Ҳамасола дар мамлакати мо миллионҳо нафар донишомӯз ба мактаб мераванд. Агар гӯем, ки дар байни онҳо мактабе ҳасту дар он танҳо барои як нафар хонанда дарс мегузаранд, оё бовар мекунед?
Деҳаи Аспидухтари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё дар канори кӯҳҳо ҷойгир аст. Дар ин деҳаи хурд теъдоди хонаводаҳо хеле кам. Дар филиали мактаби ин ҷо ҳамагӣ 15 нафар таҳсил мегиранд. Дар байни ин 15 нафар як нафар хатмкунандаи синфи 11 – Муслима Тоштемирова ҳам ҳаст. Барои таълиму тарбияи ин донишомӯз ҳар рӯз 3-4 нафар омӯзгор, мутобиқи ҷадвали ҳафтаина ҷамъ 14 нафар педагог 7 километр масофаро тай карда, дарс мегузаранд.
Ин мактаб филиали мактаби рақами 60-уми ноҳияи Китоб аст. Минтақа аз деҳаи Деҳнавиболо дар масофаи 7 километр ҷойгир мебошад. Лекин ин 7 километр роҳи одӣ набуда, тай кардани он мушкилиҳои хоса дорад. Бахусус, пас аз боришоти шадид убури роҳи кӯҳӣ то ҳадде ғайриимкон мешавад.
Мактаб, ки атрофашро кӯҳҳои осмонбӯс иҳота карда, дар қуллаҳои онҳо ҳанӯз барф хобидаасту дар канор арчазори сарсабз доранд, чун як манзараи самимии ҳаёт ба чашм мерасад.
Муслима Тоштемирова донишомӯзи тавоно ва боирода аст. Ҳар рӯз устодони фанҳои гуногун омада, ба вай дарс мегузаранд.
Дар назари аввал муъҷизаро мемонад. Аммо ин фидокорист. Ин садоқат ба касб аст.
Роҳ – рамзи сабр ва муҳаббат. Омӯзгор Саттор Ҳабибов аз сармои зимистон парво накарда, бо сабукрави «Нива»-и худ ба роҳи кӯҳӣ мебарояд. Барои таълим додани шогирдоне чун Муслима.
«Имрӯз 5 соат дарс дорам. Ҳар рӯз бо се-чор нафар ҳамкасбон бо навбат меоем. Барф бошад, як рӯз пеш омада, ин ҷо мехобем. Як хонанда бошад ҳам, он оянда аст».
Ин суханҳо на танҳо ифодаи омӯзгорӣ, балки намунаи бузурги инсонпарварӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Як донишомӯз – сад умед. Муслима духтари далер аст, ки дар чашмонаш умед медурахшад, ба донишандӯзӣ завқ дорад. Ҳар як дарсро бо шавқ интизор мешавад, ҳар як омӯзгор ӯро ба сӯйи орзуҳояш қадам ба қадам наздиктар мебаранд.
– Дар деҳаи мо шифокор нест. Мехоҳам хуб хонда, духтур шавам. Баъд ба деҳа баргашта, орзуям ба мардум кумак расонидан аст, – мегӯяд вай дар бораи мақсади ҳаётии худ аз таҳти дил.
Солҳо, барфҳо, дарсҳо...
11 сол – боре фикр кунед: рӯзҳои боронӣ, шомҳои яхбандӣ, 7 километр роҳи канори кӯҳҳои барфпӯш. Ин мактаб на танҳо ба маскани мутобиқшавӣ, балки ба рамзи муҳаббат табдил ёфтааст.
Сабри бепоён, меҳнати фаровон буд, ки Муслимаро то ин рӯз расонд. 24 май рӯзи хатми мактаб буд.
Муслима мактабро хатм кард. Дар саҳни мактаб танҳо як донишомӯз ва дар атроф садҳо дили пурумед. Устодон, падару модарон, аҳли деҳа вайро табрик мекунанд. Занг садо дод. Ин на танҳо занги хатми мактаб буд, балки оғози саҳифаи нав аст.
– На танҳо ман, балки устодонам ҳам бо ман мактабро хатм мекунанд, – гуфт Муслима бо чашмони шарарбор.
Хулоса, барои як донишомӯз, садҳо дили фидокор. Ин ҳикоя дар бораи садоқат ба дониш, одамгарӣ ва муҳимтар аз ҳама, оид ба як зарра меҳрест, ки дар пай тағйироти куллиро ба бор меорад.
Соли 2016 дар ҷазираи Ҳоккайдои Ҷопон барои як хонанда қатора ба роҳ монда шуд, ки дар саросари ҷаҳон ба манбаи илҳом табдил ёфта буд. Агар дар Ҷопон барои як донишомӯз қатора ҳаракат карда бошад, дар деҳаи кӯҳистони мо барои таълими як нафар донишомӯз чордаҳ нафар муаллимони фидокор роҳҳои кӯҳиро тай кардаанд. Ин ҳам як муъҷиза аст.
Ӯлмас БАРОТОВ, мухбири ӮзА.
Суратгир: Ҷамшед НОРҚОБИЛОВ, ӮзА.