МАКТАБҲОИ ФАЪОЛУ ПЕШҚАДАМИ МАМЛАКАТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Тавре хабар додем, аз 15 май (соати 18:00) то 22 май (соати 18:00) дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” бо мақсади муайян кардани беҳтарин мактаби тоҷикии мамлакат пурсишнома гузаронида шуд. Дар он ҷамъ 8724 нафар овоз доданд.

Дар пурсишнома ба истиснои як-ду мактаб, дигар боргоҳҳои таълимӣ фаъол ширкат намуданд. Аммо маъмурияти баъзе мактабҳо аз рӯйи вайрон гардидани меъёрҳои адолат ва шаффофият дар раванди ҷамъоварии овозҳо ба мо муроҷиат карданд.

Маҳз бо назардошти ин муроҷиат ва шикоятҳо, дар муддати сипаришуда раванд аз ҷониби масъулу барномазон комилан омӯхта шуд. Бино ба хулосаи мутахассисон дар ҷараёни ҷамъоварии овозҳо аз ботҳои махсус истифода нашудааст.

Аз ин рӯ, метавонем гуфт, ки дар пурсишнома ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах (директор Сарибой Ярашев) бо ҷамъ овардани 2317 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд ва соҳиби 100 дона китоби бадеӣ гардиданд.

Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 51-уми кӯчаи Мустақиллики ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё (директор Диловар Иззатуллоев), ки 2153 овоз ҷамъ карданд, насиб кард. Ба ҷамоаи мактаб 75 дона китоби бадеӣ туҳфа карда мешавад.

Ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 11-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона (директор Ҳабиб Ҷӯраев) бо ҷамъ овардани 1819 овоз ҷойи сеюмро гирифта, имкони ба даст овардани 50 дона китоби бадеиро соҳиб шуданд.

Ҷамоаи мактабҳои таълими умумии 10 (ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё,1253 овоз), 58 (ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, 519 овоз), 9 (ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, 433 овоз), 21 (ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, 140 овоз) ва 43 (ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд, 90 овоз) мақомҳои баъдинаро ишғол карданд.

Ёдовар мекунем, ки бастаҳои китобҳои бадеӣ дар фурсати кӯтоҳ ба мактабҳо дастрас карда мешавад.

Ба ҳамаи ҳамватан ва ҳамзабонон, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Моро пайгирӣ кунед ва мо баҳри Шумо беҳтарин матолиб, маълумот ва наворҳоро аз ҳаёти Ӯзбекистон ва ҷаҳон пешкаш хоҳем кард.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: