БА ПИСАРОНУ ДУХТАРОНИ ХАТМКУНАНДАИ МАКТАБҲОИ МАМЛАКАТАМОН

Фарзандони қадрдони ман!

Пеш аз ҳама, Шумо азизонро бо рӯйдоди фараҳбахшу фаромӯшнашавандаи ҳаётатон – хатми бомуваффақияти таҳсили мактаб, гирифтани шаҳодатномаи камолот ва қадам ниҳоданатон ба ҳаёти мустақилона самимона табрику муборакбод мегӯям.

Дар ин айёми фархунда дар беш аз 10 ҳазор мактаби мамлакатамон бо иштироки омӯзгорони меҳрубон, падару модарони муҳтарам “занги охир” садо дода, ба шарафи беш аз 450 ҳазор ҷавонони хатмкунанда суханҳои нек иброз мегарданд.

Мо ҳам ба ин гуфторҳо аз таҳти дил ҳамроҳ шуда, ба писарону духтароне, ки бо орзую умедҳои калон барои оянда нақшаҳо мекашанд, дар татбиқи онҳо нерую тавоноии бузург ва омаду комёбиҳо таманно мекунем.

Бахусус, ба беш аз 11500 нафар фарзандонамон, ки мактабро бо медали тилло хатм мекунанд ва 2000 нафар соҳибони медалҳои нуқра, барои он ки дар таҳсилу азхудкунии дониш ва корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша барои ҳамсолонашон ибрат ва намуна буданд, табрику таҳнияти ҷудогонаи худро баён мекунем.

Ҷавонони хатмкунандаи азиз!

Имрӯз мо дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузурге, ки дар назди худ гузоштаем, дар қатори тамоми мардум, ба ҷавонони заковатманд, боҳунар, соҳибкор, ватандўст ва ҳамаҷониба баркамол такя мекунем.

Мо барои ҷиҳати бунёди Ӯзбекистони Нав ҳамчун неруи бузурги созанда иштирок кардани насли наврас – соҳибони ояндаи мо шароити заруриро фароҳам менамоем. Аз ҷумла, барои амиқ азхуд кардани илм ва касбу ҳунарҳои муосир, якҷоя бо забони модарӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ, соҳаҳои гуногуни эҷод ва соҳибкорӣ, ҳоло 201 муассисаи таҳсилоти олӣ, 598 техникум, мономарказ ва паркҳои технологӣ, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳанг, санъат ва варзиш фаъолияти босамар доранд.

Бо мақсади афзунсозии сифат ва натиҷадории корҳои таълимию тарбиявӣ дар тамоми зинаҳои таълим, васеъ намудани имкониятҳои интихоби ҷавонони хатмкунанда система ва барномаҳо, платформаҳои электронии нав ба нав ба кор андохта мешаванд.

Бовар дорам, ки шумо аз чунин имкониятҳои бузург оқилона истифода бурда, ҳар як дақиқаи чун тилло арзишманди ҷавонии худро қадр карда, дар оянда чун кадрҳои баркамол, инсонҳои бохираду олиҷаноб истиқлолияти Ватанамон, манфиатҳои халқу диёрамонро дар тамоми соҳаҳо далерона ҳифз мекунед, ба мардум аз таҳти дил хидмат менамоед.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки инсон барои дар зиндагӣ ҷои сазовор пайдо кардан, ба эҳтиром ва эътибори халқу диёр ноил шудан, бояд арзишҳои миллӣ ва умумибашариро аз бар намояд, пайваста ба пеш сайъ кунад ва ҳаргиз аз ҷустуҷӯву омӯхтан даст накашад.

Меҳнати ҳалол ва софдилона, садоқат ба дониш, касб, падару модар ва оила, бешубҳа, инсонро боло мебардорад, ҳаёти ӯро пурфайзу дурахшон менамояд.

Бахусус, шумо барин ҷавонони далер, боазму шуҷоатро он чиз зебанда аст, ки аз замони пуршиддат ибрат гирифта, ҳар рӯз ба натиҷаи муайян ноил шавед, иродаи худро дар санҷишҳо обутоб дода, танҳо ва танҳо ба пеш ҳаракат кунед.

Итминон дорам, ки ғоя ва ташаббусҳои нави Шумо, дастовардҳоятон дар соҳаҳои гуногун дар бунёди пояҳои моддию маънавие, ки Ӯзбекистони Навро боз ҳам тавонотар мегардонад, чун саҳми бебаҳо ҳамроҳ мешавад.

Аз Шумо, ҷавонони қавиирода, ки ба неруи худ эътимод доред, мактаби қадрдон, устодон ва падару модарони азизатон, тамоми халқи мо танҳо амалҳои нек ва натиҷаҳои дурахшонро интизоранд.

Ҳамеша ба чунин боварии бузург сазовор бошед!

Ҳеҷ гоҳ аз талош, ҷустуҷӯ ва эҷоди чизҳои нав хаста нашавед!

Қадамҳои аввалини шумо ба сӯи ҳаёти мустақил муборак бошад, писарону духтарони азизам!

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: