НАМОЯНДАИ АВЛОДИ СЕЮМИ СУЛОЛАИ ҲУНАРМАНДОН

Аз қадимулайём дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё санъати ҳунармандӣ рушд ёфтааст.

Аҳолии маҳаллаҳои Пойгабошӣ, Ҳунармандон, Пасурхӣ, Кӯчкак, Ширинобод, Бибиширин, Шӯрсой ва Газа бо ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, кашидадӯзӣ, оҳангарӣ, кулолӣ ва ғайра машғул мебошанд.

Фирӯза Холиқова намояндаи авлоди сеюми сулолаи ҳунармандон ба шумор меравад. Асрори касбро дар 15-солагӣ аз момои модараш омӯхтааст. Фирӯза бо услуби замонавӣ кашида ва бисер медӯзад ва бино ба анъанаи «устоду шогирд» ба зиёда аз 50 нафар шогирдони худ касб меомӯзад.

Суратгир: Ҷ. Қӯзимуродов. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: