Чанде пеш аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба майдони сохтмони неругоҳи барқии обии Чотқоли Поён пресс-тур ташкил гардид.
Дар кишварамон бобати зиёд кардани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, махсусан, ҷиҳати рушди соҳаи гидроэнергетика корҳои васеъмиқёс амалӣ мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар ҳудудҳое, ки салоҳияти бузурги гидроэнергетикӣ доранд, сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ амалӣ мешаванд. Алҳол дар ҳудуди дарёи Чотқоли ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд тибқи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Сохтмони неругоҳи барқии обии Чотқоли Поён дар дарёи Чотқол» корҳои сохтмонии иншоот босуръат ҷараён дорад.
Чанде пеш аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба майдони сохтмони неругоҳи барқии обии Чотқоли Поён пресс-тур ташкил гардид.
— Дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти гидротехникӣ насби 4 агрегати гидротехникӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳар кадом дорои иқтидори 22,5 МВт ҳастанд. Иқтидори стансияи электрикии обии Чотқоли Поён 90 МВт, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ 300 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад, яъне иқтидори стансияи электрикии обӣ дар оянда ба ҳисоби миёна соле 125 ҳазор хонадонро бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард, – гуфт муовини аввали раиси раёсат Бегзод Амирсаидов. — Баъди пурра ба кор даромадани неругоҳ он имкон медиҳад, ки то 81 миллион метри мукааб гази табиӣ, ё 250 ҳазор тонна ангишт сарфа шавад. Сохтор ба режими гидрологӣ, объектҳои гидробиологӣ таъсир намерасонад ва ба тағйирёбии муҳити зист, инчунин ба табиат безарар мебошад.
Ҷолиби диққат аст, ки дар доираи корҳои сохтмон бори аввал дар ҷумҳурии мо ва Осиёи Миёна дар асоси технологияи нави муосир сарбанди типи бетонии фишурдашуда сохта мешавад. Баландии сарбанди бетонӣ 60 метр, дарозиаш 270 метр, бараш 7,5 метр мебошад. Ғунҷоиши обанбор 6,8 миллион метри мукааб аст.
Сохтмони ин гуна сарбанд муҳлати иҷрои лоиҳаро 2 баробар кам карда, сарфи ҳаррӯзаи оби обанборро самаранок идора мекунад.
Дар сохтмони сарбанд RCC (бетони ғалтаки фишурдашуда) истифода мешавад, яъне қисми асосии сарбанд (195 ҳазор м3) аз бетони фишурдашуда иборат аст. Бартарии истифодаи бетони фишурдашуда аз он иборат аст, ки бетон дар қабатҳои хурд ҷойгир карда мешавад, то ки ҷузъҳои бетонӣ ҷудо карда шавад ва гузашти об то ҳадди имкон кам гардад, ки ин имкон медиҳад, то мошину механизмҳо дар як лаҳза аз болои қабати гузошташуда ҳаракат карда, онро ҳамвор ва фишурда кунанд.
— Усули сохтмон ба усулҳои одии сохтмони сарбанд монанд аст, маснуоти бетонӣ дар рӯзҳои гарм бо ҳарорати пасти семент ва масолеҳи инертӣ тайёр карда мешавад ва аз сабаби дар бетони фишурдашуда мавҷуд будани иловаҳои махсус ҳарорати бетон ҳангоми гузоштан муътадил хоҳад буд. Ин ба гармшавӣ ва деформатсияи бетон роҳ намедиҳад, — иброз дошт роҳбари лабораторияи «Тӯпаланг ГЭС» Суннатулло Нуров. – Дар сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ, бахусус дар корҳои сементсозӣ аз таҷҳизоти муосири ширкати ГЕРТЕК (Олмон) истифода мешавад. Ин технология ба таври автоматӣ барои сементкунӣ маҳлул тайёр карда, ба чоҳҳо медиҳад.
Бо мақсади татбиқи чорабиниҳои зидди селу обхезӣ дар тамоми дарозии сарбанд ва меҳвари он монтажи пардаи сементӣ давом дорад. Сохтмони туннел ба дарозии беш аз 650 метр ба охир расид. Корҳои асосии лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶС «Гидропроект», ки ба сохтори ташкилии ширкат дохил мешавад, амалӣ мегардад. Гузашта аз ин, бо назардошти мураккабии раванд, ба корҳои лоиҳакашӣ ширкатҳои бонуфузи Туркия ва Эрон ҷалб карда шудаанд.
Сифат ва назорати корҳои асосии сохтмону монтаж бо таҷҳизоти истеҳсолкардаи яке аз фирмаҳои пешқадами ҷаҳон «МАТЕСТ» (Италия) ба ҷо оварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки технологияи муосир ва пешрафтаи конвейери тасма, ки барои кашонидани бетони маҳлул пешбинӣ шудааст, танҳо дар 5 кишвари ҷаҳон – ИМА, Канада, Италия, Эрон ва Ӯзбекистон истифода мешавад.
Дар давраи сохтмон дар участкаҳо 1800 нафар коргарон дар 3 смена ҷалб карда шуданд, ки ин ба ҳисоби миёна ба устувории моддию иқтисодии қариб 10 ҳазор нафар аъзоёни оилаи коргарон мусоидат мекунад.
Ҷанбаи дигари муҳими масъала ин аст, ки неругоҳҳои нави барқи обӣ на танҳо манбаи неруи барқ, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки ин лоиҳаи бузурги гидроэнергетикӣ барои таъмини аҳолии вилояти Тошканд бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон хизмат хоҳад кард.
Тибқи нақша дар арафаи ҷашни Истиқлол ба истифода додани неругоҳ Чотқоли Поён дар назар аст.
Гулҷаҳон КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Тошканд.