БА ТАМКИН МИСЛИ ДАРЁ БЕКАРОНАНД

Тошқул Азимзода қариб нисфи ҳаёти худро ба кори рӯзнома бахшид. Нерую тавон, нури чашмон, хираду имкони хешро баҳри пуробурангӣ ва хонданиву шавқовар чоп гардидани рӯзнома сарф кард. Дар лаҳзаҳои мушкилтарин ҷамоаи рӯзномаро танҳо нагузошт. Дастгиру мададгор шуд.

Тошқул Азимзода аз рӯйи ихтисос математик ҳастанд: хатмкардаи факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд. Тӯли солҳо дар мактаби зодгоҳ аз фанни математика дарс додаанд ва аз соли 1991 ин ҷониб дар идораи рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» фаъолияти босамар доранд.
Имрӯзҳо Азимзодаро на танҳо дар муҳити адабии Самарқанд, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳатто дар давлатҳои бурунмарзӣ ҳамчун рӯзноманигори ботаҷриба, адиби соҳибравия ва эҷодкори дақиқназар мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Вақте хонанда ин чанд ҷумларо мехонад, аҷаб нест, ки дар ӯ саволе пайдо шавад: чӣ тавр омӯзгори математика тавонист дар ҷодаи эҷод ва касби рӯзноманигорӣ чунин муваффақ шавад? 
Агар саҳифаҳои китоби умри ин марди ҳалиму хоксорро, ки дар тамкин – дарё, дар садоқат – беҳамто, дар меҳру муҳаббату сабурӣ – танҳоро варақ занем, аён мешавад, ки мавсуф аз айёми кӯдакӣ дилбастаи илму адаб будааст. Лаҳзаҳои фориғ аз дарс ва ё бекорӣ, зуд ба даст китоб ё рӯзномаву маҷаллаҳоро гирифта, аз пайи мутолиа мешудааст. Ва бо гузашти солҳо муҳаббати китобдӯстӣ дар дилаш ошён гузошта, рағбати ӯро барои навиштани мақолаву ҳикояҳо афзун намудааст. Андеша ва розҳои дилашро рӯйи коғаз оварда, пеши ҳамдеҳаи эҷодкори худ, нависандаи маҳбуб Болта Ортиқов бурдааст. Бо маслиҳати устод қаламиҳои хешро ислоҳ карда, такмил додааст ва ба рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), нашрияҳои Тоҷикистон ирсол кардааст. 
Вақте аввалин ҳикояаш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») чоп мешавад, ин навид дар мактабу маҳалла ба маъное овоза мегардад. Устодони мактаб борҳо инро эътироф мекунанд. Аз ин истиқболи самимонаи ҳамкасбон ва дастгириҳои аҳли адаб дилгармии Азимзода ба эҷод афзуда, беш аз пеш аз пайи эҷод мешавад. Ҳикояҳо навишта, ба Қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд, воқеъ дар Осорхонаи Садриддин Айнӣ мебарад, маслиҳатҳои нависандагонро мегирад ва пайваста барои сайқали маҳорати эҷодӣ талош мекунад. Маҷмуаи нахустини «Хатои нисбӣ»-и Тошқул Азимзода, ки аз ҳикоя ва ҳаҷвияҳо фароҳам омадаанд, маҳз маҳсули фаъолияти эҷодии адиб дар ин солҳо мебошад. 
Оре, аллакай дар ин солҳо Азимзода ҳамчун як чеҳраи нав дар фазои адабии Самарқанд, адиби ҷавони боистеъдоде, ки аз навиштаҳояш бӯйи умеди нек ба машом мезад, ном бароварда буд. Аҳли адаб ӯро мешинохтанд, ба маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ даъват мекарданд, ҳикоя ва қаламиҳояшро бо шавқ мехонданд.
Соли 1990 рӯзномаи «Овози Самарқанд» таъсис меёбад ва дар оғози фаъолият ҳайати таҳрир бо як қатор мушкилот, чун норасоии рӯзноманигорони ботаҷриба, кам будани хонаҳои корӣ, мизу курсӣ, мошинкаи чопӣ ва амсоли ин рӯ ба рӯ меоянд. Ин буд, ки соли 1991 бо тавсия ва дастгирии устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рауф Маъруфӣ эҷодкори хушқалам Тошқул Азимзодаро ба кор даъват мекунанд ва бо ҳамин риштаи тақдири як нафар омӯзгор бо кори матбуот мепайвандад. 
Инак, беш аз 30 сол аст, ки ин марди нуктадон, рӯзноманигори соҳибравия дар вазифаҳои гуногуни рӯзнома кор карда, бо кӯшиши пурсамару заҳмати боровар баҳри пуробуранг намудани мавзӯю мундариҷаи рӯзнома, шевою зебо кардани забони матлабҳо, мустаҳкаму устувор нигоҳ доштани мавқеи «Овози Самарқанд» дар байни дигар нашрияҳо, алқисса, барои пешрафти кор ва тарбияи рӯзноманигору эҷодкорони ҷавон талош мекунад. 
Бо як сухан метавон гуфт, ки Тошқул Азимзода рӯзноманигори дақиқназар аст ва ин беҳуда нест. Худ, ки математик мебошад, мехоҳад, ҳар як факту асноди қаламиҳояш, хоҳ он мақолаи танқидӣ аст ё тавсифӣ, хабар аст ё гузориш, очерк аст ё ки лавҳа, дақиқу амиқ бошад. Пеш аз омодасозии ҳар як мақола, паҳлуҳои мухталифи онро меомӯзад, таҳлил мекунад, сараро аз сақат ҷудо карда, баъд рӯйи коғаз меоварад. Саҳлангориро намеписандад ва ҳар як кори худро бо ҳисси масъулият анҷом медиҳад.
Тошқул Азимзода қариб нисфи ҳаёти худро ба кори рӯзнома бахшид. Нерую тавон, нури чашмон, хираду имкони хешро баҳри пуробурангӣ ва хонданиву шавқовар чоп гардидани рӯзнома сарф кард. Дар лаҳзаҳои мушкилтарин ҷамоаи рӯзномаро танҳо нагузошт. Дастгиру мададгор шуд. Метавон гуфт, ки аз бурди рӯзнома доимо болидаасту дар бохтҳои он ғамгин шудааст. Ҳамеша дар мавриди ояндаи рӯзнома меандешад, ба ҳар нафаре, ки камтар ба эҷод, китобу матбуот завқ дорад, ангеза медиҳад, то дар ин роҳ қадамҳои устувор гузорад ва дар оянда баҳри рушди матбуоти миллӣ саҳм гузорад.
Шояд аз мо суол кунед, ки ин адиби соҳибкитоб боз чӣ гуна китобҳоро рӯйи чоп овардааст? Тӯли солҳои фаъолият дар соҳаи матбуот танҳо чанд ҳикояро дар расонаҳо нашр кард ва доим батаъкид мегӯяд, ки «ҳама ҳикояҳои худро замони омӯзгор буданам навиштам. Кори газета одамро доим машғул медорад ва имкони эҷодро то ҳадде маҳдуд мекунад. Чанд ҳикояи нопурра дорам, ки солҳо боз анҷом дода наметавонам. Лек ният дорам, ки дар солҳои наздик маҷмуаи нави ҳикояҳои худро пешкаши аҳли адаб намоям».
Воқеан, ҳар субҳ, вақте Офтоб тулӯъ мекунад, Тошқул Азимзода ҷониби таҳририят мешитобанд. Мехоҳанд ҳар чӣ барвақттар ҷойи кор оянд. Ҳоло, ки кормандон наомадаанду таҳририят ором аст, бештар кор кунанд. Мақола нависанд, матлаби мухбиру муштариёнро таҳрир кунанд, такмил диҳанд. 
Паси мизи корӣ нишаста, ручка ба даст мегиранд. Мақолаҳоеро, ки «солимтар»-анд, ба тартиб меоранд ва агар ба таҳрир бештар ниёз доранд, аз нав менависанд. Чанд ҷумларо таҳрир карда, дар чашми худ мондашавиеро эҳсос мекунанд ва пай мебаранд, ки айнакашонро нагузоштаанд. Зуд айнакро рӯйи чашм мегузоранд ва корро идома медиҳанд. 
Як-як кормандон омада, аз Азимзода, ки ҳама «муаллим» гуфта эҳтиром мекунанд, дуо мегиранд. Баъдан меҳмону муштариён меоянд. Тошқул Азимзода ҳамеша онҳоро хуш истиқбол менамоянд. Агар кор бисёру ба сархорӣ вақт набошад ҳам, баҳри як дами суҳбати беғам вақт меёбанд. Лек агар домани суҳбат тӯл кашад, ба ҳамсуҳбат узру маъзури худро гуфта, меҳмонро бо меҳрубонӣ гусел менамоянд. 
Воқеан, дар ин байн барои пайгирии ахбору навиди мамлакату давлатҳои ҷаҳон низ вақт меёбанд. Агар матлаби ҷолибу судманде пеш ояд, ҳатман онро тарҷума карда, пешкаши муштариён мекунанд, то онҳо низ аз он нафъ бигиранд.
Азимзода бо ин ҳама хислатҳои ҳамидаи хеш, чун хоксорӣ, ботамкинӣ, меҳнатдӯстӣ, дарёдилӣ, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, фидокорӣ тавонистанд ба эҳтироми ҳазорон нафар сазовор гарданд ва ҳоло мавсуфро дар ҳар гӯшаву канори Самарқанд мешиносанд ва бигузор то садумин солгарди умрашон ҳамеша дар эҳтирому эъзозу эътибори дӯстону пайвандон ва мо шогирдон бошанд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: