20 май Сарвари давлати мо бо Сарвазири Венгрия Виктор Орбан дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ музокирот анҷом дод, бо Раиси Маҷлиси Миллии Венгрия Ласло Кёвер мулоқот намуд, инчунин бо роҳбарони бонкҳо ва ширкатҳои пешбари Венгрия вохӯриҳо баргузор кард. Имрӯз роҳбари Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони кишварҳои туркӣ иштирок намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро ба миён гузошт, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба нигаронида шудаанд. Баъди анҷоми чорабиниҳо Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба
20 май Сарвари давлати мо бо Сарвазири Венгрия Виктор Орбан дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ музокирот анҷом дод, бо Раиси Маҷлиси Миллии Венгрия Ласло Кёвер мулоқот намуд, инчунин бо роҳбарони бонкҳо ва ширкатҳои пешбари Венгрия вохӯриҳо баргузор кард.
Имрӯз роҳбари Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони кишварҳои туркӣ иштирок намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро ба миён гузошт, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Баъди анҷоми чорабиниҳо Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Словения сафар намуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ференс Лист меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Венгрия гусел карданд.