Зебоишиносии меъмории миллӣ, аз ҷумла меъмории Самарқанд, решаҳои хеле бостонӣ дорад. Донишмандони таърихи меъморӣ дар аксари маворид меъмории таърихии моро исломӣ мавсум кардаанд.
Ин фикри хеле густаришёфтаи онҳо хатост. Зеро аз осори Наршахӣ, Берунӣ маълум мегардад, ки дар шаҳрҳои бостонии сарзамини ниёгони мо то ислом меъёрҳои меъмории миллӣ шакли комил ба худ гирифта буданд. Ва баъд аз фатҳи Бухоро ва Самарқанд масҷидҳо дар асоси ибодатхонаҳои тоисломӣ бо масолеҳи онон сохта шуданд. Дар он ибодатхонаҳои тоисломӣ сутун аз муқаддасот маҳсуб мешавад. Онро дар шаклҳои зебо кандакорӣ ва наққошӣ карда, дар сарашон тасвири Худоро насб мекарданд. Ин сутунҳои кандакории кӯзагулсуроб ё худ сарвшакл мерос аз он замонҳост. Ҳатто унсурҳои дигар, мисли болори пуштимоҳӣ низ. Ба ёд биёред таваҷҷӯҳи Зардуштро ба моҳӣ. Ба ҳамин сабаб камина дар иморати миллӣ ҷой додани сутунҳои шаклан дигарро хилофи анъанаҳои миллӣ меҳисобам.
Баъзан мебинем, ки дар пеши иморатҳои калон сутуни румиро гузошта, аммо ороиши даруниро тоҷикӣ кардаанд. Ин тарзи иморат эклектика аст ва аз завқи паст гувоҳӣ медиҳад.
Калимаи меҳроб пеш аз ислом дар кишвари мо буд. Дар ҳар як хонаи ниёгони мо меҳроб буд ва дар он ҳайкалчаҳои Худо меистод.
Баъди вуруди ислом ҳамин гуна шакли меҳробсозӣ танҳо дар масҷидҳои исломӣ идома мекунад. Холлиқулмаонӣ Бедил навиштааст, ки ҳар як шакл ба маънои он ишора мекунад.
Амиқ фаҳмидани арзишҳои меъмории миллӣ шарти асосии худшиносии миллӣ мебошад.
Вақте тифли тоҷик дар гаҳвора чашм ба шифт мекушояд ва дар он болору вассаҳои нақшин ва шакли қабзафурӯмонро мебинад, зебоишиносии ӯ ташаккул меёбад. Агар ба ҷойи ин шифти бетонии суфтаи сафедро бинад, аз ӯ чиро бояд интизор шуд?
Дар Самарқанд ва Бухоро ҳанӯз иморатҳои қадимӣ ҳастанд. Онҳо дар асоси таҷрибаи бисёрсолаи ниёгони мо эҷодкорона офарида шудаанд.
Масалан, имрӯз кӣ медонад, ки мадонро дар даруни иморат ба кадом мақсад месохтанд? Чаро деворҳо чӯбкории дусинҷа буд, яъне ба мисли термос? Чаро он иморатҳо ба зилзилаи сахт тобовар буданд? Чаро тирезаҳо аз рӯйи замин сар мешуданд?
Мақоми сутун дар меъмории миллӣ шоистаи тадқиқот, пажӯҳиши илмии академикӣ аст. Решаҳои он дар он минтақаҳо, ки ба мисли Бадахшон ва Яғнобанд, ҳанӯз боқӣ мондаанд. Дар бораи як чунин сутун, ки дар Яғноб мардуми Суғд аз он иҷрои орзуи худро мекардаанд, ба ман шевашинос, худораҳматӣ, Баҳром Бердиев нақл карда буданд.
Маънии калимаи бағдодӣ, ки дар ибораи дари бағдодӣ машҳур аст, ба таъбири донишманди таърихи меъморӣ Пӯлод Зоҳидов суғдист. Яъне бағ ба маънои Худо омадааст ва дар замонҳои тоисломӣ дар ин дарҳо тасвири Худоро насб мекардаанд.
Адаш Истад,
нависанда.