ОРДИ ГАНДУМ ҲАМА ҶО, ПАЗАНДА ҶО-ҶО

Дар Самарқанд анҷумани бошукӯҳи ҷумҳуриявии нонпазон баргузор гардид. Дар он аз тамоми қаламрави Ӯзбекистон вакилони соҳа ширкат варзиданд.

Ҳоло ягон маъракаро бидуни дастурхон ва нону ширинӣ тасаввур кардан мумкин нест. Зеро нон ғизои аввалину беҳтарини инсон аст.

Бино ба маълумоти археологӣ метавон тахмин кард, ки истеъмоли донҳои хӯшадор ҳанӯз 10-15 ҳазор сол муқаддам оғоз ёфтааст.

Дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ усули дар танӯр пухтани нон аз қадим маъмул буда, он бо гузашти айём рушд кардааст ва садҳо навъи вай кашф шудаанд.

Нонҳои пӯлодӣ, осиёӣ, равғанӣ, сиёҳдонадор, фатири пиёздор, чап-чап, кулчаи ширравған ва ғайра дар вилоятҳои Самарқанд, Фарғона, Бухорои шариф, Сурхондарё ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон пухта мешаванд.

– Нонпазӣ барои мо меросист, – гуфт ғолиби озмуни ҷумҳурӣ Орзуқул Зоҳидови самарқандӣ, – рост мегӯянд, ки орди гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо!

Боиси хушнудист, ки ҳоло нони осиёӣ ва пӯлодии Самарқанд дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳангоми баргузории тадбири мазкур нонпазҳо дар 20 танӯр аз бисёр вилоятҳои кишварамон чанд намуди нону фатир пухта, пешкаши меҳмонону мизбонон карданд. Ҳозирон, хоссатан сайёҳони хориҷӣ онҳоро бо иштиҳо тановул намуда, ба маҳорати нонпазҳо баҳои баланд доданд.

Дар озмуни «нонпази куҳансол» шоҳсуфаи ифтихорӣ насиби мӯйсафеди 80-сола аз Сурхондарё Раҳматбобо Зикиров шуд.

– Дар озмуни ҷумҳурӣ беш аз 50 намуди нони шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон ба ҳукми доварон ҳавола гардиданд, – гуфт сардори Садорати идораи сайёҳии вилояти Самарқанд Ҷӯрабек Суюнов, – ҳар як ноҳия бо нонҳои машҳури худ ширкат варзид. Албатта, дар ин ҷараён нонпазҳои маҳаллаи Галаосиёи ноҳияи Самарқанд исбот карданд, ки навъҳои осиёӣ ва пӯлодии эшон чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар дунё ҳусни дасторхон мебошанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: