НАҚШАҲО ОИД БА ТАЪМИНОТИ ОБИ НӮШИДАНӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Ба Сарвари давлат аз рӯйи корҳо оид ба васеъ намудани шабакаҳои оби нӯшиданӣ ва партобоб маълумот дода шуд.

Ин бахш, ки дар сифати зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ аҳамияти беҳамто дорад, пайваста густариш меёбдад. Дар доираи барномаҳои иҷтимоию минтақавӣ иншоотҳои бисёр сохта мешаванд. Ҳоло 81 дарсади маҳалҳои аҳолинишин бо оби ошомиданӣ ва 20 дарсадаш бо шабакаи партобоб таъмин гардидааст.

Имсол кашидани 1619 километр нили оби ошомиданӣ ва 521 километр шабакаҳои партовоб ва бунёду азнавсозии 162 иншоот дар назар аст. Дар натиҷа, 715 ҳазор нафар аҳолӣ бори аввал ба оби мутамаркази ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд ва 400 ҳазор нафар бо хидмати канализатсия фаро гирифта мешаванд.

Мутасаддиён доир ба иҷрои корҳо дар ин самт маълумот доданд.

Бо иштироки ниҳодҳои молии байналмилалӣ 21 лоиҳа амалӣ мешавад. Имсол анҷоми корҳо ба маблағи 800 миллион доллар ва мавриди истифода қарор додани 138 иншооти обӣ пешбинӣ шудааст.

Бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Рушди Олмон оид ба маблағгузории пешакии лоиҳа таҷрибаи хуб розандозӣ шуд. Тавассути пешакӣ интихоб кардани пудратчиён ва лоиҳакашон, оғози корҳои амалӣ суръат мегирад. Зикр гашт, ки дар оянда истифодаи ин тартиб дар тамоми лоиҳаҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Барои рақамисозии низоми таъминоти об аз Бонки Осиёии Рушд 125 миллион доллар ҷалб шудааст. Дар доираи ин лоиҳа дар зарфи панҷ сол дар иншоотҳои обӣ ва қубурҳои магистралӣ 4,8 ҳазор ҳисобкунакҳои «ҳушманд» ва тақрибан 3 ҳазор системаи телеметрӣ насб карда мешаванд.

Бо назардошти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикии хусусӣ дар соҳа, зарурати омода кардани мутахассисон, ки ҷавобгӯи ин талабот ҳастанд, таъкид гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: