НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ: РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ ТАҲКИМ МЕЁБАНД

7-17 майи соли равон дар маҷмааи Имом Хумайнии пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон таҳти шиори «Барои Эрон бихонем» 36-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ яке аз бузургтарин намоишгоҳи китоб дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ ба шумор меравад, ки имсол дар он намояндагони қариб 2400 нашриёти маҳаллӣ ва 600 нашриёти хориҷӣ аз давлатҳои Ироқ, Лубнон, Афғонистон, Туркия, Олмон, давлатҳои узви БРИКС китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ барои нашриётҳои оммавӣ, кӯдакон ва наврасон, таълимӣ, донишгоҳ ва рақамӣ шуъбаҳои алоҳида ташкил гардиданд. Бори аввал толори «Технологияҳои нашр» ифтитоҳ ёфта, ғоя ва технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобу китобхонӣ муаррифӣ шуданд.

Нахустин давраи «Tehran Fellowship» ба адабиёти кӯдакон ва наврасон бахшида шуда, ҷамъомади гурӯҳи кории фарҳангии давлатҳои узви БРИКС низ доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ Саид Аббос Солеҳӣ ва вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва осори бостонии Ироқ Аҳмад Факок ал-Бадронӣ ширкат намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои хоҳишмандон намоишгоҳ ба таври маҷозӣ, яъне тавассути ketab.ir низ ташкил гардид. Тавассути ин веб-платформа, корбарон тавонистанд китобҳои дилхоҳашонро дар интернет ба тариқи онлайн харидорӣ кунанд.

13 май дар доираи намоишгоҳ рӯнамоии «Хоҷагон – тариқати нақшбандия ва ҳафт пир» ном китоби камина, ки дар нашриёти «Мавло» бо забони форсӣ-тоҷикӣ нашр шудааст, баргузор гардид.

Дар тақдимот олимони маъруфи мутасаввифи Эрон Эҳсонуллоҳ Шукруллоҳ, Маҳмуд Ҷаъфари Деҳақӣ, Беҳрӯз Имонӣ, Муртазо Ризвонфар дар бораи аҳамияти асар ҳарф заданд ва таъкид карданд, ки муаллиф дар китоб таърихи тасаввуфи Осиёи Миёнаро бар пояи илмӣ баррасӣ намсудааст.

Инчунин, дар шуъба, ки таҳти унвони «Шоҳнома ва забони порсӣ» амал мекард, баромад карда, дар бораи аҳамияти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, тарҷумаи ин асари мондагор ба забони ӯзбекӣ, хидмати шоистаи шарқшиноси маъруф Шоислом Шомуҳаммедов дар ин самт ва дигар намунаҳои адабиёти мумтоз ҳарф задам.

Инчунин рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ баргузор гардид, ки дар он камина қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакиро қироат кардам.

Инчунин, тибқи барномаи намоишгоҳ ҳайати намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар анҷумани Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ иштирок карданд. Чорабиниро раиси созмон Муҳаммад Маҳдии Имонипур ифтитоҳ бахшида, дар он олимони эроншинос аз Русия, Чин, Ҳиндустон, Урдун ва дигар давлатҳо баромад карданд.

Инчунин, ҳайати намояндагон аз Китобхонаи марказӣ ва маркази асноди Донишгоҳи Теҳрон, Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ (Маркази пажӯҳишҳои эронӣ ва исломӣ), Маркази ҳавзаи ҳунарӣ дидан карданд.

Дар китобхона бо дастнависҳои бостонӣ, асноди бойгонӣ шинос шудем ва дар мавриди тартиби барқароркунии онҳо маълумот гирифтем.

Бояд гуфт, ки Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ соли 1983 аз тарафи Саид Козими Мусавии Буҷнурдӣ бунёд гардида, мақсади он тадвин ва интишори донишномаҳои умумӣ ва тахассусӣ ва кутуби марҷаъ дар абъоди мухталифи таълими башарӣ, ба хусус, фарҳанг ва тамаддуни исломиву эронӣ аст. Ин марказ сиву як сол аст, ки машғули тадвини «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ» ба се забон – форсӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад. Дар канори ин кори азим, донишномаҳои дигар, мисли «Донишномаи Эрони бостон», «Донишномаи ҳуқуқ», «Донишномаи забонҳо ва гӯишҳои Эрон», «Донишномаи Эрон», «Донишномаи Теҳрони бузург», «Донишномаи фарҳанги мардуми Эрон», «Донишномаи ҳунар» ва «Донишномаи халиҷи Форс» ва «Таърихи ҷомеъи Эрон» дар дасти тадвин аст.

Бо як сухан, иштироки фаъоли ноширони дохиливу хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ва баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангӣ дар ҳошияи он, барои таҳкими равобити фарҳангӣ, рушди ҳамкорӣ, табодули таҷриба, инчунин, пешбурди маданияти китобхонӣ мусоидат мекунад.

Комилҷон РАҲИМОВ,

корманди пешбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои  Ӯзбекистон, доктори фанҳои таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: