Таҳти ташаббуси кумитаи иттифоқи касабаи рӯзномаамон дар ҳавои хушбоду ҳавои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мусобиқаҳои солимгардонӣ ва варзишии оммавӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии намудҳои варзиш ва пурмазмун ташкил кардани рӯзҳои истироҳатии кормандон ташкил гардид, ҳамкоронам аз рӯйи намудҳои шашка, ҷаҳидан ба дарозӣ, тӯпандозӣ ба сабад, ба дарвоза даровардани тӯп ва ғайра рақобат карданд.
Дар анҷом аз рӯйи намудҳои варзиш ғолибон дар байни мардон ва бонувон муайян гардида, бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.
– Ташкили чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар канори табиат ҷиҳати солимгардонии ходимон аҳамияти калон дорад, – иброз дошт раиси кумитаи иттифоқи касабаи рӯзнома Тоҷибой Икромов. – Зеро журналистон вақти бештари худро бо эҷод, дар паси мизи корӣ, бо кор дар компутер мегузаронанд ва дар аксар маврид барои тарбияи бадан вақт ҷудо карда наметавонанд. Маҳз бо мақсади оммавӣ кардани намудҳои варзиш мусобиқаи солимгардонии варзиширо гузарондем. Дар он кормандон фаъол иштирок карданд ва дар ҳадде худро обутоби ҷисмонӣ доданд. Бояд гуфт, ки чунин мусобиқаҳо бо ҷалби кормандон мунтазам гузаронида мешавад.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
“Овози тоҷик”.