26 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Иттиҳоди ҷаҳонии триатлон Антонио Фернандес Ариманиро, ки дар доираи Ҷоми ҷаҳонии триатлон ва паратриатлон дар шаҳри Самарқанд дар кишвари мо қарор дорад, қабул кард.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ бо ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти оммавигардонии ин намуди варзиш ва дастгирии мактаби миллии триатлон дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.
Рушди фаъолонаи триатлон дар мамлакати мо бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Дар ин ҷо федератсияи миллӣ фаъолият дорад, мусобиқаҳои байналмилалӣ мунтазам баргузор мешаванд ва варзишгарони ӯзбекистонӣ мавқеъи худро дар рейтингҳои қитъавӣ ва ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунанд.
Ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи омодасозии варзишгарон, мураббиён, доварон ва менеҷерони варзиш, созмони инфрасохтори замонавӣ, инчунин, татбиқи барномаҳои кӯмаки экспертӣ диққати махсус дода шуд.