28-29 май Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меорад.
Ин сафар марҳилаи муҳими таърихӣ муносибатҳои Ӯзбекистон ва Италия хоҳад шуд, ки аз моҳи марти соли 1992 оғоз ёфта буд. Баъд аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, дар шаҳри Тошканд Сафорати Италия ифтитоҳ ёфт ва соли 1998 Ӯзбекистон намояндагии худро дар шаҳри Рим боз намуд.
Дар шаҳрҳои Флоренсия ва Милан мутаносибан аз солҳои 2021 ва 2023 ниҳодҳои консулгарии фахрии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ки ба таҳкими дипломатияи мардумӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамоянд.
Дар солҳои охир муносибатҳои дуҷониба таҳаввулоти навро касб намуданд. 8-9 июни соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Италия рафт. Дар поёни ин сафар Изҳороти муштарак оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
9-11 ноябри ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Италия Сержо Маттарелла бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон омад.
Муколамаи сиёсӣ дар сатҳи баланд пайваста дастгирӣ меёбад. Дар моҳи декабри соли 2019 ва сентябри соли 2021 вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Италия бо сафарҳои мутақобила дидор карданд. Дар моҳи майи соли 2024 низ мулоқоти онҳо дар шаҳри Рим дар чорчӯби Конфронси сеюми сатҳи вазирон таҳти унвони «Италия – Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз Рим аввалин кишвари аврупоӣ буд, ки аз соли 2019 ба роҳандозии чунин муколама дар сатҳи вазоратӣ оғоз кард.
Ғайр аз ин, идораҳои сиёсати хориҷии ҳарду кишвар мунтазам машваратҳои сиёсӣ мегузаронанд.
Риштаҳои байнипарлумонӣ пайваста рушд мекунанд. Аз соли 2011 дар Олий Маҷлиси Ӯзбекистон гурӯҳҳои парлумонии Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат оид ба ҳамкорӣ бо Палатаи вакилон ва Сенати Парламенти Италия фаъолият доранд. Соли 2012 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Палатаи вакилони Парламенти Италия ба имзо расид. Дар моҳи апрели соли 2023 дар Парламенти Италия гурӯҳи дӯстии «Италия – Осиёи Марказӣ» низ таъсис дода шуд.
Ҳайати парлумонии Италия таҳти роҳбарии раиси Комиссияи Сенат оид ба корҳои хориҷӣ ва раиси фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии Италия Пер Фердинандо Казинӣ дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки 5–9 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.
Ӯзбекистон ва Италия ҳамчунин дар доираи созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИА ва дигар ҳамкорӣ мекунанд. Италия аз кӯшишҳои Ӯзбекистон барои шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо ва имзои Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунад. Ҳамчунин, ҷонибҳо дар доираи муколамаи «Италия – Осиёи Марказӣ», ки ба таҳкими равобити минтақавӣ нигаронида шудааст, фаъолона ҳамкорӣ доранд.
Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Италия нишондиҳандаи рушди устувор мебошанд. Ҳаҷми савдои дуҷониба аз 172,2 миллион доллар дар соли 2017 қариб то ба 438 миллион доллар дар соли 2024 афзудааст. Ба ин раванд то андозае ба воситаи татбиқи нақшаи «бартарии бештар» дар тиҷорат, ки миёни кишварҳо амал мекунад, инчунин истифода аз низоми преференсалии ЕМ «GSP+», ки Ӯзбекистон аз соли 2021 ба он шомил шудааст, мусоидат шудааст.
Гурӯҳи кории дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои савдо, ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ ва қарзҳои содиротӣ, ки аз соли 1992 фаъолият мекунад, дар пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши кооператсия миёни кишварҳо нақши муҳим мебозад.
Дар моҳи июни соли 2023 яъне дар арафаи сафари сарвари давлатамон ба Италия дар шаҳри Рим форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Италия баргузор шуд, ки дар он беш аз 200 соҳибкор ва ширкат аз ҳарду ҷониб иштирок карданд. Дар натиҷаи он 38 созишномаи сармоягузорӣ, 13 созишномаи ҳамкории технологӣ ва 13 шартномаи содиротӣ ба маблағи умумии 9,2 миллиард евро ба имзо расиданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба Италия ҳамчунин бо роҳбарони ширкат ва ассотсиатсияҳои бузурги саноатии Италия мулоқот анҷом дод. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Милан дар шакли «мизи мудаввар» баргузор гардид.
7-8 сентябри соли 2023 вазири кишоварзӣ, соҳибихтиёрии озуқаворӣ ва хоҷагии ҷангали Италия Франческо Лоллобриджида ва муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Эдмондо Чириеллӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таҳти сарпарастии ФАО дар шаҳри Самарқанд иштирок карданд. Дар моҳи октябри соли 2024 бошад, дар шаҳри Рим муовини вазири кишоварзии Ӯзбекистон Алишер Шукуров бо вазири кишоварзии Италия Франческо Лоллобриджида дидор намуд.
Соҳибкорони Ӯзбекистон мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалии бонуфузи ҳарсола, аз ҷумла “Tuttofood” (маҳсулоти ғизоӣ, май, Милан), “Macfrut” (меваю сабзавот, май, Римин), “Simac Tanning Tech” (саноати чарм ва пойафзол, сентябр, Милан), “TTG Rimini” (саноати сайёҳӣ, октябр, Римини) ва “Artigiano in Fiera” (ҳунарҳои мардумӣ, декабр, Милан) иштирок мекунанд.
Дар Ӯзбекистон 55 корхона бо иштироки сармояи Италия фаъолият доранд, ки аз онҳо 24-тояшон дорои сармояи 100-фоизаи итолиёӣ мебошанд. Дар назди Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон 9 ширкати итолиёӣ ва инчунин Палатаи савдои «Италия–Ӯзбекистон» расман сабти ном шудаанд.
Бо ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои итолиёӣ дар кишвари мо як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд, аз ҷумла: навсозӣ ва бозсозии шабакаҳои тақсимоти газ, роҳ андозии қатораҳои саёҳатии люксии роҳи оҳан, парвариши заъфарон дар вилояти Ҷиззах ва рушди соҳаи чорводорӣ.
Ба густариш ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ инчунин ифтитоҳи парвозҳои мустақими доимӣ миёни Тошканд, Милан ва Рим, ки аз моҳи марти соли 2023 оғоз шудааст, мусоидат мекунад.
Ҳамкориҳои фарҳангию инсонпарварӣ самти муҳими муносибатҳои Ӯзбекистону Италия ба ҳисоб мераванд. Аз моҳи сентябри соли 1998 дар кишвари мо Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Италия» фаъолият мекунад.
Дар Ӯзбекистон филиалҳои Донишгоҳи Турин ва Донишгоҳи Пиза бомуваффақият фаъолият доранд. Соли 2023 дар шаҳри Бухоро (филиали Донишгоҳи Кампания ба номи Луиджи Ванвителлӣ ифтитоҳ ёфт. Дар моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро ва Самарқанд аввалин форуми ректорҳои «Ӯзбекистон – Италия» бо иштироки роҳбарони 45 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва 23 муассисаи таҳсилоти олии Италия баргузор гардид.
25 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд бо иштироки ректорҳои донишгоҳҳои ду кишвар суҳбати мизи мудаввар доир шуд, ки дар доираи он 6 санад дар соҳаи илм ва маориф ба имзо расид.
Соли 2024 дар Италия як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба Ӯзбекистон бахшида шудаанд, баргузор гардид. Аз 15 апрел то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Флоренсия ва аз 16 апрел то 30 июни соли 2024 дар Донишгоҳи «Ка Фоскари»-и шаҳри Венетсия намоишгоҳи «Ӯзбекистон: авангард дар биёбон» баргузор гардид. 4-9 декабри соли 2024 дар шаҳрҳои Рим, Милан ва Виареджо Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир шуданд.
Намояндагони Италия мунтазам дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Онҳо борҳо соҳиби Гран-при ва ҷоизаи махсуси ин озмун шудаанд.
Дар навбати худ, соли 2018 дар Фестивали байналмилалии XIX филмҳои осиёии «Азиатика», ки дар шаҳри Рим баргузор шуд, филми «Тоҳир ва Зуҳро» барои саҳмгузорӣ дар рушди санъати синамои ҷаҳонӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ бо дипломи махсус қадрдонӣ гардид.
Аз соли 2021 то 2025 панҷ сол пайдарпай, Павилони миллии Ӯзбекистон дар Биенналеи байналмилалии меъморӣ ва санъати шаҳри Венетсия миёни меҳмонони итолиёӣ ва хориҷӣ бо муваффақияти калон пазируфта мешавад. 8 майи соли 2025 дар доираи Биенналеи 19-уми байналмилалии меъмории Венетсия Павилони миллии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт.
Ҳамкориҳои варзишӣ миёни ду кишвар низ мустаҳкам мешаванд. Дар Италия ба гӯштии миллии Ӯзбекистон – кураш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ба ин хотир дар Италия Академияи кураш таъсис ёфтааст. 23-24 июли соли 2024 дар шаҳри Рим Мусобиқаи байналмилалии кураш барои Ҷоми Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он 33 варзишгар аз 17 кишвари дунё иштирок карданд.
Дар навбати худ, дар шаҳри Тошканд Академияи футболи клуби машҳури итолиёӣ – «Ювентус» фаъолият мекунад.
Миёни федератсияҳои аспсаворӣ ва велосипедронии Ӯзбекистон ва Италия низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо таваҷҷуҳи муштаракро ба амиқтар кардани муколама, афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва рушди мубодилаҳои гуманитарӣ нишон медиҳанд, ки ин шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Италияро ба намунаи ҳамкории созанда табдил медиҳад.
Дар ин замина, сафари дарпешистодаи Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ ба Ӯзбекистон аҳамияти махсус касб мекунад. Интизор меравад, ки он марҳилаи муҳиме дар иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни ҳамоишҳои қаблии сатҳи олии Ӯзбекистон ва Италия хоҳад буд ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ такони нав дода, ба таҳкими робитаҳои устувори байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз нигоҳи шарикӣ миёни ду кишвар мусоидат мекунад.
АИ «Дунё».