Тавре хабар додем, аз 15 май то 22 май дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани беҳтарин мактаби тоҷикии мамлакат пурсишнома гузаронида шуд.
Дар он ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах (директор Сарибой Ярашев) бо ҷамъ овардани 2317 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд ва ҳамчун мактаби фаъолу пешқадами мамлакат эътироф гардида, имкони гирифтани 100 дона китоби бадеиро ба даст оварданд.
Дирӯз мухбири рӯзнома дар вилояти Ҷиззах Ӯзбакбой Раҳмонов ба мактаби ғолиб рафта, ба мудири китобхонаи боргоҳи таълимӣ Малик Назаров бастаи китобҳои бадеиро бо тамғаи “Туҳфа аз китобхонаи “Овози тоҷик” супорид.
Дар ин бора тавассути рӯзнома маълумоти бештар хоҳем дод.