ГУЛҲОИ РАНГИН МЕҲМОННАВОЗАНД

Намангониён ошиқу шефтаи гулҳоянд. Онҳо аз қадимулайём ҳаёти худро бидуни гул тасаввур намекунанд. Ҳам дар кӯчаву гузар, ҳам дар корхонаву муассиса ва ҳам хонадони онҳо гулҳои гуногунранг шукуфонанд. Хурсандиовар аст, ки сол то сол намуди гулҳое, ки гулпарварони намангонӣ парвариш мекунанд, меафзояд.

Мувофиқи маълумот метавон гуфт, ки танҳо дар пешрӯйи хонадонҳои намангониён зиёда аз 1,5 ҳазор навъи гул парвариш карда мешаванд. Ин гулҳо ба атроф нафақат зебоӣ мебахшанд, балки ба буҷаи оила фоида меоваранд.

– 64 сол пеш дар шаҳри Намангон намоиши гул ташкил шуда буд. Дар он гулпарварон бо гулҳои гуногунрангаи худ иштирок намуда, дар бораи парвариш бо якдигар таҷриба иваз карда буданд ва ин ба ҳукми анъана даромад. Ҳар сол рӯзҳои охири моҳи август дар маркази вилоят «Иди гул» баргузор мегашт. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин як намоиши одӣ ба дараҷаи ҷашнвораи байналхалқӣ бардошта мешавад, – мегӯяд Аҳмадҷонотаи уйчигӣ. – Падарам мо – 4 нафар фарзандонашро ба тамошои ин гулҳо меоварданд. Барои модарам гулҳои ранга харид карда мерафтем. Ҳоло арӯсону набераҳоям дар ҳавлӣ, дар гулдонҳо гул парвариш мекунанд. Зиёда аз 60 сол боз дар ин ҷашнвора иштирок мекунам.

Оре, 64 сол муқаддам дар шаҳри Намангон гузаронидани маросими «Иди гул» ба ҳукми анъана даромада буд. Дар он нафақат аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои хориҷӣ низ меҳмонон ва дӯстдорони гул иштирок мекунанд. Иди гул на фақат дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Бобур, балки дар мавзеъҳои «Янги Ӯзбекистон», «Адиблар хиёбони», «Афсоналар водийси» ва дар маркази ноҳияҳои вилоят низ баргузор мегардад. Бо иштироки санъаткорони номдори хориҷӣ ва маҳаллӣ барномаҳои консертӣ, чорабиниҳои маданиву маънавӣ дар назар дошта шудаанд.

Шаҳру ноҳияҳо бо рамзҳои ҳудуд ва урфу одатҳои худ, ки бо гулҳо ифода карда мешаванд, иштирок мекунанд. Аз ҷумла, чустиён чандин намуди ҳунармандӣ, попиён ағбаи Қамчиқ, нориниён амвоҷи дарё, учқӯрғониён анвои моҳиҳои фарел, янгиқӯрғониён бошанд, кӯҳҳоро бо гулҳои рангоранг ифода кардаанд. Корхонаву ташкилот ва муассисаҳо низ «бренд»-и худро бо гулҳои гуногунранг пешкаш мекунанд.

Қобили қайд аст, ки тадбиркорони хориҷӣ низ, ки дар вилоят бо соҳибкорӣ машғуланд, чандин намуди гули кишвари худро дар ин ҷашнвора намоиш медиҳанд. Марҳабо, ба диёри гулҳо!

Ҷашнвораи «Иди гул» аз 25 май то 29 июн давом мекунад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: