БА ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ХОНАҲОИ НАВ СУПУРДА ШУД

Дар ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах ба хидматчиёни ҳарбии сарҳадӣ ва оилаҳои онҳо калиди 20-то хонадон супурда шуд.

Дар чорабинии ботантана иштирокдорон соҳибони хонадонҳоро самимона табрик намуда, оиди салоҳияти артиши миллӣ, ислоҳоти нави дастгирии ҳарбиён ҳарф заданд.

– Аз шароите, ки барои ҳарбиён омода кардаанд, мамнун ҳастем, – мегӯяд хидматчии ҳарбии сарҳадии Хидмати амнияти давлатӣ Бувохон Носиров. – чунин эътибор ва ғамхорӣ масъулияти ба зиммаамон гузоштаро боз ҳам зиёд мегардонад. Дар ҳифзи сарҳади Ватан нирӯ ва шуҷоатамонро дареғ намедорем.

Ҳамон рӯз ба шаҳрчаи ҳарбиён бинои маъмурӣ, хобгоҳ, хонаи маънавият, ошхона, толори варзишӣ, дукони савдо, истгоҳи автомобилҳо низ ба истифода супурда шуданд.

Ба шаҳрча баҳри сарфакорона истифода бурдан аз неруи барқ панелҳои офтобии дорои 30 кВт васл карда шудаанд.

 

Суратгир: Ҷ. Ёрбеков. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: