ОИД БА ДОЛОНИ МУЛТИМОДАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН – ЭРОН – ТУРКИЯ + ЧИН» ҶАМЪОМАД ДОИР ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷамъомади 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия + Чин» доир гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ — Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Туркия иштирок намуданд.

Ҷамъомад ба мавзуи рушд ва пешбурди долони байналмилалии транзитии номбаршуда бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.

Иштирокдорони ҷамъомад масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳоро баррасӣ намуданд. Дар ин замина омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт муҳокима шуданд.

Таъкид шуд, ки рушди долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва марзӣ бо мақсади осон намудани ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст.

Пешниҳод гардид, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ «хатҳои сабз»-И TIR-EPD таъсис дода шаванд, зеро чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки бар Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид асос ёфтааст, таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: