Китоби «Овози тоҷик»: сад соли пуровоза»-ро, ки ба муносибати 100-умин солгарди ин нашрияи маҳбуби мо дар нашриёти «Маҳорат» бо саъю эҳтимоми кормандони рӯзнома ба чоп расидааст, бо камоли майл ва завқу шавқ мутолиа намудам. Мураттибон кори хеле некро анҷом додаанд.
Маҷмӯаи фавқуззикр саҳифаҳои заррини таърихи «Овози тоҷик»-ро дар бар гирифтааст. Мо аз тариқи ин китоб бо арбобони барҷастаи матбуот, рӯзноманигорони варзида мухтасар шинос шудем. Албатта, дар бораи боз чандин дилбастагони рӯзнома, хабарнигорони ҷамоатии он тӯли солҳои мухталиф таҳия кардан ва ғунҷонидани мақолаҳо дар як китоб кори осон нест. Аммо, дер бошад ҳам, зикри хайри онҳо аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Таърих гувоҳ аст, ки аз солҳои аввали нашри «Овози тоҷик» чанд нафар қаламкашон, адибони номвари истаравшанӣ (ӯротеппагӣ) низ дар идораи он кору эҷод кардаанд, баъзеашон дар Истаравшан зиста, то охири умр бо рӯзнома ҳамкории наздик доштанд. Ҳақ бар ҷониби муаллифони мақолаи «Рӯзҳои фаромӯшнопазир дар зодгоҳи Шайх Камол» Муҳаммадҷон Шодиев ва Тоҷибой Икромов («Овози тоҷик», 31 октябри с. 2023) аст, ки навиштаанд: «Шоистаи зикр аст, ки дастпарварони ин минтақа дар нахустин солҳои нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» тақдири худро бо ин нашрияи овозадор пайвастаанд ва рӯзномаву хонандагони он аз хидмату осори илмиву адабӣ ва иҷтимоии Бобоҷон Ғафуров, Аъзам Сидқӣ, Разиюлло Абдуллозода, Суҳайли Ҷавҳаризода, Шавкат Ниёзов баҳраҳо бурдаанд».
Мо ин ҷо дар бораи яке аз ин фидоиёни «Овози тоҷик», ки дар боло номашон зикр шуд, устод Разиюлло Абдуллозода чанд сухан гуфтанӣ ҳастем. Шоир ва тарҷумон, фолклоршинос, омӯзгори номӣ Р.Абдуллозодаро аз овони бачагӣ мешинохтам. Ӯ дар мактаби рақами якуми шаҳр аз забон ва адабиёт, матни классикии тоҷик дарс медод. Ягон чорабинии адабию фарҳангӣ бе иштироки вай намегузашт. Дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва марказӣ мақолаҳояшро мунтазам мехондем. Бо тахаллуси «Расмӣ» шеър мегуфт. Аз ҷумла, асараш зери унвони «Ибораҳои халқӣ» сарчашмаи нодирест оид ба шеваи гуфтори истаравшаниҳо.
Бино ба қайди академик Аҳрор Мухторов дар китоби «Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик дар асри XIX ва ибтидои асри XX» маҳз Разиюлло Абдуллозода соли 1966 аввалин шуда аз дастхати асарҳои шоираи маърифатпарвар, зодаи Истаравшани бостонӣ Дилшоди Барно (1800-1905/6), хусусан, «Таърихи муҳоҷирон»-и вай бохабар шуда, олимонро ба омӯзиши рӯзгор ва эҷодиёти ин шоира ҷалб намудааст.
Р.Абдуллозода 13 марти соли 1912 таваллуд шуда, 19 феврали соли 1995 даргузаштааст. Аз ҳасби ҳолаш маълум, ки соли 1930 техникуми иқтисодию саноатии Тошкандро хатм намуда, сипас дар Донишкадаи педагогии Душанбе таҳсили илм кардааст. Бино ба нақли худи нависанда ва рӯзноманигор ӯ ҳамкориро бо «Овози тоҷик» аз солҳои 30-юми асри ХХ оғоз намуд. Ва ин садоқату ҳамкорӣ қариб то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ идома дошт. (Охирин номаҳое, ки ӯ ба идораи рӯзнома ва радиои ҷумҳурӣ фиристодааст, декабри соли 1992 сабт шудаанд. Ба гумони мо гусаста шудани робитаҳои ду ҷумҳурӣ дар соҳоти гуногун, аз ҷумла дар соҳаи почта сабабгори қатъи мукотибаҳо шудааст).
...Октябри соли 1990 бо супориши сармуҳаррири рӯзномаи он вақти «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») Шавкат Ниёзов барои иштирок дар маросимҳои 90-умин солгарди шоир ва рӯзноманигор Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки низ солҳои зиёд хабарнигори «Овози тоҷик» будааст, ба Истаравшан рафтам. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ имкон доштам бо Абдуллозода – ин шахси бомаърифат ва рӯшанфикр ҳамсуҳбат шавам. Мулоқот бо ӯ бинобар боодобона, бидуни лаҳҷа, шоирона буданаш касро ба худ ҷалб мекард.
Ҳамин тариқ ман шефтаи суҳбатҳои ин марди хирад шудам ва ҳар гоҳе озими Истаравшан шавам, ҳатман ба дидораш мешитофтам, салому паёмҳои устод Ниёзов, аҳли қалами таҳририятро мерасонидам.
Вале, ростӣ, устодро аслан дар Тошканд аз навиштаҳояш бештар шинохтаму омӯхтам. Зеро мутолиаи пайвастаи номаҳо, мақолаву шеърҳо, панду андарзҳои Разиюлло Абдуллозода, ки ба унвони рӯзнома ва шуъбаи тоҷикии радиои Ӯзбекистон мерасиданд, маро ба олами аҷибу инсонӣ ва эҷодии ӯ аз наздик ошно намуданд. Ин якчанд сабаб дошт.
Аввалан, устод ҳусни хати хеле зебою хоно дошт. Ҳамин ҳусни хат ҳам касро водор мекард, ки номаҳояшро бихонад. Ҳар як нома нигораҳои шеърӣ, дуову таманноҳои нек дошт. Шояд шахсе баробари вай дар навиштани мактуб маҳорат надошта бошад! Баҳори соли 1995 аз марги қаламкаши боистеъдод, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Р.Абдуллозода хабар расид. Ман номаҳо ва чанде аз намунаҳои эҷодашро, ки дар бойгонии шахсиам маҳфуз медоштам, зери сарлавҳаи «Ал хатту нисф-ул-мулоқоти» (ин ибораи арабиро устод қариб дар ҳар як мактубашон менавишт, ки маънияш «Хат, нома – баробари нисфи мулоқот») таҳия намудам. Он бо хотираҳои камина ва чанд акси номаҳои ҳикматангези устод дар шумораи 29 марти соли 1995-уми рӯзнома чоп шуд.
Сониян, Р.Абдуллозода дар ҳар жанре, ки эҷод мекард, намунаҳояшро ба Тошканд ирсол менамуд, ки хонданӣ ва таъсирбахш буданд, зиёда аз ин маълумоти ғанӣ доштанд. Тавассути ин номаҳо аз вазъи адабии Тоҷикистон, билхосса Истаравшан воқиф мешудам.
Устод дар яке аз мактубҳо ба Ш.Ниёзов баъд аз таманноҳои нек чунин рози дил кардааст: «Зиёда аз 3 моҳ аст камина нотоб, ранҷур ҳастам. Мана зиёда аз 15 рӯз мешавад, ки ба кӯча ҳам намебароям. Хайр майлаш. «Ӯст султон, ҳар чӣ хоҳад он кунад». Бародари азиз! Кори хайр карда будед, ки «Нома ба адибон» чоп шудааст. Ба хаёлам вай ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ боқӣ монд. Мана аллакай марҳум Ҷалол Икромӣ нестанд, устод Улуғзода нотоби сахт дар Москав, муҳтарам рафиқ Раҳим Ҳошим дар синни 85, низ нотобу ранҷур... Камина-чӣ? Пайрави онҳо, аз синни 82-солагӣ нафас мегирам, аммо нафасҳои вазнин. Мана, ин мақола дар бораи аҳли шуарои Ӯротеппа, махсусан мутааххирин. Он чизҳоеро, ки инҷо навишта шудааст, дар аксари он иштирок варзидаам. Агар лозим донеду ба чопаш иҷозат фармоед, ба хаёлам ин ҳам ҳамчун як ҳуҷҷати таърихӣ чи барои имрӯзагон ва чи барои ояндагон як армуғони пурбаҳое мешавад».
Сеюм, Р.Абдуллозода ҳамчун муаллифи мақолаву шеър, дубайтӣ ва маснавию пандномаҳои баландмазмунаш боре ҳам аз кормандони редаксия талаб намекард, ки навиштаҳояшро ҳатман чоп кунанд. Зимнан бо лутфу самимияти хеле хуш ихтиёри чопро ба ҳукми кормандони таҳририят вогузор менамуд. Инак, далел: «Ҳамин шеърҳоро ба ихтиёри шумо ирсол фармуда, хоҳише дорам, ки агар мақбули табъ шавад, имдод ба чопаш мерасонидед. Ягон рубрикаи «Шеърҳои нав» гузошта, ба 2-3-тояш ҷой дода шавад, ба фикрам, хуб мешуд, боз худатон медонед». Ин муроҷиат ба сармуҳаррир Шавкат Ниёзов тавассути камина: «Мақолаи «Инҳо тавъамони якдигаранд»-ро (дар бораи дӯстии адибони тоҷику ӯзбек – Ш.М.) мӯҳтарам рафиқ Ниёзов нагирифта будаанд. Инак, нусхаи дуюмашро ба шумо фиристонидам. Хоҳишмандам, аз назари мутолиа гузаронанд ва агар мақбул шавад, ба чопаш кӯмакрасонӣ кунанд».
Ҳамин чанд нома далел бар он аст, ки Разиюлло Абдуллозода инсони хоксору дорои маданияти баланди муоширату муомила буданд. Номаи зерин, ки дар таърихи 19 июни соли 1992 иншо шудааст, бо чунин суханони илтимосомез (на шарту талаб) поён ёфтааст: «Мақолаи дар бораи «Одамӣ ва қадршиносӣ»-ро лозим донистам, ки ба шумо ирсол фармоям, зеро сабаби ба ҷои дигар нафиристонданам ин аст, ки рости гап, қадршиносон кам мондаанд. Як маротиба хонда бароед, агар лозим донед, ба чопаш рухсат фармуданатонро илтимос менамоям».
Ин инсони хирадманд ва рӯзгордида дар номаҳояш ҳамеша аз зиндагӣ, хусусан, аз ҳамкорӣ бо «Овози тоҷик» ва шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ шукргузор буд, вале боре (дар номааш аз 28 декабри соли 1990) чунин шиква мекунад: «Камина ҳанӯз дар солҳои 1930 бо хабару мақолаҳо ва майда-майда шеъру ҳикояҳои худ ба рӯзномаи «Овози тоҷик» иштирок доштам (дар ин бора хотираҳоям дар газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳам чоп шуда буд). Мутаассиф, дар рӯзномаи ҷашнӣ чизе гуфта нашудааст».
Ҳар як мақола ё шеър, ҳикояи хурди муаллиф, бешак таваҷҷуҳи муштариёни рӯзномаро ҷалб менамуданд, олами маънавию ахлоқии онҳоро ғанӣ мекарданд, ба ҷавонон дарси одамият медоданд.
Фикр мекунам, овардани пораҳое аз номаҳои устод дар ин мақолаи мухтасари мо зикри ёд, хидмат ва садоқати Абдуллозода нисбати «Овози тоҷик» хоҳад шуд.
Шоқаҳҳори Муҳаббатзод,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.