Ба муносибати таҷлили Рӯзи байналхалқии оила бинои хушсохту замонавии «Нурониён»-и вилояти Самарқанд ба истифода супурда шуд ва оилаҳои ибратнок қадршиносӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев, раиси хазинаи ҷумҳурии «Нурониён» Содиқҷон Турдиев, фаъолони нурониёни шаҳру ноҳияҳои вилоят, вакилони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.
Ҳозирон аввал бинои навро аз назар гузаронида, сипас дар толори хушҳавои калону равшан ҷамъ омада, дар анҷумани эътирофи оилаҳои ибратнок иштирок намуданд.
– Оила – яке аз шоҳасари табиат, ҷамъияти хурдтараки мӯъҷаз аст, – гуфт соҳиби медали «Ибратли оила» аз ноҳияи Самарқанд Дилафрӯз Ҳайдарова, – аммо муҳити солими маънавӣ, анъанаҳои неки миллӣ, тарбияти фарзандону наберагон барои осоиштагӣ ва ибратбахшу лоиқи таҳсину ситоиш гардидани оила нақши муҳим мебозад.
Камина хеле хушҳол ҳастам, ки соҳиби медали «Ибратли оила» шудам, ки он бо ташаббуси сарвари давлатамон таъсис ёфтааст. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки таҷрибаи худро дар ноҳия паҳн намоям. Зеро сад афсӯс, ки солҳои охир баъзе оилаҳои ҷавон зуд вайрон мешаванд ва он мусибат аст барои волидайн ва ҷамъият.
Зоҳир Ҳасанзода,
вилояти Самарқанд.