Дар Корвонсаройи байналмилалии фарҳангии Икуо Хираямаи Академияи бадеӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон озмун ва намоишгоҳи расмҳои кӯдакон зери унвони «Кӯзмунчоқ–2025» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кӯдакони мактаб-интернатҳои тахассуси санъати вилоятҳои Қашқадарё, Намангон, Сурхондарё, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон иштирок карданд. Дар намоишгоҳ беш аз 400 асари гуногунжанри 400 нафар хонанда пешниҳод гардидааст.
Намунаҳои эҷодии кӯдакон ҷабҳаҳои гуногуни зиндагиро инъикос мекунад. Аъзои ҳайат корҳои эҷодиро баррасӣ намуда, ҷойҳои 1,2 ва 3-юмро муайян карданд. Ҷоизаи ифтихории Гран-при ба Муҳаммадмустафо Моҳирҷонов (шаҳри Тошканд) дода шуд.
Ба иштирокчиён туҳфаҳо супорида шуданд. Се нафар эҷодкор бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.