ВАЗИФАҲО ДАР СОҲАИ РОҲИ ОҲАН МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

27 май Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот оид ба чораҳои рушди роҳҳои оҳан шинос шуд.

Тибқи қарори Сарвари давлат аз 10 октябри соли 2023 ин соҳа комилан ислоҳ карда мешавад. Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз лиҳози ҳайат тағйир ёфта, биноҳои ғайрисоҳавӣ, қитъаҳои замин ва вазифаҳои зиёдатӣ кам карда шуданд. Дар натиҷа корхонае, ки пеш бо зарар кор мекард, соли гузаштаро бо 47 миллиард сӯм даромади соф ба охир расонд. Баъди таъсиси ширкати «Temiryoʻlkargo», самарадории истифода аз вагонҳои боркаш ду баробар афзуд.

Лекин ҳанӯз имкониятҳо зиёданд. Зимни муаррифӣ вазифаҳо оид ба рушди инфрасохтор ва зиёд намудани даромадҳо нишон дода шуданд. Бахусус, иқтидори кашонидани борҳои транзитӣ пурра истифода намешаванд. Тавассути 40 фоиз зиёд кардани ин дар солҳои оянда, даромадро 2 баробар афзун намудан мумкин аст.

Масалан, бори аввал дар масири Чин – Туркия ҳаракати поездҳои боркаш ба роҳ монда шуд. Ба мамлакат поездҳои нав оварда шуда, шумораи рейсҳо сол то сол меафзояд. Аз ин рӯ, зарурати пайваста зиёд кардани иқтидори инфраструктураи роҳи оҳан таъкид гардид.

Ин масъала бахусус, дар атрофи Тошканд муҳим аст. Ҳоло 70 дарсади борҳои берунӣ тавассути истгоҳи “Чуқурсой” интиқол меёбанд. Гоҳо барои ин чанд рӯз сарф гардида, боиси хароҷоти иловагӣ ва навбатҳо мегардад. 

Бинобар ин, берун баровардани истгоҳҳои бор аз ҳудуди пойтахт, бунёди истгоҳҳои калон дар наздикии ноҳияи Янгийӯл ва Янги Тошканд пешниҳод карда мешавад. Инчунин, бунёди роҳи оҳани “Озодлик – Янгиер”, ки аз канори пойтахт мегузарад, дар назар аст. Дар натиҷа интиқоли бор дар байни аз водии Фарғона ва дигар вилоятҳо, бидуни воридшавӣ ба шаҳри Тошканд амалӣ мегардад.

Боз яке аз лоиҳаҳои нав роҳи Самарқанд – Ургут аст. Ҳоло корҳо оғоз ёфта, ба масофаи 7 километр милҳои оҳании роҳи оҳан гузошта шудааст. Дарозии умумии хатти мазкур ҷамъ 54 километр буда, 2 вокзал, дар минтақаи иқтисодии “Ургут” 2-то истгоҳи боркашонӣ бунёд мегардад.

Ба масъалаҳои тартиби даромадану баромадан, сифати хидматҳо низ диққат карданд. Аз рӯйи фароҳам овардани мусоидиҳо барои ҳаракати мусофирон, беҳсозии шароит  баҳри сайёҳон, васеъ намудан истгоҳҳои нақлиётӣ вазифаҳо гузошта шуд.

Масъулон ҳамчунин, доир ба нақшаҳо оиди овардани поездҳои барқӣ, беҳсозии сифати хидматрасонӣ маълумот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: