СУЛОЛАИ АШУРОВҲОИ ЧУСТӢ

Агар аз Тошканд ҷониби Намангон сафар кунед, пас аз убури ағбаи Қамчиқ ва ҳудуди ноҳияи Поп, вориди Чуст мешавед. Бояд гуфт, ки Чусти имрӯза ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Дар ноҳия корхонаҳои бузурги саноатӣ қад рост кардаанд.

Чуст таърихи сеҳазорсола дорад ва бо вуҷуди ин, ҳамешаҷавон аст. Яке аз шаҳрҳои куҳантарини водии Фарғона маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо ҳунармандӣ рушд кардааст ва ҳоло тоқиву кордҳои соҳибҳунарони ин минтақа машҳури ҷаҳон шудаанд.

Манзилу маконе, ки инсонҳои боимону боэътиқод, олиму донишманд, сахию саховатмандро дар канор дорад, шукӯҳу таровати хосаро соҳиб мешавад. Чуст ҳам аз чунин гӯшаҳои муборак аст ва Муродҷон Ашуров яке аз инсонҳои азизи ин ноҳия ба шумор меравад, ки тӯли солҳо хидмати халқу Ватанро кардааст.

Сулолаи Ашуровҳоро на танҳо дар Чуст, балки дар тамоми вилояти Намангон ҳам хуб мешиносанд. Бо акои Муродҷон аз ин сӣ сол муқаддам бо тақозои касби журналистии худ шинос шудаву дар бораи эшон чизе ҳам навишта будам. Азбаски бо ҳам қадрдон будем, боз хостам дидор бинему дар суҳбат шавем. Аз мудири шуъбаи вилоятии Қабулхонаи халқии Президент дар вилояти Намангон Баҳодур Юсупов, ки қаблан ҳамчун ҳокими ин ноҳия низ кор карда буд, хоҳиш кардам, ки барои суҳбат бо акои Муродҷон кумак расонад.

Акои Баҳодур пешниҳод кард, ки дар бораи Муродҷон Ашуров ва фарзандашон Умедҷон Ашуров, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш, бо соҳибкории худ ба назари Президент афтодааст, мақола нависам беҳтар мешавад.

Моро дар хоҷагии фермерии «Чуст ӯрикзор», воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бибиона», Умедҷон Ашуров пешвоз гирифт. Шукӯҳу шаҳомат ва ободу озодагии бинои хоҷагии фермерӣ диққати маро ҷалб кард. Дар толоре, ки барои қабули ҳамкорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, кас худро чун дар қабулхонаи як ширкати бузурги пойтахтшаҳр эҳсос хоҳад кард.

Мизу курсӣ, мебелҳои мулоим барои имзои шартномаҳои ҳамкорӣ бо завқи баланд ҷойгир карда шудааст. Дар пешгоҳи толор сертификатҳои байналмилалии корхонаҳои таркиби хоҷагии фермерии бисёрсоҳа ва дар девор харитаву маълумотҳо дар бораи намудҳои маҳсулоте, ки ба давлатҳои хориҷӣ содир мешаванд, овезон аст.

Мардуми Намангон хислати аҷибе доранд. Дар онҳо эҳсоси ифтихор аз маҳсулоте, ки дар вилояташон истеҳсол шудааст, пурзӯр мебошад. Ҳангоми сафари корӣ ба кадом идора дароям, дар болои мизи кории аксари онҳо оби шифобахши «Чортоқ»-ро медидам ва ба меҳмон, албатта, як пиёла об медоданд.

Умедҷон ҳам аз оби «Чортоқ» рехту дод. Вақте бо акои Муродҷон дӯсти қадрдон буданамро шунид, бениҳоят шод гардид ва зуд ба падараш занг зад.

Даҳ дақиқа нагузашта, акои Муродҷон вориди утоқ шуданд.

– Э, дӯсти азиз... Дар куҷоҳо мегардед? Хеле вақт шуд, ки дидор надидем, – хушҳолона канор кушод. – Дар тарафи Намангон камнамо шудед. Шуморо дида, бисёр шод гаштам.

Дар чашму рӯйи акои Муродҷон аломатҳои пиронсолӣ аён шуда, ба мӯю ришаш сафедӣ афтода буд. Ҳамоно самимияти пешинаро гум накардааст. Лекин ҷойи он ғайрату шуҷоати айёми навҷавониро акнун як навъ вазнинӣ, мулоҳизакорӣ, мулоқоти хирадмандона ва тавозӯъ гирифта буд. Ҳавасам омад.

Тавре пештар ҳам навишта будам, акои Муродҷон хислатҳои ҳамидаи худ – саховатмандӣ, дилкушодӣ, ширинсуханӣ ва дӯстпарвариро аз падар мерос гирифтааст. Падараш Сайфулло Ашуров (руҳашон шод бод!) сӣ сол чун мудири пиллахонаи ноҳия кор карда, ба аксар мардум кумак расондааст. Ба гуфти пиронсолони чустӣ, ягон одам аз даргоҳи ӯ ноумед берун нарафтааст.

– Модарам Тӯхтабӣ, равонашон шод бод, тӯли солҳо дар фабрикаи маснуоти бадеӣ кор карда, обрӯю эътибор ёфтанд, – ба хотир меорад акои Муродҷон. – Бонуи гулдасти тоқидӯз буданд. Доим фахр мекунам, ки дар машҳур гардидани тоқиҳои Чуст модари ман низ хидмати шоиста кардаанд.

Акои Муродҷон хуб медонист, ки зиёрати қадамҷойҳои муқаддасро дӯст медорам. Ӯ маро ба зиёратгоҳи «Бибиона» бурд. Дар зиёратгоҳ се чашма мавҷуд аст. Мардуме, ки аз дуру наздик меоянд, бо ихлос ин даргоҳро зиёрат мекунанд. Бо пиразане, ки ба меҳмонон дар бораи зиёратгоҳ нақл мекард, ҳамсуҳбат шудем.

– Зиёраткунандагон ба он боваранд, ки агар бо оби яке аз чашмаҳо рӯйи худро шӯянд, доғҳои рӯй нест шуда, чеҳра ҷавонтар мешавад, – гуфт Роҳатой Ҳакимова.

Синни пиразан ба назар дар атрофи шаст мерасид, аммо дар асл ҳафтоду панҷ сола будааст. «Ба назар хеле ҷавон менамоед», гӯем, «шояд ба шарофати оби чашма бошад...» гуфта ҷавоб дод...

Ҳангоми бозгашт аз зиёрат акои Муродҷон хоҳиш карданд, ки дар мақолаи худ аз устоди эшон низ ёд кунам.

– Неъмат Бутунбоев худ зодаи ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ҳастанд ва баъд аз хатми донишгоҳ, барои кор бо роҳхат ба ноҳияи мо меоянд, – нақли худро оғоз кард ҳамроҳам. – Ҳамчун мутахассиси соҳаи хӯроки умумӣ ба комёбиҳо ноил гардида, бо амри тақдир дар Чуст мемонанд. Ҳамчун раиси ҷамъияти матлуботи шаҳр обрӯю эътибор пайдо мекунанд. Вақте бисту дусола будам, донишгоҳро хатм карда, бо дархости кор ба ҷамъияти матлубот, назди Неъмат Бутунбоев рафтам. Баъд аз суҳбати кӯтоҳ, сармуҳосибро даъват карда, «мутахассиси ҷавон будааст, ба кор гирем хуб мешавад», гуфтанд. Сармуҳосиб аз ин норозӣ шуда, аз ӯҳдаи ҳисобу китоб намебарояд гуфт. Аммо раис «Агар надонад, меомӯзед. Ҳеч кас буғалтири касбӣ шуда ба дунё намеояд», қатъӣ ҷавоб доданд ва маро ба кор гирифтанд. Кори тақдирро бинед, ки баъд аз се моҳ маро ба ҷойи сарҳисобдор таъин карданд. Ӯ ҳисобчии одӣ шуда монд. Новобаста аз ин, дар дил кина нагирифта, ҳамеша кумаку дастгирӣ мекардам. Насиба будааст, ки раиси ҷамъиятҳои матлуботи ноҳия, шаҳр шудам. Илоҳо ҷойи устод Неъмат Бутунбоев, ки маро чун ҷигари худ қабул карда, меҳрубониҳо намуданд, сиру асрори касбро омӯхтанд, дар биҳишт шавад...

– Солҳои аввали истиқлол буд, – ба хотир меорад Мурод Ашуров, – рӯзе ҳокими ноҳияи Чуст даъват карда, гуфт, ки муовини худ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин кардан мехоҳад. Ба ҳоким гуфтам, ки миллатам тоҷик аст ва маҳз барои ин баъзе идораҳо номзади маро тасдиқ намекунанд. Ҳоким бо боварӣ гуфт, ки «худам гап мезанам, номзади шумо мегузарад». Аз байн моҳе гузашта, рӯзе ҳоким ба корхонаи мо омада, ҳини суҳбат «Бубахшед, акои Мурод! Шумо дуруст гуфта будаед, номзади шуморо тасдиқ накарданд», гуфт.

Ҳоло вазъ комилан тағйир ёфтааст. Ба туфайли иродаи сиёсии Президенти мо Шавкат Мирзиёев ҳама миллатҳои маскуни Ӯзбекистон ҳуқуқи воқеан баробарро соҳиб шуданд. Яхҳои чандинсолаи муносибатҳои ғализ об шуд. То солҳои наздик ба тӯю сур ва ҳатто ба маросими дафни якдигар сокинони ҳамсоякишварҳо рафта наметавонистем. Акнун ҳамаи онҳое, ки чун мо дар Тоҷикистон хешу табор, ёру бародар доранд, бе ягон мушкил ба дидори ҳам мерасанд. 

Ба корхонаи тобеи хоҷагии фермерии «Чуст-ӯрикзор» писараш Умедҷон Ашуров сарварӣ мекунад. Дар корхона маҳсулоти лӯбиёгиро ба навъҳо ҷудо карда, коркард менамоянд ва содир мекунанд. То рафт иқтидор ва ҷуғрофиёи содирот вусъат меёбад. Бахусус, маҳсулоти мошро, ки дар вилоят ва минтақаҳои атроф парвариш шудаанд, қабул карда, ашёи хом бо таҷҳизоти муосири технологии хориҷӣ коркард мешавад ва дар шакли майдаву орд бастабандӣ гардида, ба хориҷ содир мешавад.

Маҳсулоти тайёри мошӣ бори аввал ба Ҳиндустон фиристода шуд ва ҳоло ба Чин, Малайзия, Индонезия ва давлатҳои Аврупо экспорт мешавад.

– Соли гузашта дар ҳаётам воқеаи фаромӯшнопазир рӯй дод, – гуфт Умедҷон Ашуров. – Дар ҷамъомаде, ки бо иштироки Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои содирот доир гардид, дар қатори соҳибкорони ҷавон камина ҳам иштирок кардам. Ин рӯйдоди таърихӣ ба ман як ҳисси ифтихореро бахшид, ки онро наметавон бо сухан тасвиру тавсиф кард.

Ифтихор дорам, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори содиротии ватанамон саҳм мегузорам. Ҳамзамон, пеши худ аҳд кардаам, ки барои рушди иқтисодиёти мамлакат тамоми имкон ва тавон, илму заковати худро сарф кунам.

...Ҳини бозгашт аз Чуст як сухани Умедҷон диламро чун рӯз мунаввар кард. «Илоҳо, ба бахти мо падару модарам сиҳату саломат бошанд. Ба чӣ хел комёбие расида бошам, дар партави панду насиҳат, роҳнамоӣ ва дуоҳои онҳо, меҳрубонии Офаридгор ноил гардидам...», – гуфт ӯ.

– Аз умрат барака ёб, ҳеч гоҳ кам нашав! – гуфтам бо ҳавас.

Воқеан, дар кишвари мо инсонҳое чун намояндагони сулолаи Ашуровҳо, ки шоёни ҳавасанд, бисёранд. Бигузор, доим комёб бошанд!

Дилмурод ҚИРҒИЗБОЕВ,

узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: