Андешаҳои коршиносони хориҷӣ дар бораи натиҷаҳои сафари нахустини Президенти Ӯзбекистон тӯли 20 соли охир ба Словения
Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Словения, ки 21-22 майи соли 2025 ба вуқӯъ пайваст, иқдоми муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба гардид, ки то ба наздикӣ, бо вуҷуди имкониятҳои зиёд барои ҳамкорӣ, ба назар намерасиданд.
Гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ омодагии ҳар ду ҷонибро нафақат ба мулоқоти махсуси сиёсӣ, балки фаъолтар кардани робитаҳои иқтисодӣ, сармоявӣ ва инсонпарварӣ намоиш доданд. Ҳуҷҷатҳо ва муоҳидаҳои имзошуда аз саъю кӯшишҳои Тошканд ва Люблян бобати ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибатҳо, ки ба татбиқ сохтани лоиҳа ва ташаббусҳои дарозмӯҳлат нигаронида шудаанд, шаҳодат медиҳанд.
Расонаҳои ахбори оммавии Словения дар арафа ва рӯзҳои баргузории ҳамоиши ӯзбекистониву словенӣ ташрифи сарвари давлати моро васеъ равшан карданд ва дар бораи рушду пешомадҳои ҳамкориҳои дуҷониба фаъолона хабар доданд.
Аз ҷумла, дар арафаи сафар нашрияи пешбари иттилоотии «Slovenia Times» мақолаеро интишор намуд, ки дар он нуқтаи назари стратегии ҳамкориҳои тарафайни минбаъда баён ёфтаанд, ҳамчунин доир ба иқтидори кишвари мо маълумот дода мешавад.
Дар мақола таъкид мегардад, ки ҳоло Ӯзбекистон даврони таърихии ислоҳоти демократӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев аз сар мегузаронад. Мамлакат худро ба сифати кишвари пешқадами минтақа, шарики боэътимоду муътамади байналхалқӣ муаррифӣ мекунад, ки бо дарназардошти манфиатҳо ва эҳтироми тарафайн дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ менамояд.
«Ӯзбекистон ва Словения омода ҳастанд ба даврони нав ҳамчун шарикони бисёрҷанбаи стратегӣ ворид шаванд, – қайд мегардад дар мақола. – Ба шарофати мубодилаи рӯзафзуни мол, вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои тарафайни сармоявӣ, мулоқоти фаъоли сиёсӣ ва рағбати зиёди ҷонибҳо пойдевор барои шарикии дарозмуҳлат ва бисёрҷанба мустаҳкам мешавад».
Дар навбати худ, баҳои коршиносон низ рағбати рӯзафзуни Словенияро ба Осиёи Марказӣ, ҳамчунин муносибати стратегии Ӯзбекистон ба диверсификатсияи шарикӣ дар Аврупоро тасдиқ менамояд. Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки сафар метавонад нуқтаи гардиш барои беш аз пеш муътадил ва амиқтар шудани кооператсияи байни ду мамлакат гардад.
Директори Маркази омӯзиши амнияти энергетикии Донишгоҳи Жэнмин Лю Сюи (ҶМЧ):
– Сафари мазкур аҳамияти таърихӣ дорад ва давраи нави мустаҳкам шудани робитаҳои Ӯзбекистон бо Аврупоро нишон медиҳад. Пеш аз ҳама, он санад нодир аст, ки ташриф дар соли таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ӯзбекистониву словенӣ баргузор мегардад.
Алҳол мо мушоҳида мекунем, ки муносибати Ӯзбекистон бо давлатҳои Аврупо ва аъзои Иттиҳоди Аврупо фаъолтар мегардад. Ба қарибӣ Самарқанд ҳамоиши нахустини сарони ҷамъомади «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо»-ро қабул кард.
Бинобар ин, пурзӯр гардидани ҳамкориҳои тарафайн бо Аврупои Марказӣ ва Шимолу Ғарбии Балкан дар симои Люблян, ки низ узви Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, ба манфиатҳои сиёсати хориҷии Тошканд пурра ҷавобгӯ мебошад.
Алҳол дар шароити номафҳум мондани муносибатҳои кунунии байналхалқӣ ва афзудани маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ҳар ду мамлакат маҷбуранд бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи худро дарёбанд.
Аз ин нуқтаи назар Ӯзбекистон таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев ба сифати муҳаррики Осиёи Марказӣ барои барқарор намудани робитаҳои мустаҳками тиҷоративу нақлиётӣ бо тамоми минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, аз он ҷумла Словения низ саъй менамояд.
Бидуни шубҳа, сафар нафақат дар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, балки бобати вусъат додани мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ қадами муҳим хоҳад шуд, ки ҷузви асосии шарикии пойдор ва барои ҷонибҳо муфид ба шумор меравад.
Сармоя ва технологияҳои аврупоӣ, аз он ҷумла аз Словения, бобати рушди бозсозии иқтисодиёти Ӯзбекистон нақш мебозанд, ба пешрафти некуҳолии халқ ва таҳкими эътидоли минтақа мусоидат мекунанд.
Коршиносони чинӣ бовар доранд, ки ин чорабиниҳо ба рушди иқтисодии нафақат Ӯзбекистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад.
Директори Маркази тадқиқоти минтақавии Донишгоҳи Пешовар, профессор Шабир Аҳмад Хон (Покистон):
– Вохӯрии роҳбарон дар Люблян нафақат аз нуқтаи назари муносибати ду мамлакат, балки аз нуқтаи назари равандҳои геоиқтисодии фазои васеи Авроосиё воқеаи муҳим ба шумор меравад.
Ман ба сифати коршиноси мустақил ба ин гуфтушунидҳои сатҳи олӣ, ки пас аз 20 соли танаффус баргузор шуд, ҳамчун натиҷаи самарабахшу дурандешонаи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон баҳо медиҳам.
Сиёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Словения ва умуман бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ташаббусҳои ӯ бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар пояи самт ва лоиҳаҳои дақиқ дар соҳаҳои технологияҳои замонавӣ, доруворӣ, кооператсияи саноатӣ, таълим сазовори эътибори махсус мебошанд.
Ӯзбекистони кунуниро метавон муҳаррике гуфт, ки қаробати байни минтақавиро фаъолона пеш мебарад. Ташаббусҳои мамлакат бобати ворид шудан ба бозорҳои Аврупо аз тариқи бандари Копери Словения ба минбаъд амиқсозии қаробати Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои нақлиёт, савдо ва инфрасохтор мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамкориҳои мунтазаму муташаккил дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ имкон медиҳанд аз бартариҳои демографии мамлакат самарабахш истифода бурда шавад, маҳаки тайёр кардани қувваҳои корӣ ба меъёрҳои бозору байналхалқии меҳнат ба миён ояд, сифати тайёркунии кадрҳо баланд бардошта шавад. Дар Покистон низ ба омӯхтани таҷриба ва амалияи пешқадами соҳаи мазкур рағбати зиёд дода мешавад.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму таълим, анҷуманҳои ҷавонон ва барномаҳои муштараки таълимӣ аз саъю кӯшишҳои тарафайни ду кишвар бобати инкишоф додани «дипломатияи зеҳнӣ» шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ бо истифода аз сармояи инсонӣ асоси мустаҳкам барои муносибатҳои дарозмуҳлати байни ду мамлакат фароҳам оварда мешавад.
Ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Словения натиҷаи манфиатҳои тарафайни ду кишвар, садоқати онҳо ба эътидоли минтақавӣ ва шарикии байналхалқӣ ба шумор меравад.
Ин муносибатҳоро эътимоди тарафайни байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар оянда беш аз пеш мустаҳкам менамояд, ки боиси рушди ҳарчи зудтари ҳамкориҳои муътадил, самарабахш ва мувофиқи мақсад мегардад.
Корманди илмии Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Виктор Ким:
– Идомати сафари аврупоии сарвари Ӯзбекистон ва ташрифи ӯ ба Словения ин сиёсати дурандешонаи хориҷии Ӯзбекистон бобати вусъат додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Сафар дар соли таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори рушди дипломатияи ӯзбекистониву словенӣ мегузарад, ки дар вазъи рушди фаъол қарор дорад, ҳамчунин барои вусъат додан ва амиқ кардани тамоми самтҳо имкониятҳои зиёд медиҳад.
Метавон пешгӯйӣ кард, ки мулоқоти сатҳи олӣ дар Люблян байни Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Словения Наташа Пирс Мусар, ҳамчунин дигар роҳбарони мамлакат ба муносибатҳои дуҷониба такони нав мебахшад, уфуқҳои навро боз мекунад.
Коршиноси недерландӣ оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Филипп Виҷерс:
– Сафар дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Словения давраи муҳим гардид. Вай саъю кӯшиши ҳар ду ҷонибро ба вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, пешбурди шарикиҳои нави корчаллонӣ, ҳамчунин амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистон бо бозорҳои Иттиҳоди Аврупоро таъкид кард.
Мақсади асосии ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев фаъолтар кардани алоқаҳои муфиди тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ бо дарназардошти татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла саноат, доруворӣ, электротехника, энергетикаи «сабз» ва хоҷагии қишлоқ мебошад.
Словения ҳамчун давлати узви Иттиҳоди Аврупо ба сифати майдони стратегии ба бозорҳои васеътари аврупоӣ баромадани Ӯзбекистон дар назар дошта мешавад. Сафар дар партави рушди устувори мубодилаи моли Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Дар соли 2024-ум содироти Ӯзбекистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба 1,7 миллиард доллари ИМА расид.
Ӯзбекистон ва Словения дар назди худ мақсадҳои бузург – то ба 500 миллион доллари ИМА расондани мубодилаи моли тарафайнро аз ҳисоби диверсификатсияи савдо дар самтҳои бофандагӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, доруворӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва молҳои арзиши иловагиашон баланд гузоштаанд.
Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Словения ба сифати катализатори давраи нави шарикӣ баррасӣ мегардад, ки нафақат ба мустаҳкам намудани муносибатҳои ӯзбекистониву словенӣ, балки ба вусъат додани ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистон умуман бо Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудааст.
Муътақидам, ки натиҷаҳои сафар ба ҷалби сармояҳои нав, фароҳам омадани имкониятҳои содиротӣ, ҳамчунин рағбатноксозии инноватсияҳо ва мубодилаи дониш мусоидат мекунанд. Ҳамаи ин ба ҳар ду мамлакат манфиат меоварад ва ба рушди минбаъдаву диверсификатсияи иқтисодиёти Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
АИ «Дунё».