РЕЙТИНГИ КИШВАРҲОИ СУЛҲДӮСТ: ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАҚОМИ ЧАНДУМ ҚАРОР ДОРАД?

Дар Индекси ҳамасолаи кишварҳои амн ва сулҳдӯсти ҷаҳон - Global Peace Index (GPI)-2024, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ ба нашр расидааст, миёни 163 кишвар Ӯзбекистон дар зинаи 60-ум қарор дорад.

Дар радабандии GPI 23 нишондиҳандаи сифат ва миқдор, аз ҷумла сатҳи ҷинояткорӣ, ҷой доштани низоъҳои дохилӣ ва хориҷӣ, суботи сиёсӣ, вазъи қувваҳои мусаллаҳ, хароҷот ба мудофиа ва дигар нишондиҳандаҳо ба инобат гирифта мешаванд. Баҳогузорӣ бо ҷадвали аз 1 то 5 балл сурат гирифта, балли паст дар он ба кишвари бештар сулҳталаб ва бехатар ишора мекунад. Нишондиҳандаи Тоҷикистон 1.957 баллро ташкил дод, ки аз мавқеи устуворонаи ӯ шаҳодат медиҳад.

Байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи баландтарини 59-умро Қазоқистон касб карда, Тоҷикистон дар зинаи 72-юм, Қирғизистон - 78-ум ва Туркманистон - дар мақоми 83-юм қарор гирифтаанд.

Дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам болоравӣ ва ҳам пастшавии мавқеъ ба назар мерасад: Арманистон аз зинаи 66 то 77-ум, Озарбойҷон - аз 95 то 106-ум ва Гурҷистон - аз 94 то 100-ум поин рафтаанд.

Украина ва Русия дар сафи давлатҳои бештар амни ҷаҳон қарор гирифта, мутаносибан дар зинаҳои 159 ва 156-ум ҷойгир шудаанд. Дар мақоми охир радабандӣ Яман қарор гирифтааст, ки аз низои мусаллаҳи идомадошта, буҳрони башардӯстона ва бесуботии сиёсӣ азия мекашад.

Мувофиқи маълумоти гузориш, соли 2024 дар ҷаҳон ба сурати умум тамоюли бадшавии сатҳи глобалии сулҳдӯстӣ ба назар мерасад - нишондиҳандаи миёна ба андозаи 0,56% паст рафтаст. Бадшавии вазъият дар 97 кишвар сабт шуда, муаллифони радабандӣ инро ба афзоиши шиддати геополитикӣ, рушди технологияҳои ҳарбӣ, низоъҳои мусаллаҳона, инчунин буҳронҳои дохилии сиёсӣ ва иқтисодӣ рабт медиҳанд. 

Ба панҷгонаи аввали кишварҳои сулҳдӯсти ҷаҳон Исландия (зинаи 1-ум), Ирландия, Австрия, Зеландияи Нав ва Сингапур шомил шудаанд. Дар ин кишварҳо сатҳи баланди амният, мизони пасти ҷинояткорӣ, ҷой надоштани ихтилофҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ ва ниҳодҳои устувори рушд ба қайд гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: