Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Словения Наташа Пиртс Мусар бо сафари расмӣ ба шаҳри Любляна ташриф овард.
Дар назди зинапояи ҳавопаймо Сарвари давлати моро муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Словения Таня Файон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Йоже Пучник ба ифтихори меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрошта шуда, қаровули фахрӣ саф кашид.
Тибқи барномаи сафари расмӣ роҳбари Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Словения Наташа Пиртс Мусар музокирот анҷом медиҳад, ҳамчунин бо роҳбарияти парлумон ва ҳукумати кишвар вохӯриҳо баргузор намуда, дар форуми муштараки соҳибкорон иштирок хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафари расмӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои кооператсия дар бахшҳои саноат, фармасевтика, техникаи барқӣ, энергетикаи «сабз», кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тавсеаи робитаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор мегиранд.