ЛАҲЗАЕ ДАР СУҲБАТИ МАРДИ САХОВАТПЕША

Пазироии гарм

Акои Тӯрабекро дар ҳавлиаш пайдо кардам. Вай дар деҳаи Қалъаи Поён зиндагӣ мекунад. Баъди вохӯрӣ гуфт, ки баъди намози бомдод чун одати дерина ҳамеша рафта дарвозаро боз мекунад, то ки Худованд аз ризқу насибаашон бенасиб нагардонад. Сонӣ ин сӯ-он сӯ андак қадам мезанаду ба машқи бадан машғул мешавад ва то замоне, ки ӯро ҳамсараш – Намирадхон ба ношто даъват мекунад, рӯи бистар чорзону зада, дар ҳақи гузаштагон дуов мефиристад.

– Омад-омади шумо будааст, ки ин субҳ чашми ростам пир-пир парид. Фикр кардам, ки ё ягон меҳмони азиз хоҳад омад ва ё муждаи дигар хоҳад расид, ки тамоми рӯз табъамро болида месозад, – бо табассум ба истиқболам шитофт акои Тӯрабек.

Баъд маро ба айвони баланди сутунҳояш гулкоришуда даъват намуд, ки бо тарзи меъмории хоси сӯхиён сохта шудааст. Ҳоло дар ноҳия сохтани чунин иморатҳои баланду бошукӯҳ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ман акои Тӯрабекро аз раъяш гардонидам.

– Шунидам, ки як боғи сердолу дарахт бунёд кардаед, ки назираш дар ин атроф нест. Агар розӣ бошед, ба ҳамон боғ рафта дар табиати кушод суҳбатамонро давом диҳем.

– Беҳтарин! Пас соҳили рӯди обаш зулол ва табиаташ хушу гуворо шуморо пазироӣ мекунад. Ҳатман хурсанд хоҳед шуд, – гуфт аз ҳарфҳоям завқ бурда.

Баъди андак сарпойин шудан мошин аз роҳи калони минтақаи Сойбозор, ки нуқтаи васли се қисмати ноҳия маҳсуб меёбад, ба тарафи рост тоб хӯрд ва лаб-лаби рӯд рӯ ба ҷониби боло ҳаракаташро давом дод.

Дар ҳақиқат, табиати пурафсун ва оби софу шаффофи ин ҷо барои ҳар меҳмон эҳсоси гуворо мебахшад. Ҳувайдост, ки кас худро дар канори минтақаи афсонавӣ ҳис мекунад.

Баъди тақрибан ягон километр:

– Ана ҳамин боғи мост. Он биное, ки дар тарафи рости соҳили рӯд қад афрохтааст, ба ҳайси меҳмонхона хидмат хоҳад кард, – гуфт ӯ.

Рӯ ба рӯ айвони фаршаш тахтакоришуда ва бо қолину кӯрпача моро истиқбол намуд. Ҳарчанд тасфи ҳавои моҳи май хеле баланд буд, вале дар ин ҷо якзайл насими форам мевазид ва атрофро салқинӣ мебахшид.

Қаҳрамони мо кисту маслакаш чист?

Тӯрабек Мирзоев, ки ӯро Боботӯрабек низ ном мебаранд, соли 1966 мактаби миёнаи ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбековро хатм кардааст. Баъд таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббии Қӯқанд давом дода, соли 1968 барои адои хидмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудааст. Аввал дар минтақаи Кӯшкаи Туркманистон хидматро шурӯъ намуда, баъд ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Алмаатои Қазоқистон мунтақил ёфтааст ва хидматро ба анҷом расонида, ба Ватан баргаштааст.

– Соли 1971, бозгашт, таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббӣ ба охир расонидам. Нахустин бор дар шифохонаи марказии совхози Сӯх, ки он вақт таҳти тасарруфи ноҳияи Риштон қарор дошт, шомили кор шудам ва 12 сол барои барқарор кардани саломатии мардум саҳм гирифтам. Сарпизишки бемористони марказӣ шодравон Парпибой Ашӯров буд. Вай марди хеле хушмуомила ва фурӯтан буда, машварату кумакашро аз ҷавонон дареғ намедошт, – мегӯяд Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ чаҳор сол дар шӯъбаи «ёрии таъҷилӣ» кор кард ва ду соли дигар дар шуъбаи кӯдаконаи поликлиникаи марказӣ фаъолияташро идома дод. Сонӣ, бо тақозои шароит, табдили касб намуд ва ба кори савдо гузашт.

– Баъди ифтитоҳи филиали корхонаи пойафзорбарории Фарғона дар ноҳияи Сӯх Раҳмонҷон Мӯсоев ба он директор тайин шуд. Ӯ мудирии шуъбаи таъминоту тиҷорати корхонаро ба ман супурд. Даҳ сол дар ин корхона машғули фаъолият шудам. Вақте ки ин корхона фаъолияташро дар ноҳия қатъ намуд, ба маҷмаи саноати аграрӣ гузаштам, – мегӯяд ӯ.

Вай дар 19-солагӣ бо ҳамдеҳааш Намирадхони шонздаҳсола издивоҷ кардааст. Падарарӯсашро Олим Соттӣ мегуфтаанд ва солҳои дароз дар собиқ ноҳияи Куйбишев раиси комиҷроия шуда кор кардааст. Вай бо Мукаррамой Салимова ном духтари ғиждувонӣ хонадор шудааст.

Ба гуфтаи акои Тӯрабек падарарӯсаш бо Мукаррамой зимни таҳсил дар мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд вохӯрдаанд ва ба муҳаббати ҳамдигар сазовор шудаанд. Аммо Мукаррамой медонист, ки чаҳор бародараш ба ин издивоҷи ӯ ҳаргиз розӣ нахоҳанд шуд. Мукаррамой Салимова бо устод Садриддин Айнӣ қаробати хешу таборӣ доштааст. Ӯ рустӣ бо Олим Соттӣ издивоҷ мекунад ва ба Сӯх меояд. Ӯро бародарон дар Тошканд хеле ҷустуҷӯ намуда, ахиран ноумед мешаванд ва баъди солҳо ҷустуҷӯро қатъ мекунанд. Онҳо баъди 33 сол аз зинда будани Мукаррамой бохабар мешаванд ва ӯро мебахшанд. Баъд ба Сӯх омада, ба дидори хоҳари худ мерасанд...

Тӯрабек – раиси ҷамоати шаҳрвандон

– Рӯзе маро ба ҳокимияти ноҳия даъват карданд. Гуфтанд, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қалъа интихобот баргузор мегардад ва дар байни дигарон номи ман низ ба ҳайси номзад пешбарӣ шудааст, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Баъд интихобот баргузор шуда, аксарият аз номзадии ӯ ҷонибдорӣ карданд ва Тӯрабек раиси ҷамоат интихоб шудааст. Ӯ чаҳор сол дар мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандон бо масъулияти том кор кард ва барои ҳаллу фасли масъалаҳои зиёд ҷонбозӣ намуд.

– Вақте ки дар байни 1 ҳазору 20 ҷамоати шаҳрвандони вилоят озмуни «Раиси беҳтарин» ба вуқӯъ пайваст, ман низ дар он ширкат намудам ва ҷойи ифтихории дуюмро ишғол кардам. Ин озмун намоиш дод, ки дар ҷамоати шаҳрвандон корҳо хеле хуб пеш мераванд, – қайд намуд ӯ.

Дар аснои кор муваффақ шудааст, ки барои ҷавонон як майдони варзишӣ сохта шавад. Инчунин бинои нави идораи ҷамоати шаҳрвандон ва бунгоҳи тиббии деҳ қомат афрозад. Дар ин миён иборат аз се утоқ кӯдакистони нав низ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дасти хайру эҳсон – мушкилҳо кунад осон

Тӯрабек Мирзоев ба ҳайси яке аз шахсони саховатпешаи деҳа шинохта шудааст. Вай мактаби таҳсилоти умумии рақами 3-юм ва литсеи академии рақами 2-юмро ба шефӣ гирифтааст. Дар маросимҳои гуногун ҳамеша ба омӯзгорону тарбиячиёни пешқадам туҳфаҳои гаронбаҳо месупорад ва онҳоро рағбатнок месозад. Инчунин ширкати донишомӯзони пешқадами ин масканҳои таълиму тарбияро дар олимпиадаҳои фаннӣ ҳамеша таъмини молӣ менамояд.

– Фарши кӯдакистони деҳаро бо қолин таъмин намудам. Ба тирезаҳои он пардаҳои лозимаро харида додам. Ҳар сол дар иди 8-Март занону духтарони кӯдакистонро бо туҳфаҳои хос сарфароз мегардонам, – мегӯяд қаҳрамони мо.

 Муштарии азиз, корҳои хайру эҳсони ӯ бо ҳамин иктифо нахоҳад ёфт. Аз ҷумла, вай яке аз соҳибкорони ҷавони деҳаи Ровонро, ки бар асари бетаҷрибагӣ рӯ ба муфлисӣ овардааст, ба по хезондааст ва ҳоло ин соҳибкор фаъолияташро муваффақона идома медиҳад. Гузашта аз ин, акои Тӯрабек ба Ф.Т. ном сокини яке аз деҳоти ноҳия, ки барои ба Ҳиндустон рафтан маблағи кофӣ надоштааст, дасти ҳиммат дароз карда, мусоидат намудааст, ки вай як гурдаашро ба духтараш мунтақил намояд. 40 миллион сӯми худро дар ин роҳ эҳсон кардааст. Ба панҷоҳ нафар, ки аз шумори хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд маҳсуб меёбанд, мунтазам кумакҳои молӣ расонидааст.

– Мардуми зиёди деҳаи Қалъаи Поён ба оби ошомиданӣ ниёз доштанд. Аввал аз масофаи чаҳор километр тавассути лӯла ба ҳавлиам об кашидам. Сонӣ тасмим гирифтам, ки аҳли маҳалларо низ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кунам. Ҳоло дар аксари хонаводаҳои деҳаи Қалъаи Поён оби ошомиданӣ фаввора мезанад. Ин кори савоб дар ивази 300 миллион сӯм ба анҷом расид. Мардум дар ҳаққи ману писарҳоям ҳамеша дуо мекунанд, – иброз медорад Тӯрабек Мирзоев.

Аз суҳбат маълум шуд, ки ба далели набудани бистару мебел ду хонаводаи камбизоати деҳа натавонистаанд тӯйҳои арӯсӣ барпо кунанд. Тӯрабек бо ду писари худ ба кумаки онҳо шитофтааст. Баъди хариди 80 метр матоъи навъи бахмали кӯрпаворӣ, ки дар ноҳия бидуни он арӯс ба хонаи домод намеравад ва таъмини мебел ин тӯйҳои арӯсӣ бо хурсандиву шодмонӣ барпо гардидаанд. Инчунин вай ду ҳамдеҳаи худро аз нигоҳи молӣ дастгирӣ кардааст.

Вай солона ҳудуди 50-60 миллион сӯм закоти мол низ медиҳад.

Ғояи обод кардани се гектар замин чӣ тавр пайдо шуд?

– Иҷрои ҳар як нақша, ки марбути ободу обёрӣ кардани замини бекорхобида мебошад, сарф кардани маблағи қобили мулоҳизаро тақозо менамояд. Замине, ки ҳоло ба гулистони ҳақиқӣ табдил дода шуд ва дарахтон рӯ ба нашъунамо овардаанд, натиҷаи меҳнати ҳафтсолаи мо мебошад. Он чанд сол муқаддам аз замини сангу шағалпӯш иборат буд. Ҳар сол сел меомад ва ҳама чизи пеши роҳашро рӯфта мебурд. Аммо ҳоло сели калон ояд ҳам, ягон харобӣ дар пай намегузорад, зеро селроҳаи ду тарафаш бо сангҳои бузург иҳота гирифташуда сохтем ва аз ин таҳдид худрову дигаронро наҷот додем, – мегӯяд акои Тӯрабек.

Тавре ки вай боз тазаккур медиҳад, барои азхуд кардани ин замин, ки беш аз 3 гектарро ташкил медиҳад, тақрибан 2 миллиард сӯм сарф шуд. Ҳоло боз беш аз 1 миллиард сӯми дигар лозим аст, ки бинои меҳмонхона пурра такмил ва муҷаҳҳаз карда шавад, роҳи мошингарди боғ ҳамвору мумфарш гардад.

– Аввал тавассути экскаватору булдозер заминро тахту ҳамвор кардем. Баъд аз гирду атроф бештар аз ҳазор мошин хок оварда рехтем, то ки обёрӣ кардан ва парвариши ниҳолҳо имконпазир гардад. Агар решаи дарахт аз ним метр хоке, ки рӯйи сангу шағал рехтаем, поён фарояд, он дарахт хушк хоҳад шуд. Ин ҳарфи мутахассисон аст, ки ба боғу токпарварӣ машғуланд, – меафзояд ҳамсуҳбати мо.

– Ғояи обод кардани чунин ҷойи партоба чӣ тавр пайдо шуд?

– Болои ҳамин шаху ҷарӣ, ки пеши рӯ мебинед, ҳавлии ману ҳамсояҳои мост. Гоҳ-гоҳ ин манзараро тамошо мекардам ва дар фикри он будам, ки чӣ тавр ба ин кор шурӯъ кунам. Рӯзе ба писаронам гуфтам: агар соҳили чапи рӯдро обод кунем ва ба дарахтзор табдил диҳем, даромади калон хоҳад овард. Одамон рафта бо оби кашида мавзеъро почро обод мекунанд. Мо магар аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонем? Писаронам дар ҷавоб гуфтанд, ки аз пайи кор хоҳанд шуд.

Дарвоқеъ, ин ҷо ҳоло сарсабз гардидаву баъзе дарахтон мева бастаанд. Пеши сафедорҳоро барои корҳои хурду реза истифода метавон кард.

– Падару писарҳо ба кори мушкил даст задем. Аммо азму иродаи қавӣ натиҷа дод ва ҳоло аз тамошои табиати хушу гуворо мову шумо лаззат мебарем. Ҳамту не? – ба ман рӯй овард акои Тӯрабек.

Дар чашмонаш эҳсоси хурсандӣ ва ифтихор медурахшид.

Ба ҷойи охирсухан

Тӯрабек Мирзоев баъди издивоҷ бо Намирадхон соҳиби се духтару ду писар ва 21 набераву 29 абера шудааст. Бештари вақташро дар ин боғ сипарӣ мекунад. Ҳолати ниҳолҳоро аз назар мегузаронад, аз қитъаҳои замин дидан карда, сонӣ ба фарзандону наберагон ҷиҳати парвариши он маслиҳату машварат медиҳад.

– Се аспи зотӣ дорем, ки ҳангоми бузкашӣ човандозҳои худӣ савор мешаванд. Ба наздикӣ як аспамон ба 30 ҳазор доллари амрикоӣ савдо шуд. Барои ширу ҷурғот гови ҷӯшо ва барои таъмини аҳолӣ бо гӯшт чанд сар моли шохдор низ таҳти парвариш қарор гирифтаанд, – мегӯяд Тӯрабек Мирзоев.

Ширу ҷурғоти аз истеъмол зиёдатиро ба ҳақу ҳамсоя медиҳанд. Дар айни ҳол мавсими дарави алаф фаро расидааст. Барои ҳамин як гурӯҳ ҳашарчиҳо машғули алафдаравӣ мебошанд.

 Ногуфта намонад, ки домани хайру эҳсони Тӯрабек Мирзоев хосатан тайи 10 соли охир аз навиштаҳои мо низ фарохтар аст. Тавре ки мегӯянд, «Дасти рост додаро набояд дасти чап донад». Аммо корҳои савоб ва хайру эҳсони як марди саховатпешаро, ки синнаш ба таги ҳаштод дакка хӯрдааст, нагуфтани мо гуноҳ нест магар?

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: