайнӣ бо номи «ТУРК-ТРЕЙД» ва қабул намудани Барномаи амалӣ барои густариши савдо ташаббус ба миён мегузорем.

Бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути долони байналмилалии Транс-Каспӣ ва соддасозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ, ман даъват мекунам, ки низомҳои «равзанаи ягона» ва «долонҳои сабз» ҳарчи зудтар ҷорӣ карда шаванд. Ба мақсади густариши ҳамкорӣ дар ин самт, мо ният дорем моҳи ноябр дар шаҳри Тошканд Форуми байналмилалии нақлиёти мултимодалӣ ва логистикаи давлатҳои туркиро баргузор намоем.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки фаъолияти Бунёди сармоягузории турк, бешубҳа, ангезаи ҷиддӣ барои фаъолгардонии ҷараёни сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Мо зарур мешуморем, ки барои рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ Ширкати муштараки венчурӣ таъсис дода шавад. Дар робита ба ин, мувофиқ мебуд, ки Портали ягонаи сармоягузорӣ таъсис дода шавад, ки имкониятҳои сармоягузории кишварҳои моро пурра инъикос менамояд.

Боз як саволи дигар. Вақти он расидааст, ки ҳамкориҳои амалии мо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ ба сатҳи нав бардошта шавад. Пешниҳод менамоям, ки Барномаи кооператсияи саноатӣ барои таъсиси иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаҳои кимиё, энергетика, истихроҷи маъдан, саноати сабук, фармасевтика, чармкориву пойафзолдӯзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сохтмон таҳия карда шавад.

Дар Форуми байналмилалии иқлим, ки чанде пеш дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, пешниҳодҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи рушди «сабз» баён гардиданд.

Мо инчунин бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки бо ташаббуси Аълоҳазрат Виктор Орбан дар шаҳри Будапешт дар доираи Созмони мо фаъолияти Донишкадаи пешгирии хушксолӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади дастгирии фаъолияти ин донишкада ва ҷалби фарохтари он ба лоиҳаҳои мақсаднок, пешниҳод менамоям, ки «Харитаи роҳ»-и муштарак оид ба пешгирии хушксолӣ ва мушкилоти экологӣ таҳия карда шавад.

Мехоҳам диққати шуморо ба як масъалаи муҳимтарини дигар ҷалб намоям.
Омӯзиши амиқ ва таблиғи мероси ниёгони бузурги мо, ки ба илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми азим гузоштаанд ва ифтихори мо мебошанд, вазифаи шарафманд ва масъулияти умумии мост. Бо ҳадафи рушди илм ва фароҳам овардани имкониятҳои васеи таълимӣ барои насли ҷавон, мо дар Оинномаи ҷаҳони туркӣ принсипи баланди маънавиро мустаҳкам намудем: «Наҷот дигаре вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад, ҷуз илм».

Дар доираи татбиқи ин принсип, дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи байналмилалии давлатҳои турк таъсис дода мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки дар ин муассисаи таълимӣ профессорону олимони пешсаф аз кишварҳои туркӣ фаъолият менамоянд. Итминон дорам, ки ин иқдом дар боло бурдани неруи зеҳнӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии насли ҷавон, то ки онҳо ба донишҳои муосир мусаллаҳ гарданд, саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Сарони муҳтарами ҳайатҳо!


Соли гузашта мо қарорро дар бораи ба сифати узви расмӣ ба Бунёди фарҳанг ва мероси турк шомил шудани Ӯзбекистонро эълон намудем. Дар доираи ин сохтор ҳифзи мероси фарҳангии муштараки туркӣ ва интиқоли он ба наслҳои оянда вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Бо мақсади густариши муколама, пешниҳод менамоям, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Бунёд дар кишвари мо баргузор гардад.

Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ — ТЮРКСОЙ, дар рушди ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои мо ҷойгоҳи махсус дорад. Ман зарур мешуморам, ки фаъолияти ТЮРКСОЙ ва сохтори он бо дарназардошти талаботи замон такмил дода шавад, то ки кӯшишҳои моро дар ин самт ба сатҳи нав барорад ва нуфузи ин созмонро боз ҳам бештар намояд. Бо ин мақсад, ман фикр мекунам, ки бояд ба вазирони корҳои хориҷӣ ва фарҳанги кишварҳоямон супориш дода шавад, ки то Саммити Боку пешниҳодҳои зарурӣ таҳия намоянд.

Ҳамкорони муҳтарам!

Се сол қабл мо ҷоизаи байналмилалиро ба номи Алишери Навоӣ – мутафаккир бузург ва арбоби давлатӣ, барои саҳми арзандааш дар ваҳдати Ҷаҳони туркӣ таъсис додем.

Хушҳолкунанда аст, ки имрӯз ин ҷоизаи бонуфуз ба донишманди барҷастаи турк, биохимик ва барандаи ҷоизаи Нобел, Ҷаноби Азиз Санжар супурда мешавад. Мо, албатта, ифтихор мекунем, ки ин олим ва шахсияти маъруф, доктори фахрии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон мебошад.

Боварии комил дорам, ки маросими ҷоизасупории имрӯз, донишмандони Ҷаҳони туркӣ, аз ҷумла ҷавонони моро, ки бо боварӣ ба роҳи илм қадам мегузоранд, ба дастовардҳои нав ва фатҳи қуллаҳои баланди дониш илҳом мебахшад.

Дӯстони азиз!

Итминон дорам, ки қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар Саммити имрӯзаи Будапешт қабул мешаванд, дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои бародари мо ва дар таъмини рушди устувори кишварҳоямон саҳифаи нави таърихиро боз хоҳанд кард.

Барои эътиборатон ташаккур!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: