МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА АНҶОМ ЁФТ

Аз 15 май (соати 18:00) то 22 май (соати 18:00) дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” бо мақсади муайян кардани беҳтарин мактаби тоҷикии мамлакат пурсишнома гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти марҳилаи якуми пурсишнома дар соли таҳсили 2024-2025 мактабҳои фаъолу пешқадами ноҳияҳои Шаҳрисабз (мактаби 58, Қашқадарё), Сариосиё (мактаби 51, Сурхондарё), Фориш (мактаби 13, Ҷиззах), Сӯх (мактаби 11, Фарғона), Самарқанд (мактаби 43, Самарқанд), Сайҳунобод (мактаби 10, Сирдарё), Нурато (мактаби 21, Навоӣ) ва Бӯка (мактаби 9, Тошканд) иштирок карданд.

Дар пурсишнома ҳама мактабҳо фаъол ширкат намуданд. Аммо маъмурияти баъзе мактабҳо аз рӯйи вайрон гардидани меъёрҳои адолат ва шаффофият дар раванди ҷамъоварии овозҳо ба мо муроҷиат карданд. Маҳз бо назардошти ин муроҷиат ва шикоятҳо, раванд аз ҷониби масъулу барномазон комилан омӯхта шуда, натиҷаҳои ниҳоӣ пагоҳ элон карда мешавад.

Ёдовар мекунем, ки ҷоизадорони ҷойи ифтихорӣ ба таври зайл мукофотонида мешаванд:

ҶОЙИ ЯКУМ-100 ДОНА КИТОБИ БАДЕӢ (БА МАБЛАҒИ 4 МИЛЛИОН СӮМ);

ҶОЙИ ДУВУМ-70 ДОНА КИТОБИ БАДЕӢ (БА МАБЛАҒИ 2,5 МИЛЛИОН СӮМ);

ҶОЙИ СЕЮМ- 50 ДОНА КИТОБИ БАДЕӢ (БА МАБЛАҒИ 1,5 МИЛЛИОН СӮМ).

Бо эҳтиром ҳайати рӯзномаи "Овози тоҷик".

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: