КАЙҲОНМАРДИ ПАЛАНГИНАПӮШ

(Достони ривоятӣ-бадеӣ)

Дар замонҳои хеле қадим, вақте ки дар рӯйи замин динозаврҳо ва калтакалосҳои бузургҷусса зиндагонӣ мекарданд, одам мавҷуд набуд. Ҷангалзорҳои анбӯҳ ва чакалакзорҳо рӯйи заминро пӯшонда буданд. Дар қуллаҳои кӯҳсори сарбафалак барфҳо ва пиряхҳо сол ба сол захира шуда, танҳо баҳорон, баъди борон обҳои худро ба поён ҷорӣ мекарданд. Зимистон дуру дароз ва тобистон ҳамагӣ ду моҳ буд.

Ана дар ҳамон вақтҳо ҳафт фариштаи осмонӣ ба Ҳурмузд сайёраи Заминро туҳфа намуда, боду ҳавояшро муътадил кардаанд. Баъд ба ӯ иҷозат додаанд, ки аз ҳафт сайёраи дигар беҳтарин чизҳоро ҷамъ карда, ба Замин фурорад ва онро обод намояд. Ҳурмузд хушҳол ба кор шурӯъ кардааст.

Наботот, ҳайвонот, паррандаҳо, об, кӯҳҳо, хок ва ҳаворо дар панҷ садсола бунёд карда, садсолаи шашум одамро офаридааст. Барои офаридани одам ӯ қуллаи баландтарини заминро, ки сарсабзу серғизо, ҳавояш мусаффо ва куҳсораш обшор будааст, интихоб кардааст. Давоми ҳафтод рӯз ранҷ бурда, дар назди баҳри Дутоия, ки Ҳурмузд он ҷо зиндагонии рӯизаминиро оғоз карда буд, одами накӯсиришт – Кайҳонмардро офаридааст.

Кайҳонмард аввалин одам буд, ки дар қуллаи баландтарини рӯйи замин, дар шафати баҳри Дутоия чашм ба дунё кушодааст. Сипас Ҳурмузд ба ӯ ҷуфте офаридааст бо номи Зан. Шоҳи ҷаҳон – Кайҳонмард рӯйи фарзандони зиёдеро дид. Аз байни ҳайвонот ба сифати дӯст сагро интихоб кард, ки ӯро ҳеч гоҳ фиреб надиҳад, дӯсти содиқ шавад. Дар шикор ва ҳама кор саг ҳамроҳи ӯ буд. Баъд ҳайвоноти гуногуни ваҳширо ба хона оварда, онҳоро ҷуфт кард. Шумораи онҳо зиёд шуд. Баъд растаниҳои гуногунро парвариш карда, барои ғизо ва шифо ба кор бурд.

Рӯзе аз рӯзҳо аз корҳои ободонии рӯйи замин Аҳриман – деви баттолу бадкирдор хабар ёфт. Ӯ Кайҳонмардро нобуд карданӣ шуд. Заминро мисли дигар сайёраҳо ба торикистон табдил додан хост. Ободонии рӯйи замин роҳи нафасашро танг, равшанӣ чашмонашро тира мекард.

Аҳриман ба бадкирдорӣ оғоз намуд. Аввал хост Офтобро сӯйи Замин тела диҳад. Офтоб ба Замин наздик шуд. Ба қуллаҳои барфу пиряхсори Замин аз бомдод то шом шаъшаъапошӣ кард. Барфу пиряхҳо об шуданд. Туғёни об аз санг ба санг ҷаҳида сӯйи заминҳои поёнӣ шорида рафтанд. Нияти бади Аҳриман бар бод рафт. Роҳи об кушода, заминро ободу сарсабзтар карданд. Ин шоҳроҳи об номи дарёи Омуро гирифт.

Сипас Аҳриман шамолро ба кор андохт. Ӯ гирдоби шамолро аз заминҳои афғон бардошта, сӯйи Кайҳонмард пуф кард. Боди афғон бонге дардода ва тан ба қуллаҳои барфпӯш заду нафасаш ба дарун зад. Сипас, Аҳриман ба ситораҳо фармуд, ки Кайҳонмардро нобуд кунанд. Ҳурмузди нексиришт бо сайёраҳо машварат карда, ҳафт ситораи дурахшонтаринро болои қуллаҳо ҷамъ овард ва фармуд, ки ба Кайҳонмард роҳи зиндагиашро нишон дода истанд ва бо Аҳримани баттол қаробат наҷӯянд. Силсилаи ҳафт парвин роҳнамои ориёиён шуд.  Дигар ситораҳо низ ин амалро пеш гирифтанд.

Аҳриман ба ғазаб омад, қасди нобуд кардани Кайҳонвард ӯро раҳо намекард. Ӯ зилзиларо ба кор андохтанӣ шуд. Қаъри сияҳи замин, ки аз ҳаёти болои замин бехабар буд, ба ғулғула даромад. Садои ваҳшатангезе бархост. Паррандагон аз замин парида ба осмон парвоз карданд, ҳайвонот ба навҳаҳои худ дили осмонро шикофтанд. Зилзилаи сахте заминро ба ларза овард. Ҳурмузд ҳафт қуллаи заминро бо дастони пурмеҳру сиришти некаш ба оғӯш кашид ва осуда намуд. Ҳафт қуллаи кӯҳсор мисли ҳафт бародар дар канори ҳам наҷунбида устувор истоданд. Зилзила қатъ гардид. Ҳафт силсилаи кӯҳ бо номҳои гуногун гирди кӯҳи Пойи Меҳр ҷамъ шуданд. Дар баъзе ҷойҳо обҳо аз рӯйи замин ба зер роҳ ёфта, пинҳон шуданд.

Аҳриман баҳри Дутоияро, ки дар канораш Кайҳонмард офарида шуда буд, макони девони сиёҳ ва мору аждаҳо қарор дод. Ҳар шаб аз сӯйи баҳр садоҳои гуногун омада, дар дили Кайҳонмард ва аҳли оилааш бим меангехт. Писари Кайҳонмард – Сиёмак бар зидди Аҳриман ба набард бархост, вале Аҳриман ӯро нобуд кард. Сипас наберааш Ҳушанг бо бобояш бар зидди Аҳриман сар бардошта, ӯро нест кард ва одамонро аз ҷанги бадкирдор халос карданд.

Ватани Кайҳонмард баҳри Дутоия баъд аз ин воқеа дуранга шуд. Оби тозаву шаффофи болои баҳр, ба хотири Ҳушанг яшмфом, оби поён чун палидиҳои Аҳриман сиёҳфом гардид. Худи Аҳриман аз ноомади кори худ дарғазаб шуда, пора-пора гардид ва ба заррачаҳои пароканда табдил ёфт.

Бо маслиҳати Ҳурмузди поксиришт Кайҳонмард замини навофаридаро Ориё ном ниҳод ва насли худро ориёӣ ба забон гирифт. Ӯ подшоҳии худро дар рӯйи замин давом дода, насли ориёнро идома бахшид. Писарону духтарон, набераҳову абераҳояш зиёд шуданд. Худаш ҳеч гоҳ аз кор намемонд. Заминро обод кард. Одамонро ба меҳнат одат кунонид. Фарохнои ориё қад-қади Ому аз кӯҳистону боғистон гузашта, то ба биёбонҳову бешазорҳо, уқёнусу пиряхқуллаҳои тавоно доман густурд.

Кайҳонмарди ҷасуру тавоно наберааш Ҳушангро хеле дӯст медошт ва доимо ҳамроҳи худ мегирифт. Боре дар шикор онҳо ҳайвони ваҳшиеро шикор карданӣ шуда, сӯяш санг партофтанд. Санг на ба ҳайвон, балки ба санг зада, шарора аз он парид. Аз шарора оташ фурӯзон шуд. Кайҳонмард чӯби оташинро гирифта сӯйи ҳайвонҳои калони ваҳшӣ давид. Хирсу шер ва бабрҳои ҷангалӣ аз ӯ тарсида гурехтанд. Паланги ваҳширо шикор кард ва аз пӯсти он барои худ ва аҳли оилааш либоси гарм омода кард. Ҳамин тавр Кайҳонмард либоси баргиашро ба пӯсти паланг иваз намуда, байни хешу ақрабо бо номи шоҳи палангинапӯш машҳур шуд. Бо мурури вақт онҳо ҳама либосҳояшонро ба чарм ва пӯсти паланг иваз кардаанд.

Оташро ба ғорҳояшон дароварда, гирди он ҷамъ мешуданд, ба шарафи Ҳурмузди накӯкор, ки Кайҳонмардро офарид, гоҳе суруд мехонданд, ки номи «Гоҳҳо»-ро гирифт. Дуоҳои нек мекарданд. Чун оташро баҳорон, вақти баробар будани шабу рӯз, пайдо карда буданд, ба шарафи он иде ташкил доданд, ки бо Наврӯз мегузаронидагӣ шуданд. Шабу рӯзи наврӯзӣ сӣ малак, сӣ рӯз ба хонаи ориёиҳо омада, нури чароғро гиронда, ба кӯдакони онҳо хӯрданиҳои гуногун ҳадя мекарданд. Одамон бо ҳафт хел таом, ҳафт рӯз сари хон ҷамъ омада, рӯйи оташдон хӯроки наврӯзӣ – суманак мепухтанд. Бо хости Худо дар рӯзи наврӯзӣ шабу рӯз, ки давоми сол нобаробар буд, 12 соатӣ шуд. Ана ҳамон рӯз сӣ малаки осмонӣ, ки солро ба 12 моҳ тақсим карда буданд, ба хонаи мардум омада, ба онҳо аз сабзаи гандум пухтани суманакро ёд доданд. Одамон гирди оташ ҷамъ омада, гарм мешуданд, аз равшании он баҳра мебардоштанд, пирон дар нӯги чӯбак пахта печонида, ба равған мезаданду оташак дардода, дуоҳои нек ба забон меоварданд. Оташро парастиш мекардагӣ шуданд.

Дар кӯҳистон лаълу сим зиёд буд. Одамон аз чарм халта дӯхта, лаълу симҳоро гирифта ба заминҳои поён мефаромадагӣ шуданд. Ба онҳо ситораҳои осмон роҳнамо буд. Ба ҳафт кишвари поён пайроҳаҳо кушода шуданд. Баъд аз ин, ҳар рӯзи ҳафта ба шаҳрҳои калони ягон самт одамон фаромаданро ёд гирифтанд. Рӯзи якшанбе ба Чину Мочин, рӯзи душанбе ба Ҳисору Бохтар, сешанбе ба Ҳинду Синд, чоршанбе ба Ҳамадони Мод, панҷшанбе ба Чочу Мароқанд, панҷшанбе ба Марву Таҷан, ҷумъа ба соҳилҳои баҳри Хазар, шанбе ба Давану Хуҷанд ориёиён рахти сафар мебастанд. Аз ин боис ҳафт рӯзи мусофирати ориёиёнро, ки ҳафт ситораи осмон ба сӯйи ҳафт кишвар роҳбаладӣ менамуд, ҳафта меномидагӣ шуданд.

Ҳамин тавр солҳо гузаштанд.  Кайҳонмард пир шуд ва аз кӯҳҳо фаромада дар яке аз ғорҳои кӯҳии дарунаш гарму берунаш зебоманзар ҷой гирифт. Ӯ, ки шикорро дӯст медошт, ҳар рӯз ба шикор мебаромад. Баъд дар макони интихобкардааш, ки обу ҳавои хеле дилнишин дошт, оромона истироҳат мекард. Баҳорон бошад, боз ба ватанаш – соҳилҳои баҳри Дутоия, ки имрӯз онро қирғизҳои маҳаллӣ Кӯли Сиёҳ (Қарокӯл) меноманд, рафта зиндагониашро идома медод. Наздикии кӯл фарзандонаш барои ӯ хонаву ҷойи беҳтарин сохта буданд. Лекин оби Дутоия дигар нашуд. Боло яшмфом ва поён сияҳфом боқӣ монд.

Аз ҳамон даврҳо вақти хеле зиёд сипарӣ гардид, лекин урфу одатҳои ориёиҳои оташпараст, ки дар дини зардуштӣ дертар сабт гардид, абадӣ боқӣ монд. Оташи он вақт кашфгардида, то ба имрӯз ба одамон хидмат мекунад ва ба шарафи кашфи он рӯзи Наврӯзро оташпарастони олам қайд мекунанд. Ҳафтаро низ халқҳои гуногун аз ориёиҳои қадим қабул кардаанд. Моҳ низ ба шарафи сӣ малак сирӯза аст. Ситораи ҳафтдодарон ба ҳафт кишвар аз қуллаи Боми ҷаҳон роҳ кушодааст. Ҳафт сайёра, ки ситораи ҳаштумро бо номи Замин офаридаанд, вирди забони мардумони ориён ва ориёншудаҳои ҷаҳонанд.

Макони баҳоронаи Кайҳонмарди палангинапӯш бошад, имрӯз бо номи Селунғор, маскани писараш Ҳушанг бо номи Ҳушёр ва қадами аввалини одамин нахустин ба ин ҷойҳо чун Қадамҷой ном гирифтааст. Номи худи Кайҳонмард бошад, бо мурури вақт чун Каюмарс дар забони халқҳои гуногун монд.

Пайроҳҳои Кайҳонмарди палангинапӯш то ба имрӯз мавҷуд ҳастанд. Чун роҳи қуллаҳои сарбафалаки Боми Ҷаҳон ҳамеша сап-сафеди барпӯш буданд, ҳар касеро, ки аз поён ба боло азми сафар мекард, бо ибораи «Роҳи сафед» гусел мекарданд. То ба имрӯз байни мардумони ориённажод ибораи «Роҳи сафед» чун роҳи Кайҳонмарди палангинапӯши оташпараст боқист. 

Зебунисои Баҳодур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: