НАЗОРАТИ СОҲАИ БАТАНЗИМОВАРӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Маркази илмӣ-санҷишӣ ва назорати сифати назди Агентии аз ҷиҳати техникӣ ба танзимоварӣ дар Маркази матбуоти миллӣ ҷамъомад барпо намуд.

Дар он корҳои дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба амал баровардашуда таҳлил гардиданд.

– Давоми чор моҳи сипаригашта дар 126 корхонаи ҳудуди ҷумҳурӣ назорати маҷмӯӣ гузаронида шуд, – гуфт роҳбари шуъбаи ба танзимоварии маркази номбурда Шуҳрат Зиёқулов. – Дар натиҷаи азназаргузаронии лаборатории 298 навъи маҳсулот ба стандарти нишондодашудаи техникӣ ҷавобгӯ набудани 275 намуди он (92 фоиз) аниқ гардид. Арзиши умумии ин маҳсулот зиёда аз 4 миллиард сӯмро ташкил дода, ин нишондод боиси эътирози ҷомеа гардид. Дар аснои назорати сифати маҳсулот ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии истеъмолчиён хавфовар муайян гардида, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар доираи назорати давлатӣ 1662 дона воситаи баркаш ва ченкунӣ аз назар гузаронида шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар 540-тои ин воситаҳо ҳолати ба истифода нолоиқ муайян гардид. Дар фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, соҳаи тиб ва энергетика воситаҳои ченкунӣ мавқеи муҳимро дорост. Вайронкориҳои ин соҳа натанҳо ба поймол кардани ҳуқуқи истеъмолчиён меорад, балки ба мувозинати иқтисодӣ низ таъсири манфии худро мегузорад.

– Қариб ними маҳсулоти дар бозорҳо ба фурӯш гузошташуда ба талаби сертификаткунӣ ҷавобгӯ нестанд, – иброз дошт дар баромади худ сармутахассиси марказ Ислом Ҳотамов. – Аниқ гардид, ки 36 навъи маҳсулоти арзиши умумиаш 229 миллиард сӯмина бе сертификат ба фурӯш гузошта шудааст.

Нишондодҳо водор мекунад, ки назорат аз болои кори соҳаи батанзимоварӣ пурзӯр гардонда шавад.

Натиҷаи назорати ҳудудҳои ҷумҳурӣ бараъло муайян намуд, ки дар шаҳри Тошканд 2,7 миллиард сӯмина маҳсулот ба талаб ҷавобгӯ намебошад. Чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 21,9 миллиард сӯм, дар вилояти Ҷиззах 21,7 миллиард сӯм, Сурхондарё 21,1 миллиард сӯмро ташкил дода, онҳо ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам ба истеъмол хавфнок ба ҳисоб гирифта шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби инспексияи батанзимоварии сифат ба 191 нафар шахсони мансабдор мувофиқи моддаҳои 212, 213 ва 214-и кодекси маъмурии ҷавобгарӣ баённомаҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, 57 субъект ба 125 миллиард сӯмина ҷазои молиявӣ кашида шуд.

Аз 300 сертификати аз ҷониби идораҳои дахлдор супурдашуда дар 297-тоаш номувофиқӣ аниқ гардид ва камбудиҳои соҳа фош шуданд.

Алҳол дар соҳаи батанзимоварӣ корҳои назоратӣ пурзӯр гардонда, барои мустаҳкамнамоии интизом ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ амалӣ гардондани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст.

Г. Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: